Дурахши ахтарон
Бо дарназардошти раванди суръатзои ҷаҳонишавӣ ва вазъи доим тағйирёбандаи дунё ҷамъияти мо, ба хусус сохтори идоракунии давлатӣ, ба кадрҳои дорои илму донишҳои муосир, диди наву ҷаҳонбинии тоза ва афкору таҷрибаи пешқадам ниёз дорад. Имрӯзҳо баъзе ҷавонони дар ҷодаҳои гуногун муваффақро вомехӯрем, ки аз ҷиҳати донишу малакаи касбӣ ва тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта аз дигар ҳамсолони хеш фарқ мекунанд. Шеваи рӯзгори ҷавононе, мисли Дилафрӯзи Абдулло, ки фаротар аз чаҳорчӯбаи урфу анъанаҳои қолабист, гувоҳи ҳол аст, ки бо мурури замон дар Тоҷикистон ҳам меъёрҳои иҷтимоӣ дигар мешаванд. Ин насли давронсоз бо дарки ин нукта, ки барои ислоҳи ҷомеа нафаре бояд намунаи ибрат бошад, пайваста дар ҷаҳду талошанд.
Ҳанӯз ду – се сол дошт, ки бо сабоҳату озодагӣ забони ширину заковату салиқаи беназири шеърдониаш маҳбуби дилҳо гашта буд. Бо лаҳни ширину сухандониҳои дилнишинаш ҳатто калонсолонро ба суҳбати хеш ҷазб мекард. Яке аз ҳамсоягон ёдовар мешавад, ки фарзанди лолашон маҳз аз дугонабозию ҳамнишинӣ бо Дилафрӯз ҳарф заданро омӯхта буд, ки барои ин як умр аз ӯ миннатдоранд. Бо мурури зоҳир шудани аксҳои ӯ дар гӯшаҳои девории дурахшандагони МТМУ №6 шаҳри Қӯрғонтеппа ва фаъолияти назаррасаш дар корҳои ҷамъиятии мактабу донишгоҳ, пеши назари модар гуфтаҳои гузаштагони маҳалла меомад, ки ояндаи дурахшони духтари хушсалиқаи ӯро пешгӯӣ мекарданд.
Аз лӯхтакбозӣ то касбомӯзӣ
Ӯ дар шаҳри бостонии Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳанӯз се сол дошт, ки хонаводаи онҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппа кӯчид. Лӯхтакбозиро сахт дӯст медошту маҳорати либосдӯзиро ҳам аз барои онҳо омӯхта буд. Дар расмкашию бозичасозӣ дасти чира дошт. Овони мактабхонӣ, фориғ аз дарсҳо, дар мактаби санъати шаҳри Қӯрғонтеппа дарси фортепиано меомӯхт. Устодони риштаи мусиқӣ дар ӯ ҳунару истеъдодҳои гуногунро кашф намуданд, вале хати тақдир ӯро ба роҳи дигар бурд.
–Заҳмату талошҳои модарамро пайи пешбурди рӯзгору тарбия мо, кӯдаконаш, дида, фикр мекардам, ки бояд мисли ӯ аз уҳдаи ҳама корҳо бароям,– ба хотир меорад он рӯзҳоро Дилафрӯз. – Ҳар гоҳе модарро хаставу рӯҳафтода дида, мепурсидам: «Очаҷон, чӣ гуна шуморо хурсанд созам?». Ӯ табассуми ширине карда мегуфт: «Бо баҳои аъло бихон».
Ҳамин тавр ҳам шуд, Дилафрӯз мактабро бо баҳои аъло ва Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро бо дипломи сурх хатм кард. Овони донишҷӯйӣ ба кору ҳунарҳои гуногун шуғл меварзид, то дар таъмини рӯзгори оила дастгири модар бошад.
Меҳвари зиндагӣ
«Саъю талошҳои духтарам ба ман неруи тозаву фикрҳои нав мебахшид, то баҳри беҳбудии сатҳи зиндагиамон роҳҳои дигарро пайдо бинамоям»,- нақл мекунад модари ӯ Намоён Мирова.
– Вақти таҳсил дар гурӯҳи касбомӯзии Маркази таълими калонсолони шаҳри Қӯрғонтеппа духтарам устоду ман ҳунаромӯз будам. Дар ибтидои машғулиятҳо баъзе бонувон шубҳаомез мегуфтанд, ки аз ин духтари ҷавон чӣ метавон омӯхт? Аммо баъдан, дар рафти машғулиятҳо ба донишу малакаи ӯ итминони комил ҳосил намуданд. Дилафрӯз ҷавон ҳам бошад, бо андешаҳои ҷолибаш дар ҳалли масъалаҳои рӯзгор ба ман кумаки зиёд мерасонад. Сукуту бекориро қабул надорад, дар ҳалли мушкилиҳо ва банақшагирии масоили хонаводагӣ нақши меҳварӣ мебозад, - иқрор меояд модари ӯ.
Дар сиёсат
Овони дар бахши дувуми донишгоҳ таҳсил намуданаш, вохӯриҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ сабаб гардиду Дилафрӯз узвияти ҲХДТ-ро пазируфт. Дуруст дар хотир надорад, ки аз кай шавқу рағбат ба сиёсат дар қалбаш маъво гирифтааст, ки орзуи сиёсатмадорӣ ӯро ба идораи ҳизб овард. Пешравию маҳорати ташкилотчигиашро дар сафи ихтиёриён дида, ӯро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ҳизб таъйин карданд. Ба ин хотир, тариқи гузариш таҳсилро дар шуъбаи ғоибона идома дод.
Таҷрибаи то кунун бардоштааш дар самти суҳбату вохӯриҳои оммавӣ бо аҳолӣ, ба кор омад, ки ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон дар ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба узвияти ҳизб ба натиҷаҳои баланд ноил гардид. Баъдан бо кори содиқонааш дар вазифаи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти идораи мазкур собит сохт, ки насли зодаи Истиқлол дар арсаи сиёсат низ гомҳои устувор мегузоранд.
Баъди ба шуъбаҳои алоҳида ҷудо шудани самтҳои кор бо занону ҷавонон ӯро мудири шуъбаи занони ҳизб таъйин намуданд. Акнун дар баробари ҷалби занону духтарон ба сиёсати давлатӣ, инчунин бартараф намудани мушкилоти рӯзмарра, тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳолӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти шуъба маҳсуб меёбад. Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки мардум ташнаи суҳбату вохӯриҳо бо мансабдорону фаъолони ҷомеаанд. Суолҳои сокинон атрофи масоили гуногуни ҷомеа гувоҳи таваҷҷуҳи мардум ба ҳалли мушкилоти иҷтимоист.
– Ҷавонони асри 21 ҳаёту фаъолияти худро вобаста ба шароиту тақозои замон тарҳрезӣ менамоянд. Дар шароити кунунӣ ҷавононро мебояд, ки илму касбомӯзиро дар мадди аввал гузошта, бо касби шуғлу ҳунарҳои ҷавобгӯи замон барои худ шароити мусоиди иҷтимоӣ фароҳам биорему баъдан оила барпо намоем. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму анъанаҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд баҳри беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва ба таълиму тарбияи мо, насли хуштолеъ, зодагони даврони Истиқлолият, нигаронда шудаанд, ки масъулияти ҳифзу пешрафти ояндаи Ватанро ба зимма дорем, –иброз дошт дар хотимаи суҳбат Дилафрӯзи Абдулло.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН