Ҷашни Истиқлол барои мо, мисли ҳар миллати озодаи ҷаҳон, боарзиштарин ҷашн аст. Зеро Истиқлол аст, ки зиндагӣ рангу бӯ мегирад ва ҳаёт маъно пайдо мекунад. Истиқлол аст, ки миллатрову кишварро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоем. Истиқлол аст, ки миллати мо бо азму иродаи худ Роҳбари арзандаи давлату миллатро интихоб намуда, ояндаи худу фарзандонашро ба дасти ӯ супурдааст. Истиқлол аст, ки мо имкон ёфтаем, масири зиндагии худро худ муайян созем ва равобити хориҷии худро бар асоси манофеи миллии худ танзим намоем. Истиқлол аст, ки тавонистем, як кишвари зебову пешрафтаро аз худ барои фарзандон ба мерос гузорем… Хулоса, Истиқлол буду набуди як миллат аст, миллате, ки барои ояндаи худ тарҳу барномаи мушаххас дораду барои расидан ба онҳо талош меварзад.
Ин аст, ки Истиқлолро бисёре аз ҷомеашиносон як ҷашни муқаддас номидаанд ва таҷлили онро як навъ шукргузорӣ хондаанд. Воқеан, таҷлили ин рӯз ба он хотир аст, ки мо як бори дигар арзиши ин неъмати бузургро ба ёд орем, роҳи тайнамудаи худро дар даврони Истиқлол ба дидаи нақду санҷиш бингарем ва барои ояндаи беҳтари худу фарзандонамон барномарезӣ кунем. Ин ҷашн ба он хотир аст, ки як бори дигар рӯҳи истиқлолхоҳӣ дар афкор ва шуури ҷомеа, махсусан ҷавонон ба таҳрик биёяд, то бо ифтихор ва масъулиятшиносии бештар ба худ ва ба дунё назар андозанд ва қадри Истиқлол ва суботу оромиши кишварро бидонанд.
Азбаски имсол дар Соли ҷавонон қарор дорем, мехостам дар ҳошияи ин ҷашни миллӣ сухане чанд ба ҷавонони азиз бигӯям. Зеро, ин насл акнун на т???анҳо насли Истиқлол, балки ҳамзоди Истиқлол асту ояндаи ин кишвари мустақил ҳам аз они ӯст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд ва онҳоро мавриди ҳимоят қарор медиҳанд. Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумат бо мақсади таҳкими мақоми ҷавонон дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардондани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд.
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, Квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст.
Ташаббуси навбатии ин марди наҷиб ва ин роҳбару роҳнамои миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 фурсати тиллоиест барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, талоши содиқона ва хастагинопазири қишри ҷавон барои худсозӣ ва баланд бардоштани савияи донишу касб, рӯҳбаландии онҳо барои иштироки фаъол дар созандагиҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, пешбурди ҳадафҳои волои роҳбарияти олии мамлакат дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин, пешгирӣ намудани шиддати ифротгароиву рафторҳои номатлуб ва ҳавасмандии онҳо барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида.
Аз тарафи дигар, дар шароити имрӯза, ки, мутаассифона, гурӯҳҳои зиёди ифротгаро дар саросари олам ба «шикор»-и афкор ва андешаи ҷавонон даст задаанд, ҷавонони азизи кишвари моро зарур аст, ки дар посух ба ин ҳама меҳрубонию таваҷҷуҳи Пешвои миллат, бо шукронаи сулҳу оромӣ, дар партави Истиқлолият илму дониш аз худ кунанд, дӯстро аз душман фарқ карда тавонанду фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
Ҷавонони имрӯза насли хушбахтанд, ки дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Зеро, соҳиби давлати мустақили худ будан ва аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баромад намудан, шарафест, ки ба ҷавонони наслҳои гузашта насиб нагардида буд. Ин шараф аз баракати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба ҷавонон насиби ин насл гардидааст.
Вақте ба ҳузур ва фаъолияти ҷавонон дар арсаҳои гуногун менигарем, бори дигар ба дурандешӣ ва хирадмандии Пешвои миллат таслим мешавем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама истеъдоди нуҳуфтаи ҷавонони миллатро кашф карда, инак, ба онҳо имкон додаанд, то худро дар майдонҳои гуногуни сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра нишон дода, таҷриба гирифта, обутоб ёфта, бо дили пур ва иродаи устувор барои сохтани Тоҷикистони босубот ва пешрафтатар аз имрӯз хизмат намоянд.
Шоҳона