Ин комёбии ҷавонзани суғдӣ ҳаргиз тасодуфӣ нест. Чандин сол аст, ки ному ашъори Фарзонаи Зарафшонӣ дар доираҳои адабии вилояти Суғд маълуму маъруф аст ва тирамоҳи соли гузашта дар курс-конференсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ нахусткитоби ашъораш «Як пора хуршед» баҳои баланди адибони шинохтаи кишварро сазовор ва ба чоп тавсия ҳам гардид, ки анқариб ба дасти хонанда хоҳад расид.
Аслан Фарзона рӯзноманигор шуданӣ набуд, ҳарчанд адабиёт аз фанҳои дӯстдоштааш ба ҳисоб мерафт. Ӯ, ки 19 сентябри соли 1990 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст, соли 1997 ба мактаби деҳа рафта, соли 2005 таҳсилашро дар МТМУ № 14 шаҳри Гулистон идома бахшидааст. Пас аз хатми мактаби мазкур соли 2007 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ихтисоси «Молия ва қарз» супурда, онро бо дипломи аъло ба итмом расонд.
Аммо меҳри сухангустарӣ ӯро тарк намекард. Нахустин шеъру мақолаҳояш писанди хонандагон мегардиданд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устоди сухан, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ ба истеъдоди ӯ гузар кард. Тавре устод Фарзона дар пешгуфтори китоби нахустини ӯ нигоштааст: «Навиштаҳои Фарзона ҳанӯз мусаввадаанд. Аммо дар ҳамин мусаввадаи нахустин ҳам, чун дар оинаи беғубор симои маъсуми духтари мубаррое тулӯъ мекунад. Духтаре, ки бо одаму олам сухани гуфтанӣ, дили бахшиданӣ ва меҳри варзиданӣ дорад. Духтаре, ки ҳанӯз дар ҷаҳони фарохнои ҳунар раҳҷӯӣ мекунад, на раҳпӯӣ. Аммо ҳамин раҳ ҷустанаш ҳам зебост. Бештарин инсонҳои деринсол ҷаҳонро бо ду ранг мебинанд: сафеду сиёҳ. Фарзонаи тозаҷавони мо ин олами ёқутиву нилуфариву гавҳариву лоҷвардиро бо ҳазор ранг мебинад. Ва ин зебоиву ҷавонӣ аст, ки Фарзона сухан гӯяд:
Биё сӯзи маро сӯи фалак бар,
Ки нуҳ гардун туро боз аст, эй ишқ.
Паёми ту, паёми хуррами ту,
Бурун аз ҳарфу овоз аст, эй ишқ!
Бигзор ҳарфу ҳиҷои мусаффои Фарзонаи мо ҳам раҳ ба раҳ ба қавли устод Муъмин Қаноат «вазну тамкини замин» ёбад, лаҳза ба лаҳза неруманду тавоно гардад ва муждаҳои хуррами дили навпардозаш дилҳои дигарро саодат бахшад».
Ӯ мегӯяд, ки шеър гуфтан барояш ин танҳо ба ҷо овардани амри илҳоми дилаш аст ва даъвои ҷиддии шоир буданро надорад ва шеърҳои то имрӯз гуфтаашро шеър намеҳисобад. Мехоҳад ашъори мондагоре бо сабку услуби хос эҷод намояд, ки адабиёти имрӯзу оянда истиқболаш кунанд. Дар ин ҷода хеле ҷиддӣ мехоҳад гом бардорад ва шеъру асарҳои бузургонро дар худ ҳазм кунад, то таҷрибаи нав ҳосил намояд.
Барои дарки амиқи нозукиҳои сухан ва сухангустарӣ бо раҳнамоӣ ва тавсияи устоди равоншод Абдулманнони Насриддин ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, онро соли 2015 бомуваффақият хатм намуд.
Фарзона фаъолияташро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ аз соли 2011 шурӯъ намуда, дар маҷаллаи «Ноҳид», рӯзномаи «Шарқи озод» кор кардааст. Аз соли 2013 инҷониб корманди маҷаллаи «Паёми Суғд» (моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии МИҲД-и вилояти Суғд) мебошад. Мақолаҳои илмию адабӣ ва публитсистиаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои дигари даврии Тоҷикистон ба нашр расидаанду мерасанд.
Фарзонаи Зарафшонӣ аз Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, рӯзномаи «Гулистони дониш» – ро таъсис додааст. Рӯзномаи навтаъсис асосан барои мактабиён буда, муҳтавояш ошноии ҳарчи бештари насли наврас ба илму техника ва фанҳои дақиқ мебошад…
Ӯ чун як кадбону таомҳои гуногуни миллӣ, шириниҳо ва хӯришҳо тайёр мекунад ва мегӯяд, ки пешаи пазандагиро дӯст медорад. Рассомиро низ меписандад ва бештар ҳамроҳи писарчааш Мавлавӣ ба тасвири манзараҳои дилрабои Тоҷикистони биҳиштосо мепардозад. Шоири писандидааш Мавлоно Ҷалолиддини Балхист. Вақте ки 30 сентябри соли 2013 дар рӯзи Мавлоно писараш таваллуд шуд, пешниҳоди устодон Ҷӯрабек Муродов ва Озарахшро дар бораи Мавлавӣ ном ниҳодани ӯ бо хушнудӣ пазируфт.
Дар зиндагӣ ва тарбияи фарзандон волидайни худро идеал меҳисобад ва таҷрибаи эшонро истифода мебарад. Волидайни Фарзона – Бобозода Мирҷумъа Ҳомидӣ ва Бузурукова Гуландом Шарофиддиновна омӯзгорони фанни забони русӣ мебошанд. Айни ҳол падараш мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон аст. Онҳо чор фарзандро дар чор равия тарбия намудаанд: иқтисоддон, рӯзноманигор, омӯзгор ва маъданшинос.
Қиссаи хонадоршавии Фарзонаи Зарафшонӣ хеле аҷиб аст. Бо муаллим, оҳангсоз ва муҳаққиқи ҳунари овозхонии тоҷик Сорбон, дар хонаи Фарзонаю Озарахш, дар сури арӯсии духтарашон Шоҳона, ки дугонаи ҷонияш мебошад, шинос шудаанд. Ӯ ба дугонааш гуфт: «Акнун ту меравию ман танҳо мемонам». Ҳамин дам, ҷавоне, ки шогирди Озарахш будаасту дар корҳои омодагӣ ба сури арӯсӣ хидмат мекард, ин суҳбати дугонаҳоро шунида, ба қавле гап партофт: «Парво накун, ман ҳастам-ку, танҳоят намемонам.» Духтарро ин густохии ҷавон хуш наомад ва ба овози баланд аз Шоҳона пурсид: «Ин бача кист?» Шоҳона Сорбонро муаррифӣ кард: «Сорбон – донишҷӯи аълохони факултаи санъати донишгоҳ, ба чандин ашъори падару модарам ва шоирони дигар оҳангҳои марғуб бастааст.» Ҳамин тавр шиносоияшон оғоз ёфт, аммо Фарзона онро ҷиддӣ ҳисоб намекард, аз мулоқот бо ӯ дурӣ меҷуст, зеро волидон мехостанд ӯро ба як хешашон хонадор кунанд. Аммо ишқи ӯ Сорбонро дигар Маҷнун карда буд. Оқибат рӯзе ба ҳуҷраи кории падари Фарзона, ба шаҳри Гулистон омад ва, азбаски падар надошту модараш дар деҳаи дурдасти Урметани ноҳияи Айнӣ зиндагӣ мекард, худаш… хостгорӣ кард маҳбубаашро!
Шаб, вақте ки ҳама сари хони хонаводагӣ ҷамъ шуданд, падараш бо чеҳраи хандон лаб ба сухан кушод: «Имрӯз бо домоди навамон шинос шудам, худаш омада, Фарзонаро хостгорӣ кард, ҷавони багурдае будааст, аммо ман ҳеҷ ҷавобаш надодам.» Модар ҳам хандон гуфт: «Монанди Шумо будааст, охир маро ҳам аз модарам ва акоям худатон хостгорӣ карда будед.» Бо ҳамин муддате ин масъала аз ёдҳо рафт, вале Сорбонро ишқ ором намегузошт. Чандин касон, аз ҷумла Озарахшу Фарзонаро восита кард ва ниҳоят онҳо 12 декабри соли 2012 ба мурод расиданд.
-Шукри даврони Истиқлолият, ки мо, ҷавонони эҷодкор, ба туфайли ғамхориҳои ҳамарӯзаи Пешвои муаззам, Сарвари беназири миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама шароити мусоид бархӯрдорем ва ба хидмати давлати дилписанду миллати арҷманд камар бастаем, - мегӯянд ҳамсарони хушбахти эҷодкор ва Фарзона шеъри нави худро бо номи «Тоҷикистон» замзама мекунад:
Тоҷикистони ҷавон чун ман ҷавонӣ мекунад,
Гул ба бар ҳар фасли зебо гулфишонӣ мекунад.
Офтобиву мубарро, атрафшон кишварам,
Ин дили ман аз дили ӯ шеърхонӣ мекунад.
Ҷӯра ЮСУФӢ