Дар кишвари маҳбуби мо ҳамасола 23 май Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.
Ба муносибати соли 2017 «Соли ҷавон» эълон гардидан, метавон ин солро на танҳо моҳи май, балки солро Рӯзи ҷавонон ва таҷлили 25-умин солгарди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва 20-умин солгарди фаъолияти низоми устувори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон номид. Аз ин рӯ, имсол бисёр тадбирҳои судманд ба нақша гирифта шудаанд, ки водорамон месозад, ки мо, ҷавонон, дастҷамъона барои ободиву созандагии кишвар дар ҳама соҳот софдилона хизмат кунем. Зеро қисми асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин раванд, Сарвари давлат дар яке аз мулоқотҳояшон иброз намуданд, ки: «Истеъдод, ба назари ман, мисли чашмаест, ки агар пеши роҳи онро накшоем, дер ё зуд хушк мегардад». Бо зикри ин нукта Сарвари давлат таваҷҷуҳи масъулонро ҷиҳати дастгирии пайвастаи лаёқатҳо ва эҷодкориҳои ҷавонон ҷалб намуд, насли ҷавонро ҳушдор намуд, ки дар роҳи бунёд ва эҳёи кишвари тамаддунофари хеш камари ҳиммат банданд. Хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат тамоми шароитҳо барои насли ҷавони ояндасозу ватанпараст баҳри зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё шудаанд. Аз ҷумла, таъсиси идрорпулии Президент барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, квотаи Президент барои таҳсили духтарону писарони ноҳияҳои дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии хориҷи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти ҷумҳурӣ, ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва ба ин монанд номгӯи подошу имтиёзҳоро аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри фаъоли ҷомеа метавон номбар кард. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суҳбаташ гуфт: «Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва неруи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд».
Шумо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзанда мегузоред.
Эмомалӣ РАҲМОН
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки бонувони тоҷик дар ҳама соҳаҳои муҳими ҷомеа пешсаф буда, рӯз аз рӯз сафашон зиёд гардида истодааст. Дар соҳаи илму техника, варзишу фарҳанг ва ҳама соҳот бонувони муваффақе фаъолият мекунанд, ки берун аз кишвар низ номи Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Бино ба маълумоти оморӣ, то замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард.
Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст, ки сафи бонувони доништалабу касбҷӯ сол ба сол зиёд шудан дорад.
Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони мо ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат тамоми саъю талошашонро баҳри донишомӯзиву интихоби касб ва ҳунарҳои муосир ба харҷ дода, баҳри пешрафти ҷомеа ҷиддан талош доранд.
Заррина Ҷамшедова, ки баъди таҳсил дар Ҳиндустон ба кишвар баргашт, чунин назар дорад: «Хушбахтона, ҳамасола қисми зиёди ҷавонони мо ба мамолики хориҷ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таҳсили илм фиристода мешаванд ва дар Рӯзи ҷавонон ба беҳтаринҳо туҳфаҳо тақдим мекунанд. Ман низ аз зумраи бонувоне ҳастам, ки дар Ҳиндустон муддате таҳсил кардам ва баъди бозгашт, ки забони англисиро медонистам, дар шабакаи «Ҷаҳоннамо» фаъолиятамро оғоз намудам. Ин ҳама ғамхориҳоро танҳо метавон бо ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ҷавоб гуфт. Рӯзи ҷавононро ба кулли ҷавонони кишвар табрик гуфта, аз ҳамаашон хоҳиш мекунам, ки бо тамоми неру барои пешрафти кишвари азизамон талош варзанд».
Чанд соли охир на танҳо ҷавонон барои таҳсили илм ба хориҷи кишвар мераванд, балки барои омӯзиши риштаҳои гуногуни варзиш низ сафарбар мешаванд, аз ҷумла ба ин гурӯҳ бонувон низ шомиланд. Моҳру Ҳалимова аз зумраи ҷавононест, ки дар риштаи таэквон-до дар Корея тамрину таҳсил мекунад. Имрӯз ин намуди размӣ яке аз риштаҳои машҳури варзиш ба ҳисоб рафта, намояндагони зиёда аз 100 мамлакати дунё бо он машғуланд. Таэквон-дои ВТФ, ки Моҳрӯ ба он гировиш дорад, намуди олимпист. Дар Тоҷикистон низ имрӯз зиёда аз 1500 варзишгар дар ин ришта тамрин мекунад, ки зиёда аз 1000 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон баҳри боз ҳам баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар ин фурсату фосила вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонони Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидаанд, ки ин ҳама барои рушди фаъолияти ҷавонон шароит фароҳам меоранд. Дарвоқеъ, рушди тамоми соҳоти муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ба ҷавонони бо фарҳангу баор вобастагӣ доранд. Ба қавли устод Лоиқ:
Ту ҷавонӣ ҷавониат зебост,
Айни сабзидану шукуфтанҳост.
Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст.
Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст.
БУЗУРГМЕҲР