Бахусус, дар соле, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудааст ва духтарон як қишри зебо ва тавонои насли нави миллат мебошанд, таваҷҷуҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба онон амали савоб ва самарбор барои ояндаи ҷамъият ва давлат хоҳад буд. Дар вилояти Суғд духтарон 437 ҳазору 10 нафар мебошанд, ки 24 ҳазору 85 нафарашон донишҷӯ ҳастанд ва 61 нафар тибқи Квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои вилоят таҳсили илму касб мекунанд.
Соли ҷавонон эълон шудани соли равон боиси ибтикору ташаббусҳои нав аз ҷониби дастандаркорони риштаҳои кор бо занону оила ва ҷавонон дар вилояти Суғд гардид. Эҳёи шӯрои духтарон дар назди раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки аз раис, муовинон, котиб ва 35 аъзо ба намояндагӣ аз ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят иборат мебошад, яке аз чунин иқдомоти нек аст. Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти шӯрои духтарон аз ҳисоби ҷавондухтарони фаъол, лаёқатманд, олимаҳои ҷавон, гирандагони стипендияи президентӣ ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳикоят Абдуҷалилова раиси шӯрои духтарони вилояти Суғд интихоб гардид.
Воқеан, ӯ яке аз фаъолтарин ҷавонзанони вилоят буда, соли 2004 факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси филологияи романӣ-германӣ, омӯзгори забони англисӣ хатм кардааст. Моҳи июни соли 2013 ба факултаи иқтисодии ҳамин донишгоҳ шомил гашт ва соли 2015 маълумоти дуюми олиро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит гирифт. Соли 2014 сазовори сипосномаи раиси вилояти Суғд гардид. Аз соли 2004 дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар кафедраи забонҳои хориҷӣ омӯзгор аст. Аз соли 2016 мудири кафедраи забони англисӣ мебошад. Оиладор, шавҳараш Эҷод Абдуҷалилов ҳуқуқшинос аст.
Ҳикоят Абдуҷалилова зимни суҳбат гуфт: „Аз 4 то 9-уми феврали соли 2017 ба муносибати соли ҷавонон дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони „20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ таҳти унвони „Пайғоми Суғд“ бо иқдом ва дастгирии бевоситаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ маҳфили маърифативу фарҳангӣ баргузор гардид. Дар маҳфил 250 нафар ҷавони фаъоли вилоят, аз ҷумла 75 нафар ҷавондухтарон, ки дар байни онҳо раисони шӯрои духтарони шаҳру ноҳияҳо, аъзои шӯрои духтарони вилоят ҳам иштирок доштанд. Ҳадафи аслии он ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар буд ва тавре муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар ҷамъбаст изҳор дошт, натиҷаҳои матлуб ҳам дод. Дар нахустин ҷаласа нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017 таҳия ва тасдиқ шуд. Тибқи нақша дар моҳҳои февралу март муштаракан бо раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳо ва коллеҷҳо дар ҳамаи донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯриву суҳбатҳо бо духтарон барои таъмини иштирокашон дар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд.
–Озмун-мусобиқа байни ҷавондухтарон бахшида ба ҷашни Наврӯз - „Арӯси наврӯзӣ“ ва „Кадбонуи беҳтарин“ натиҷаҳои хуб дод. Аксар иштирокчиёни барномаи „Корвони Наврӯз“ -и имсолаи Суғд гулдухтарон буданд, ки баҳои баланди Пешвои миллатро сазовор гардиданд. Дар моҳи май баргузории озмун байни ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони „Гулдухтарони суғдӣ“ бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи оила ба нақша гирифта шудааст. Фестивал-озмуни вилоятии „Гулдухтарони суғдӣ“бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, тарзи муошират дар оиладорӣ, муносибати хуби байниҳамдигарӣ, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, одоби рӯзгордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ гузаронда мешавад. Фестивал-озмун дар ду давр аз рӯи 5 шарт сурат гирифта, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар сатҳи вилоят баргузор мегардад. Дар фестивал бонувони аз 16 то 30 сола метавонанд иштирок намоянд, –гуфт муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муяссара Мавлонова. –Дар ташкилу гузарондани озмун мо асосан ба шӯроҳои духтарон такя хоҳем кард ва бовар дорем, ки фаъолдухтарони мо онро дар сатҳи баланд баргузор хоҳанд кард. Ногуфта намонад, ки барои иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 „Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа“ ва бо мақсади идомаи дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор дар соли равон 45 гранти раиси вилояти Суғд таъсис дода шудааст. Миқдори грантҳо назар ба соли гузашта 10 адад зиёд шудааст. Тибқи ин қарор 45 гранти раиси вилоят, аз ҷумла 10 грант ҳар яке 10 000 сомонӣ, 10 грант ҳар яке 8 000 сомонӣ ва 25 грант ҳар яке 5 000 сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор муайян карда шуд. Занони соҳибкор ва ҳунарманде, ки хоҳиши дарёфти гранти раиси вилоятро доранд, ба шуъба ва раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо муроҷиат мекунанд. Бовар дорем, ки шӯроҳои духтарон дар кори интихоби соҳибгрантҳо бетараф намемонанд.
Муҳим аст, ки шӯрои духтарони вилоят бо раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ робитаи қавӣ дорад ва аксар чорабиниҳоро муштаракан мегузаронанд. Мудири бахши кор бо ҷавонони ин раёсат Мадина Ҳомидова аз ҳамкорӣ қаноатманд аст. Ба қавли ӯ: „Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба соли ҷавонон нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ кардааст, ки аз 85 банд иборат аст. Гузарондани аксар чорабиниҳо ба уҳдаи раёсати кор бо занон ва оила, шӯрои духтарон ва раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гузошта шудаанд. Бинобар ин мо муштаракан корҳои худро ҳамоҳанг мекунем. Ростӣ, баъди нав шудани ҳайати роҳбарии шӯрои духтарон кор ранги дигар гирифта, ҳамкориҳои мо густурдатар гардиданд.
Мафтуна Ҳодибоева донишҷӯйи соли дувуми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров буда, ду сол боз бо раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и Суғд ҳамкории ҷиддӣ дорад. Дар ҷаласаи моҳи феврал ӯро ба узвияти шӯрои духтарони вилоят пазируфтанд, ки масъулияти ӯ дучанд шуд.
–Иштирок дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, илмӣ боиси сайқал ёфтани маҳорату малакаи ман ҳамчун рӯзноманигори оянда мегардад. Аз ҷумла, соли гузашта дар рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар Бадахшон иштирок кардам ва бо ҳаёту рӯзгори ин гӯшаи биҳиштии кишвари азизамон аз наздик шинос шудам. Дар чорабиниҳои фарҳангие, ки аз ҷониби шӯрои духтарон ва раёсати ҷавонон гузаронда мешаванд, ба ҳайси ровӣ иштирок мекунам. Ифтихормандам, ки дар назди Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чаҳор маротиба суханронӣ кардаам, –мегӯяд ӯ.
„Нақшаи минбаъдаи шӯрои духтарон аз чӣ иборат аст?“ – пурсидем аз Ҳикоят Абдуҷалилова.
–Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои марбута дар соли ҷавонон ташкил ва баргузории озмун байни ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони „Гулдухтарони суғдӣ“, гузарондани мизи мудаввар оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“, ташкили маҳфили „Муборизон“ оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, худкушӣ ва ҷинояткорӣ байни ҷавондухтарон, баргузории семинари омӯзишии „Лидер мешавам“ бо иштироки ҷавондухтарони фаъоли донишгоҳҳо, гузарондани рейдҳои муштарак оид ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар донишгоҳҳо, мактабҳои миёнаи махсус, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят, баргузор намудани ҷаласаи васеъ бо иштироки ҷавонон оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“ (доир ба мавзӯъҳои ҷинояткорӣ, худкушӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ), ташкили вохӯриҳо бо шифокорон оид ба танзими оила ва пешгирии касалиҳои ВИЧ-ВНМО байни ҷавондухтарон ва ғайраҳоро ба нақша гирифтаем, – посух дод вай.
Шаҳноза Ҳомидова, хабарнигори рӯзномаи вилоятии „Ҳақиқати Суғд“, ки борҳо фаъолияти шӯрои духтаронро инъикос кардааст, ба ояндаи он хушбин аст ва бовар дорад, ки фаъолияти он дурдасттарин деҳоти вилоятро ҳам дар бар хоҳад гирифт. Шаҳноза мегӯяд:
–Басо фараҳбахш аст, ки кори шӯрои духтарон на ф???? ақат дар шаҳрҳо, балки дар ноҳияҳо, дар деҳот ҳам рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва итминон дорам, ки шӯроҳои духтарон ба мушкилоти духтарони деҳот, хусусан, дар масъалаи ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, ки солҳои охир ба мушкили рақами як табдил ёфтааст, мусоидат мекунанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ