04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТУ ЗЕБОИЮ МАН ЗЕБОПАРАСТАМ

Ӯ кист?

Мутриба Тӯйчизода, дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Ашт, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд хатм намудааст. Аммо фаъолиятро дар ин самт идома надод. Зеро Мутриба ҳангоми донишҷӯӣ курсҳои кӯтоҳмуддати ороишиву машшотагиро низ омӯхта буд. Ва ин амал ба ӯ писанд уфтоду ин ҳунарро пеша кард. Ва ниҳоят толоре барои ороиши бонувон дар деҳаашон боз намуд. Таи ин муддат шогирдони бешуморе тарбия намуда, бонувони зиёдеро соҳиби ҷои кор кард. Мутриба барои дастёфтҳои бештар, танҳо ба омӯхтаҳои айёми донишҷӯияш қаноат накарда, баҳри таҷрибаи баландтар ба якчанд кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Ӯзбекистону Қазоқистон, Покистон, Русия, Арманистону Гурҷистон ва Туркия сафар намуда, таҷрибаи худро сайқал бахшид.

БИСЁР САФАР БОЯД…

Агар бархе афрод ба кишварҳои хориҷа сайру саёҳат раванд, Мутриба барои омӯзиш ва таҷриба сафар мекард. Ва дар ҳар сафараш кашфиётҳои тозае барои худ пайдо менамуд. Ба гуфтаи худи ӯ: „Ҳар як сафар ба инсон имкониятҳои нав­ро боз намуда, боиси рушди маҳорати касбияш мегардад. Ба чанд кишваре, ки сафар намудам, ҳама вақт симои бонуи тоҷик пеши назарам буд. Ва мудом ин фикр дар зеҳнам мечархид, ки бонувони тоҷик аз ягон зани хориҷӣ фарқ надоранд. Ба назари ман, танҳо тафовути бонувони мо дар он аст, ки ташвишҳои иҷтимоии рӯзгор ва ё хусусияти миллӣ онҳоро пойбанд кардаанд.

БО АЗМИ ҚАВӢ

Пас аз дидори кишварҳои мутараққӣ талошу кӯшиши Мутриба дучанд гардиданд. Мавсуф дар ҳамкорӣ бо шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва филиали Муассисаи давлатии „Маркази таълими калонсолон“ -и ноҳияи Ашт курси махсуси ороишгарию машшотагиро барои духтарони оилаҳои камбизоат дар Ҷамоати деҳоти Ориён боз намуд. Ин курсро чанде аз духтарон хатм намуда, аллакай соҳиби ҷойи кор шуданд. Чунин курсҳои омӯзиширо дар деҳот Мутриба мехоҳад боз идома диҳад, то дар баробари пешаи ороишгарӣ, ҳунарҳои дигар, аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, маҳорати кадбонуӣ ва ғайра дар байни бонувон такмил ёбанд. Зеро барои ҳар як духтар ва зан, ки оянда модар мешаванд, доштани касбу ҳунар хеле зарур мебошад.

Имрӯз дар рушди соҳибкории хурд миёни бонувони деҳот Мутриба саҳми муассир дорад. Зеро тарзи омӯзишу дарсҳои ороишгарии ӯ барои бонувон вижагии хешро дорад. Яъне содаву дастрас ва мувофиқ ба шароити иҷтимоии бонувон. Ба гуфтаи Мутриба: „Агар курсҳои омӯзишӣ дар деҳоти дурдаст бештар гарданд, аз чанд ҷиҳат судманд аст. Зеро бонувон ҳангоми машғули коре будан, аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ осуда мегарданд. Ва чизи дигаре, ки вақтҳои охир мо мушоҳида мекунем,ин аст, ки духтарони тоҷик на танҳо зебосанам дар Тоҷикистонанд, балки берун аз он низ ҳастанд, онҳо дар озмунҳо ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол карда истодаанд. Албатта, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бонувони мо имрӯз кӯшиш доранд, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар риштаҳои гуногун иштирок кунанд. Ҳадафи мо низ ин аст, ки таваҷҷуҳи духтарони деҳотро ба зебопарастӣ зиёд намоем. Мутаассифона, баъзе қоидаҳои одӣ низ вуҷуд доранд, ки ҷавондухтарони мо огоҳӣ надоранд. Ё ба худашон аҳамият намедиҳанд. Бонувони қафқозӣ: арману гурҷиро дидам, ки бидуни тӯю маърака ба кошонаи ҳусн мераванд, то ба ҳуснашон зебоии дигар бахшанд. Бонувони мо ба фарқ аз бонувони кишварҳое, ки дидам, то ҷашну ид ва тӯй нашавад, ба кошонаи ҳусн мароқ зоҳир намекунанд. Ба бонувон гуфтаниам, ки набояд мунтазир шуд кай ид мешавад, ки онҳо худашонро оро бидиҳанд. Ин корро барои худашон кунанд. Коко Шанел бисёр ба маврид гуфтааст: „Дар 20- солагӣ чеҳраи шумо онест, ки табиат ба шумо додааст, дар 50- солагӣ чеҳраи шумо он аст, ки арзандаед“.

Бошад, ки дар ҷомеа сафи бонувони ҷавони ташаббус­кор, ба мисли Мутриба, зиёд гардад.

Раҳима Аъзам

 

:.  Ҷавонон 31.03.2017 11:14 2242

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz