19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДОНИШҶӮЙИ СОЛ

 

„Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд“.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз донишгоҳи мазкур дорои 4 факултаи рӯзона ва шуъбаи омӯзиши ғоибона буда, факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ яке аз факултаҳои пешсаф ба ҳисоб меравад. Аввалин татбиқкунандаи низоми кредитии таҳсилот дар Тоҷикистон низ донишгоҳи мазкур мебошад ва ба ин васила ба таҳсилоти ягонаи умумиҷаҳонӣ ворид шудааст, инчунин барои ташкил ва омӯзиши ихтисоси махсус бо забони англисӣ соҳиби иҷозатнома гаштааст. Ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон омӯзонида мешавад, ки ба гурӯҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷудо карда шудааст. Яъне дар ин ихтисос гурӯҳи махсусе мавҷуд аст, ки омӯзиши ҳамаи фанҳо танҳо бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Яке аз донишҷӯёни ихтисоси 250103 - муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мадина Дилоева мебошад, ки дар курси 3-юм таҳсил мекунад. Ӯ ифтихор аз он дорад, ки барои идомаи таҳсил баъди хатми Литсей барои хонандагони лаёқатманд дар шаҳри Душанбе маҳз ин донишгоҳро интихоб намуда, касби дӯстдоштаашро интихоб кардааст ва баъди чанд муддати таҳсил боварӣ ҳосил намуд, ки дар интихоби пеша ва донишгоҳ хато накардааст. Мадина бар ин бовар аст, ки: „Ҳар як ҷавон орзуи соҳиби касби хуб ва зиндагии шоистаро дар дил мепарварад“.

– Аз он даме фаҳмидам, ки иқтисодиёт дар пешрафту ободии мамлакат, ҳаёти инсоният ва сатҳи зиндагии халқ мавқеи калидӣ дорад, ба ин касб меҳр пайдо намудам. Ба мақсади беҳтар донистани ин соҳа рӯз ба рӯз ба омӯзиши фанҳои ба он наздик бештар диққат медодагӣ шудам. Мактаби миёнаро аъло хатм намуда, барои ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шудан, ба Маркази миллии тестӣ номнавис шудам ва хушбахтона, бо соҳиб шудани холи баландтарин ба донишгоҳи дӯстдоштаам дохил шудам. Донишҷӯй будан ифтихор аст, – мегӯяд ӯ.

Мадина Дилоева соли гузашта „Донишҷӯи соли 2016“ гардид, ки озмуни мазкур санаи 22-юми октябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ду шарт иборат буд: худмуаррифӣ бо истифодаи усулҳои наву замонавӣ (слайд-презентатсияҳо) ва саволу ҷавоб вобаста дар мавзӯъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибис­тиқлолӣ ва навиштани иншои озод бо забони давлатӣ дар мавзӯи „Ҷавонон -пайравони Пешвои миллат ва муҳофизатгарони дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ“, баранда гардид.

Ба гуфти масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории озмуни „Донишҷӯи сол“ муайян намудани донишҷӯйи беҳтарин дар ҷодаи илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, инчунин васеъ гардондани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии онҳо ва ҳавасмандгардонию дастгирии ҷавонон мебошад. Мадина баҳри ноил гардидан ба ин натиҷа аз устодони худ миннатдор буда, ваъда медиҳад, ки минбаъд низ бо хониши аълою рафтори намунавии худ барои бештар намудани нуфузи донишгоҳ дар кишвари азизу обод кӯшиш менамояд ва ба ин васила дар оянда дар рушду нумӯи Ватани биҳиштосояш саҳмгузор мегардад.

Ӯ тӯли се сол мешавад, ки дар гурӯҳи махсуси англисӣ таҳсилашро идома медиҳад. Ба гуфти ӯ: „Донишгоҳ дорои тамоми таҷҳизоти техникии таълимӣ буда, дар ин ҷо устодони соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд ва машғулиятҳоро дар сатҳи баланд мегузаронанд. Ҳамин буд, ки ман дар соли таҳсили гузашта дар барномаи Erasmus + ширкат варзида, сазовори роҳхат ба яке аз мамлакатҳои пешқадами Аврупо - Итолиё гардидам. Дар натиҷа тӯли ним сол таҳсиламро дар он ҷо идома додам“.

Ин ҳама муваффақиятро Мадина, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмату кӯшишҳои раёсати донишгоҳ, садорати факулта ва тамоми устодони донишгоҳ медонад, ки барои донишҷӯён муҳити солими таҳсил ва шароити хуби таълимиро муҳайё намудаанд.

БУЗУРГМЕҲР

 

:.  Ҷавонон 24.02.2017 06:15 2081

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz