Пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматии бонувони ҷумҳурӣ перомуни ҷалби писарону духтарони деҳоти дурдасти мамлакат ба таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани маърифату фарҳанги онҳо дар омода кардани мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа навгониеро дар ҳаёти бонувони тоҷик ба миён овард. Аз соли таҳсили 1997–1998 дар муассисаҳои олии касбии кишвар барои довталабон квотаи махсус ҷорӣ гашт ва тайи 20 сол мешавад, ки дар асоси он ҷавонони лаёқатманд ба илмомӯзӣ ва азхудкунии касб фаро гирифта шуданд.
Воқеан, қаблан аксари духтарони рустоҳои дур аз марказ бо сабабҳои гуногун имкони тамдиди таҳсилоти худро дар макотиби олии кишвар надоштанд. Ба истилоҳ истеъдодҳо ба иллати камбизоатӣ, раҳдурӣ ё кадом ваҷҳи дигар пушти парда мемонданд.
Дар асоси маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб 17 ҳазору 451 нафар тибқи Квотаи президентӣ шомили 20 муассисаи олии касбии кишвар шудааст, ки аз ин шумор 10 ҳазору 266 нафар духтарон мебошанд.
Дилдораи Ҳусайн низ чун аксари духтарони деҳотӣ донишҷӯ буданро орзу мекард. Падари табибаш шавқу ҳаваси духтур шуданро дар қалби кӯчаки ӯ аз овони кӯдакиаш ҷо намуд. Ҳар гоҳе ба коргоҳи падар мерафт, пизишкбонувонро дар хилъати сафед медид, мафтуни ин пеша мешуд.
– Он ҳама як ҳавасҳои кӯдакӣ буданд. Бо гузашти вақт чун тарҳи мӯю рӯ ва шакли одамизод андешаҳо ҳам тағйир меёфтаанд. Гоҳе он орзуҳои кӯдакиро, ки бо пӯшидани хилъати сафеди падар ва „духтур“-и хоҳару додарам мешудам, ба ёд меорам, ба худ механдам. Аз ин хандаҳо рӯҳам ҳаловат мебарад. Аҷаб дунёест, дунёи кӯдакӣ. Ҳамаи „нақша“-ҳоятро метавонӣ дар лаҳзае амалӣ созӣ, - замони хурдсолиашро ёд оварда, бо табассуми малеҳе мегӯяд Дилдораи Ҳусайн.
Дилдора, ки дар мактаб дӯстдору шефтаи фанҳои таъриху ҳуқуқ буд, муаллимаш Саидмуъмин Тағоевро ҳозирҷавобию кунҷкобиаш бетаваҷҷуҳ намемонд. Муаллим кӯшиш мекард, то шогирди ҳамадонаш дар роҳи донишандӯзӣ муваффақ бошад ва аз ин хотир ҳамеша омода буд, то ба суолҳои Дилдора посухи саҳеҳ бидиҳад. Муаллим Тағоев ба озмун аз фанҳои таърих ва асосҳои ҳуқуқ Дилдораро роҳнамоӣ кард, то боздеҳи заҳматашро амалан озмояд. Вақте бори нахуст ӯ дар озмуни ноҳиявӣ ширкат намуд, дар синфи ҳаштум мехонд. Ва аввалин муваффақият дар ин имтиҳон ӯро даст дод. Устоду шогирд болидарӯҳу шод шуданд…
Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб мактаби рақами 5-и деҳаи Такоб бо Дилдораи Ҳусайн муаррифӣ мешуд. Ширкати ҳамворааш дар озмунҳои фаннӣ ва дарёфти дастоварди намоёнаш шавқу завқи Дилдораро ба омӯхтани фанни таърих ва асосҳои ҳуқуқ барангехт. Ӯ шефтаю дилбохтаи фанҳои мазкур гардид, ки боиси тағйири тасмимаш шуд.
– Бо дастгирии сарвари мактаб ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ман барои таҳсил тибқи квота пешниҳод гардидам. На ки як ман, волидайнам низ шод буданд, ки таҳсили ройгон на б? а ҳар довталаби деҳаи дур дастрас буд. Квотаи президентӣ барои мо, духтарони деҳотӣ, роҳеро ба сӯи расидан ба орзую ҳадафҳоямон кушод, – хушҳолона мегӯяд ӯ.
Дилдораи Ҳусайн ҳоло донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз ӯ аз ҷараёни дарсомӯзиаш суол мекунам. Каме сукут меварзад ва посух медиҳад:
–Ҳанӯз ҳам аз худ қаноатманд нестам. Чаро ки ҳар қадар ҷаҳду талош барои дарёфти баҳои „аъло“ мекунам, баъзан ноком меоям. Яъне, маро мебояд зиёдтар омӯзаму дониш андӯзам. Ҳама шароит барои таҳсил фароҳам аст. Идрорпулӣ мегирам, дар хобгоҳи донишгоҳ ҳуҷраи барҳавои мусоид барои хондану зиндагӣ кардан дорам. Хуллас, ба қадри ин ҳама дастгириҳои давлат мебояд расид.
Ӯ баъди ба итмом расидани давраи таҳсил фаъолияташро дар мактаби зодгоҳаш идома доданист.
– Ман фарзанди деҳаам ва баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ бармегардам, то барои ободии марзу бум ва боло бурдани донишу маърифати насли ояндаи ҳамдеҳаҳоям саҳми худро гузорам, – бо итминон иқрор меояд қаҳрамони мо.
Қутбияи Неъматулло