Дар рафти суҳбати дилнишине бо ошное сухан дар бораи раққосаи машҳур Ашӯра Носирова рафт. Гуфтам, ки бонуи хушхиром Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аст. Мусоҳибам исрор мекард, ки на, вай Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон аст. Ман низ аз андешаи хеш сар напечидам. Зеро хуб медонистам, ки ин раққосаи мумтоз ҳанӯз дар 23-солагиаш, соли 1947 ба унвони ифтихории Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гашта буд.
Бас ҳузновар аст, ки тӯли ду даҳсолаи охир ва шояд аз ин ҳам бештар, дар бораи ин бонуи ҳунар матбуоти даврии мамлакат ва мутасаддиён хомӯширо авло донистаанд. Ҳатто ҳафт сол қабл (2011) аз реҳлаташ низ гӯё дар ғафлат монда бошанд. Масъулони соҳаи фарҳанг, маъмурияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарпешаи номвари тоҷикро, ки дар миқёси ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ бо ҳунари волои хеш шуҳратёр буд, ба боди фаромӯшӣ партофтаанд.
Роҳи эҷодии яке аз саромадони рақси миллии тоҷик, арғуштии мумтоз Ашӯра Носирова аз замони таъсиси Ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ оғоз гардидааст.
Ҳангоми хурдсоливу наврасӣ, аз замони таҳсил дар мактаб, ӯ бо шавқу рағбати зиёд дар ҳайати маҳфили ҳаваскорони санъат мерақсид. Аз ҳамон давра дар қалби кӯчаки ин духтарак орзуи ҳунарпеша шудан маъво гирифт.
Соли 1938 Ашӯраи 14-сола ҳамроҳи ҳунармандони халқии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъати деҳот дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) ширкат варзида, ҷойи якумро соҳиб шуд.
Пас аз итмоми синфи 7, соли 1939, Ашӯра ба пойтахт омада, ба Театри колхозии Сталинобод шомил гашт. Худи ҳамон сол бо ҳамроҳии ҳунармандони тоҷик дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (шаҳри Москва) ҳунарнамоӣ кард. Дар матбуоти даврӣ аз хусуси ҳунарнамоии раққосаи хушхиром ва дилбари тоҷик маводи зиёде ба табъ расид.
Ӯ вобаста ба шароити таърихию иҷтимоии ҳаёти халқ барномаи ҳунариашро сайқал дода, тавассути рақсҳояш анъана, урфу одат ва хусусиятҳои миллиро ифода менамуд. Орзуи Ашӯра оҳиста - оҳиста ҷомаи амал мепӯшид. Соли 1940 ӯро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба сифати раққоса пазируфтанд. Ӯ аз ҳамин давра пурра ба сайқал додани маҳорат дода шуд. Ба ҷуз рақсҳои тоҷикӣ рақсҳои халқҳои ҷумҳуриҳои бародарро аз бар намуд.
Ширкат дар Даҳаи санъати тоҷик дар шаҳри Москва (соли 1941) барои раққосаи ҷавони тоҷик лаҳзаи хотирмони ҳаёт гашт. Дар ин чорабинии сатҳи умумииттифоқӣ Ашӯра хуб ҳунарнамоӣ кард.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) дар ҳайати театри фронтӣ, ҳамроҳи як гурӯҳ устодони санъати Тоҷикистон дар фронтҳои Ленинград, Калинин, Марказӣ, Волхов ҳунарнамоӣ намуда, хотири ҷанговаронро болида дошт.
Соли 1946 мужда расид, ки дар шаҳри Москва конкурси дувуми умумииттифоқии артистони эстрада баргузор мегардад. Ашӯра суботкорона ба ин озмун омодагӣ гирифт ва дар ин сабқат ҳакамонро қоил намуда, мақоми дувумро сазовор шуд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони фаъолияти эҷодии Ашӯра Носирова фаъолият дар Ансамбли давлатии рақсии халқҳои СССР таҳти роҳбарии устоди машҳури рақс, балетмейстери шинохта Игор Моисеев буд. Ҳунармандони ансамбл ба раққосаи ҷавони тоҷик ҳамаҷиҳата - бо меҳрубонӣ ва самимияти беандоза ёрӣ расонданд. Вай дар ин дастаи маъруф нозукиҳои санъати рақси касбиро омӯхта, маҳораташро такмил дод.
Ӯро муваффақият ёр гашта буд. Аз як маърака ба маъракаи дигар, аз як кишвар ба давлати дигар дар чорабиниҳо ширкат меварзид. Ва ҳар бор бо сари баланд ва ҷоизае ба Ватан бармегашт.
Моҳҳои июл - августи соли 1947 дар шаҳри Прага (Чехословакия, ҳоло Чехия) Фестивали ҷаҳонии ҷавонон доир шуд, ки дар он намояндагони 71 давлати дунё иштирок доштанд. Дар ҳайати дастаи Иттиҳоди Шӯравӣ Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ашӯра Носирова низ буд. Ба ҷавонон ва тамошогарон рақсҳои тоҷикӣ дар иҷрои раққоса бағоят писанд афтоданд. Дар тамоми консерту нишастҳои ҷавонон зери кафкӯбиҳои пурмавҷ ин бонуи арғуштиро такроран ба саҳна мехонданд.
Барои иштирок дар консерти «Гулхани дӯстӣ», дар стадиони «Соколовна»-и Прага ҳунармандони беҳтаринро интихоб намуданд. Ашӯра Носирова гули сари сабади маърака буд. Вай тӯли ин муддат дар назди коргарони заводҳои Чехословакия ҳунарнамоӣ кард. Дар яке аз толорҳои машҳури Прага, дар барномаи «Санъати халқҳои СССР» Ашӯра ба комёбии калон сазовор шуд.
А. Носирова сарфи назар аз ҷавонӣ, дар синни 23-солагӣ, аллакай ҳамчун ҳунарпешаи болаёқат дар қаламрави СССР ва берун аз он ном баровард. Аз ин рӯ, ӯ номвар буду пештоз ва ҳар як маъракаву чорабиниҳои сатҳи мухталиф барояш саҳфаи нави зиндагӣ мегашт.
Ҳунарнамоии ӯ дар Даҳаи адабиёти советии тоҷик дар шаҳри Москва (1949) масъулон, ҳаводорону мухлисон, хуллас ҳамаро мафтун сохт. Ҳамчунон, ширкати ӯ дар назди садҳо ҳазор тамошогарон дар шаҳри Будапешт дар лавҳи хотираш нақш баст. Ҳозирон бо қарсакзаниҳои гарму пурмавҷ раққосаи тоҷикро такрор ба такрор рӯи саҳна мехонданд, ки аз он қалбҳо пурнур мегашт.
А. Носирова дар ҳар рақсаш мекӯшид, то нақши фаромӯшнашаванда офарида, ҷиҳатҳои нозуку хоси рақси миллии тоҷикро ифода созад. Истифодаи унсурҳои рақси халқӣ, омезиши хусусиятҳои балети классикӣ бо рақси миллӣ, офаридани нақшҳои мукаммалу пурҷозиба барномаи ҳунарии ӯро ғанӣ гардонда буданд.
Ҳамчунон, дар давраи авҷи фаъолият Ашӯра Носирова дар чорабиниҳои давлатии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон маҳорати бесобиқаи худро нишон дод.
Моҳи марти соли 1954 вай дар шаҳри Қарочии Покистон, дар ҳайати ҳунармандони Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзида, сазовори таҳсину офарини ҳаводорони покистонӣ гардид. Дар яке аз консертҳо, қариби 100 ҳазор тамошогарон рақсҳои ҷолибу дилошӯби Артисти халқии Тоҷикистон Ашӯра Носироваро бо кафкӯбиҳо ва нидоҳои нишотангези «Зинда бод…» истиқбол карданд, ки он то дер дар лавҳи хотири иштирокчиён ва тамошогарон монд.
Ашӯра Носирова дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон 21 сол (1940–1961) фаъолият бурда, аз ҳамин ҷо ба нафақа баромад. Мавсуф доимо аз устодонаш Азиза Азимова, Ғаффор Валаматзода, А. И. Протсенко ёд мекард.
Беҳтарин рақсҳои офаридааш: «Нағорабазм», «Шодиёна», «Бозии калон», «Пахта», «Товус», «Муҳайяр», «Ҷигарпора», «Тановор», «Рез», «Усмония», «Кабӯтари сулҳ», «Вохӯрӣ», «Дилбар» ва ғайра дар қомуси фарҳанги тоҷик мақоми шоёнро дарёфтаанд.
Вай ба ҷуз рақсҳои тоҷикӣ, рақсҳои халқҳои дигари шарқ, аз ҷумла ӯзбекӣ, хоразмӣ, ӯйғурӣ, ҳиндӣ, муғулӣ, хитоӣ, куриёӣ ва ғайраро вобаста ба урфу одат, анъана ва русумҳои ин халқҳо хеле табиӣ ва боварибахш иҷро мекард.
Дар давраи фаъолияти ҳунарӣ Ашӯра Носирова ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ - Эрон (1941,1942), Чехословакия (1947), Венгрия (1949), Покистон (1954) ва ғайра сафари ҳунарӣ намудааст.
Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941), Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1949, 1957), фестивалҳои ҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Прага (1947), Будапешт (1949) мебошад.
Шояд ағлаб фаромӯш сохтаанд, ки Ашӯра Носирова аввалин ҳунарпешаи тоҷикест, ки лауреати Конкурси умумииттифоқии устодони эстрада дар Москва (1946) гаштааст. Ҳамчунон, вай барандаи Мукофоти давлатии СССР (1952) мебошад.
Хизматҳои Ашӯра Носирова бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (1957), «Нишони Фахрӣ» (1941, 1949, 1954) ва медалҳо қадр шудаанд.
Ашӯра Носирова 5 январи соли 2011, дар шаҳри Душанбе, дар синни 87-солагӣ аз дунё гузашт.
Моҳи декабри соли равон ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз саромадони рақси халқии тоҷикӣ, ҳунарманди маъруфу маҳбуб Ашӯра Носирова, ки дар пешрафти санъати рақсии тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштааст, 95 сол пур мешавад. Месазад, ки ба ин муносибат телевизиони тоҷик, Вазорати фарҳанг ва раёсати Филармонияи давлатии Тоҷикистон хотираи фарзанди номвари хешро болида медоштанд.
Умари ШЕРХОН