Аз аҳди қадим миллати тоҷик баракат аз кишоварзӣ ёфта, онро то ба имрӯз шуғли доимии худ қарор додааст. Воқеан, кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ буда, таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, яъне амнияти озуқавории мамлакат ба сатҳи рушди он вобаста мебошад.
Баъди пошхӯрии давлати шуравӣ «колхозу совхоз»-ҳое, ки самти корашон асосан истеҳсоли маводи озуқа буд, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил ёфтанд. Ба ҳар нафари аз ҳунари деҳқонӣ огаҳбуда роҳ фарох шуд. Деҳқони асил соҳиби замин гардид ё ба истилоҳ замин соҳиби худро ёфта, имрӯз дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм мегирад.
Шаҳри Турсунзода дар баробари шаҳри саноатӣ будан, ҳамчунин, бо меваю сабзавоти тару тоза ва ангури шаҳдбораш дар дохил ва хориҷи кишвар шуҳратёр гардидааст. Кишоварзон бо истифода аз гармхонаҳо ҳосили фаровони помидору бодиринг, боимҷону қаламфури булғорӣ ва кабудӣ рӯёнда, аҳолии водии Ҳисору шаҳри Душанберо таъмин менамоянд.
Дар масоҳати 39,83 гектар 308 гармхона мавҷуд буда, дар онҳо лимӯ, гул, кабудию сабзавоти барвақтӣ парвариш меёбанд. Аз ин миқдор заминҳои гармхона 1,5 гектараш ба кишоварзи маъруф Муродулло Ҷӯраев тааллуқ дорад, ки дар гармхонаҳои худ ӯ аллакай кишти сабзавоти барвақтиро роҳандозӣ намудааст.
- Чор фасли сол бозору мағозаҳои шаҳр аз сабзавоту кабудиҳои тару тоза пур аст. Аз он ки фаровонии дастархони аҳолӣ аз заҳмати мо, деҳқонон, вобаста мебошад, худро хушбахт меҳисобам. Воқеан, боиси ифтихор ҳам ҳаст, вақте бо меҳнати ҳалол як нафар кишо¬варзи одӣ метавонад дар беҳ шудани вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳм бигирад. Натиҷаи заҳмати деҳқон серию пурии хони мардум аст, ки аз он одамон хушҳолу қаноатманд аз зиндагии хеш мегарданд, - мегӯяд кишоварзи варзида.
Муродулло Ҷӯраев дар оилаи деҳқон ба воя расида, ба гуфтае устухонаш бо нони деҳқонӣ «сафед» шудааст. Ӯ иброз медорад, ки бо дамидани субҳ падар сари китф каланд гирифта, ба саҳро мерафт. Фарзандон яке пайи дигаре аз сари дастархони субҳона хеста, ба кори деҳқонӣ шуғл меварзиданд. Яке каланд мезад, дигаре заминро аз алафҳои бегона тоза мекард, сеюмӣ оби сари ҷӯяҳоро наззора менамуд. Хуллас, дар сари замини обчакорӣ ҳар яке барои худ вазифае дошт.
- Зодмандон деҳқониро касби «авлодӣ» мегуфтанд ва садоқат ба пеша доштанд. «Ҳар касе аз пушти ҳунари ҳалол ризқ ёбад, рӯзгораш бобаракат мешавад», - мегуфт қиблагоҳам, ки ҳанӯз ҳам дар гӯшам ин суханон садо медиҳанд. Меҳнати ҳалол карданро бароямон талқин мекард ва нони деҳқониро, ки бо арақи ҷабин меёфт, болотар аз ҳама неъматҳои дунё медонист.
Ман аз хурдӣ ҳамроҳи бобову падар рӯзҳои хуши наврасиро дар саҳро, байни ниҳолакони наврустаи сабзавоти ҳанӯз норасида гузарондаам. Таҳсилдидаи мактаби кишоварзии бобоёнам ва ҳар он чизе имрӯз маро ба кор ояд, аз таҷрибаи деҳқонии гузаштагон аст, - изҳор менамояд Муродулло Ҷӯраев, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Абдуваҳҳоб – 2006».
Ӯ кори деҳқониро аз замини наздиҳавлигиаш оғоз намуд. Дар чанд садяк замине, ки дар он гармхоначае бунёд кард, тухмӣ кошт. Бо фарорасии фасли баҳор ниҳолакони бодирингу помидорро кӯчат намуд. Аз кишти барвақтӣ ҳосили фаровон гирифту аз фурӯши ниҳол даромади хуб ҳам ба даст овард. Баракату натиҷаи бадастомада шавқашро афзуд.
Мавсуф тасмим гирифт, ки таҷрибаи деҳқониро дар ҳудуди васеи хоҷагӣ роҳандозӣ намояд. Соли 2016 хоҷагии деҳқонии «Абдуваҳҳоб – 2006» - ро таъсис дод. Дар 2 гектар замини хоҷагӣ тамоми намуди сабзавот кишт.
- Соли 2018 дар 1,5 гектар гармхона бунёд кардем. Ҳоло дар он беш аз 500 ҳазор ниҳол парвариш меёбад. Деҳқонони шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ ва ҳатто кишоварзони вилояти Хатлону Суғд ниҳолҳои помидору бодиринг, боимҷону қаламфури булғориро аз гармхонаҳои хоҷагӣ дастрас менамоянд.
Талабот ба маводи озуқаворӣ сол аз сол афзоиш дорад ва табиист, ки зиёдшавии аҳолӣ ин равандро метезонад. Аз ин хотир, хоҷагидорон талош меварзанд, то бо маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ бозори дохилии кишварро таъмин созанд. Дар оянда ният дорам, майдони гармхонаро васеътар карда, дар ҳар давра парвариши ниҳолро аз 1 миллион ҳам бештар намоям, - иброз медорад кишоварзи таҷрибаандӯхта.
Ӯ таҷриба аз бузургони хонаводааш гирифтааст ва аз он ки барои таҷрибаандӯзӣ ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия сафар намуд, боз ҳам ба фаъолияти деҳқониаш равнақи тоза бахшид. Имрӯзҳо даҳҳо нафар ҷавонону бонувони маҳал барои дарёфти ҷойи корӣ ба акои Муродулло муроҷиат менамоянд, яъне қувваи корӣ ҳам басанда аст. Алҳол, дар хоҷагӣ 60 нафар банди кори доимист, ки аз ин 40 нафар бонувон мебошанд.
- Ширкатҳое мавҷуданд, ки ба фурӯши тухмӣ ва доруҳои минералӣ шуғл доранд. Роҳбарони ин ширкатҳо ҳоҷати кишоварзонро дар пайдо намудани тухмию доруҳо дар муддати кӯтоҳ мебароранд. Дар ин самт ҳам кишоварз мушкил надорад, фақат меҳнат кардан рост меояд ва сирри муваффақияти деҳқон ҳам дар ҳамин аст, - иброз медорад Муродулло Ҷӯраев.
Қутбия ЗИКРИЛЛОЕВА,
Душанбе – Турсунзода – Душанбе