Даҳсолаи чорум аст, ки омӯзгор аст. Машъалафрӯзи маориф, муаллими навовар Гулфиза Содиқоваро на танҳо дар вилояти Суғд, балки берун аз он ҳам мешиносанд. Ба ҷуз тарбияи шогирдон, дар самти таълими салоҳиятнокӣ заҳмат кашида, ба омӯзгорони шаҳру ноҳияҳо чун раҳнамунсоз (тренер) сабақ омӯхтааст. Аз донишу тарзи дарсгӯии ӯ бисёр омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳравар гардидаанд.
Бонуи сариштакор омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хуҷанд буда, дар синфҳои ибтидоӣ ба шогирдон аз забони русӣ дарс медиҳад. Дар як вақт муовини директор оид ба таълими синфҳои ибтидоист.
Гулфиза Содиқова соли 1991 пас аз хатми риштаи филологияи руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод, фаъолияти худро дар мактаби рақами 7 оғоз ва дар мактаби рақами 21 идома бахшида, ба хонандагон аз фанни забони русӣ дарс гуфта, дар баланд бардоштани сифати омӯзиши забони русӣ саҳми намоён гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри такмил додани забонҳои русию англисӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор намуданд: «Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад».
Бале, Гулфиза дар ин самт устоди пешаи худ аст. Мекӯшад то забони русиро шогирдон хеле манфиатнок истифода баранд. Онҳоро барои азбар намудани шеърҳои классикони тоҷик бо забони русӣ водор менамояд. Талқин месозад, ки кӯдакон бисёртар аз хазинаи адабиёти ҷаҳон босамар истифода баранд. Аз ин рӯ, волидони наврасон доимо пешниҳод месозанд, ки таҷрибаи бойи омӯзгор шоистаи паҳн намудан дар тамоми таълимгоҳҳо аст. Ин бонуи меҳнатқарину фидоӣ шогирдони худро бо усулҳои нав ба нави таълим ба омӯзиши забони русӣ ҷалб карда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо роҳи сода ва фаҳмо хонандагонро аз сеҳри забономӯзӣ огоҳ созад.
Баробари ворид шудан ба синф, кас худро дар олами дигар тасаввур мекунад. Зеро аёниятҳои синф гӯё ба забон омада, ба шогирдон чизеро пешкаш месозанд. Синфаш боғи ҳақиқиро мемонад. Маҳз ба воситаи ҳамин аёниятҳояш ба умқи дили шогирдон маъво гирифта, дар вуҷуди онҳо меҳру муҳаббатро ба ин забон бедор месозад.
Муаллим ҳини суҳбат иброз дошт, ки давоми фаъолияти корӣ аз шогирдон ду чизро талаб менамояд. Хонанда босуръат хонда тавонад ва маънии чизи хондаи худро дар ёд нигоҳ дорад. Шогирдони омӯзгори асил иштирокчии озмунҳои гуногунанд ва ҳар сол ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Имсол Амирҷон Сангинов ва Маҳина Шарифова дар зинаи шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинаи адабиёти ҷаҳон ширкат варзида, ба зинаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Азизи Азиз, нависандаи кӯдакон дар яке аз сафарҳояш ба вилояти Суғд аз усули таълим ва шогирдони муаллим дидан намуда, ба дониши васеъ ва ҷаҳонбинии фарохи шогирдони ӯ баҳои баланд дод.
Бале, Гулфиза Содиқова баҳри он мекӯшад, ки дарахтони парвардааш меваҳои шаҳдбор оранд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд