Мавҷҳои баҳри бузурги зиндагӣ заврақи орзуҳои моро ба соҳилҳои гуногун мебаранд. Хуштолеъ осон ба соҳили мурод мерасад, вале инсонҳои созандаву матинирода, ки халлоқияти бештар доранд, ҳар соҳилеро барои худ соҳили мурод мегардонанд. Гулнора Қурбонова аз шумори бонувонест, ки бо чашми хушбин ва дили покиза дар шинохти зарфиятҳои худ талош варзидаву муваффақ шудааст. Институти политехникии Тоҷикистон (ДТТ ба номи М. Осимӣ)-ро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ соли 1983 хатм карда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият бурдааст.
Нахуст 10 сол дар ШСХК «Барқи тоҷик» фаъолият дошт. Рӯзи корӣ бо рақаму ҳисоб мегузашт. Вақте эълони ҷалби мутахассисон ба Маркази муҳандисии НБО «Сангтӯда 1»-ро хонд, барояш мароқангез буд, чун ба ихтисосаш бештар алоқамандӣ дошт. Сарбаландона аз суҳбат гузашт ва самти фаъол ва зиндагии хешро тағйир дод.
Кор дар муҳимтарин иншооти давр барои Гулнорабону мактаби бузурги таҷриба шуд. Зина ба зина таҷриба андӯхт, ба дастовардҳо ноил гардид. Набзи ӯ бо набзи сохтмон якмаром метапид. Баъди ба анҷом расидани шартномаи корӣ дар НБО «Сангтӯда 1» ӯро, ки мутахассиси шинохта шуда буд, ба НБО «Роғун», ба коргоҳи русии «Интерстрой», ки филиали НБО «Сангтӯда 1» ба ҳисоб мерафт, даъват карданд. Чанд муддат дар ин ташкилот фаъолияти босамар дошт.
- Барои зан- модар муҳимтар аз ҳама тарбияи дурусти фарзандон ва оиладорист, ки он ҳузури доимӣ ва заҳмати шабонарӯзиро мехоҳад. Бароям кор дар НБО «Роғун» хеле ҷолиб буд. Зиндагӣ дар майдони наздик ба сохтмон бароям бисёр чизҳоро омӯхт. Фарзандон, ки ба камол расиданд, маҷбур шудам боз ба Душанбе баргардам ва барои онҳо шароити хуби омӯзишро муҳайё созам, - иброз намуд Гулнора Қурбонова.
Баъди бозгашт ба Душанбе мехост паҳлуҳои дигари имконоти хешро ба кор барад. Пешае барояш зарур буд, то давутоз ва серҳаракатии чандсоларо ҷуброн намояду вақти бештари хешро сарфи оилаву фарзандон созад. Бо гардиши рӯзгор Гулнораи муҳандиси сохтмон соли 2014 фаъолиятро дар самти табъу нашр оғоз намуд. Бо ҷаҳду талош нозукиҳои ин касбро аз кормандони ҳирфаии нашриёт ва дарсҳои онлайнӣ омӯхт. Таҷрибааш, ки дар шинохт ва муносибат бо инсонҳо ғанӣ буд, зуд тавонист ба муҳити нав ворид шавад.
- Кор дар нашриёт бароям тамоман ғайриодӣ буд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои фаровон тарзи корбарӣ дар ин самтро аз худ мекардаму асбобҳоеро, ки бори аввал медидам, дарҳол аз интернет дар бора¬ашон маълумот пайдо намуда, хусусиятҳо ва истифодабариашонро меомӯхтам, - мегӯяд ӯ.
Донишҳои амалии пайваста бо кор барояш мароқангез намуд. Ӯ ба осонӣ тавонист ин соҳаро низ аз худ кунад ва чун маллоҳи соҳибтаҷрибае киштии ҳаёти худро ба мавҷи дигар ворид созад. Гулнорабону имрӯзҳо дар «Нашриёти муосир» вазифаи муовинии директорро ба уҳда дораду пайи иҷрои масъулияти хеш камари ҳиммат бастааст.
- Дидани самараи заҳмат барои кас руҳу илҳоми тоза мебахшад, хосса заҳмати софдилона. Вақте як китоб ё маҷалла хуб ба нашр мерасад, шахсан бароям он рӯз ид аст. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки китобҳои нашриёти мо сифати олӣ доранд. Маҷаллаву варақаҳои иттилоотӣ, дафтару рӯзномаҳо, маводи таълимӣ ва дигар маҳсулоти чопӣ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Пурмасъулияттарин кори солҳои охири нашриёт нашри китоби «Тоҷикон» буд, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба нашр расид, - иброз медорад Гулнорабону.
Мавсуф дар баробари фаъолияти пурсамар ҷигарбандони хешро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ба камол расондааст. Фарзандонаш Азизхон ва Наргис фориғуттаҳсили донишгоҳҳои кишвар, донандагони забонҳои хориҷӣ ва мутахассисони арзандаи кишваранд. Набераҳои дилҷӯяш давоми орзуҳои модаркалон мебошанд.
Модари мушфиқи Гулнорабону бо изҳори қаноатмандӣ ва дуои нек ёд аз рӯзҳои беғубори соли 1961 меорад, ки ҷигарбандаш бо гиряи аввалин ба зиндагӣ саломи самимона гуфта буд. Руҳи зебоипараст ва дили дарёии Гулнора мисли гулҳои парвардааш, ки коргоҳу хонаву айвонашро ҳамешабаҳор сохтаанд, зебоӣ мегустарад. Ӯ оинаи бонувонест, ки ҳастии хешро баҳри амалӣ намудани хизмати софдилона ба халқу Ватан бахшидаанд…
Мафтунаи ҚОСИМ