Бонуи русе ҳангоми наҷоти фарзандонаш дар Сурия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт. Ба тирезаи хонае, ки мезистанд, маводи тарканда расид. Зан ба писараш сипар шуду аз дасту пояш маҳрум гашт.
Моҳи ноябри соли 2015 дар Коуркови вилояти Смоленск ронандаи мошини сабукрав занро бо кӯдаки шашсолае, ки аз гузаргоҳи пиёдагардон мегузаштанд, пахш намуд. Мувофиқи маълумоти полиси автомобилии вилоят зан бо писару духтараш роҳ мерафт. Дар ҳамин лаҳза мошини тамғаи “Тойота Лендкрузер” ба сӯи онҳо босуръат ҳаракат намуд. Ба модар муяссар шуд, ки духтарашро тела бидиҳад. Аммо худи ӯ зери чархҳои мошин ҳалок гардид.
Соли 2014 дар мавзеъи Сент-Луиси ИМА як садамаи фоҷиабор рух дод. Колин Сегберс ва духтараш ба мағоза мерафтанд, ки ронандаи 58-солае, ки дар минтақаи барои маъюбон қарор дошт, шабакаҳои радиоро иваз мекард ва пай набурд, ки мошинаш фаъол аст. Ба ҷои пахш кардани тормоз тасодуфан суръатро зер кард. Сегберс духтарашро тела дод, вале худ фурсате наёфт. Модари 33-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Соли 2011 пас аз заминларза дар Ҷопон, вақте наҷотдиҳандагон ба харобаҳо расиданд, ҷасади занеро аз тарқишҳо пайдо карданд. Ӯ дар ҳолати хеле аҷиб қарор дошт. Зан ба зону зада, бо дастонаш чизеро мепӯшонд. Маълум шуд, ки дар зери дастони ӯ кӯдаки 3-моҳа хобидааст, ки дар курпаи ранга печида буд. Эҳтимол меравад, ки вақте хона фурӯ рехт, модар писарро бо баданаш пӯшонид. Наҷотдиҳандагон кӯрпаро кушода, телефони мобилиашро диданд, ки рӯи экран чунин паёме дошт: "Агар зинда монӣ, дар хотир дор, ки туро бағоят дӯст медорам".
Ҳангоми ҳамлаи террористӣ соли 2013 дар Волгоград, модар барои наҷоти кӯдаки нӯҳсолааш худро қурбон кард. Тибқи иттилои мақомот ба зан муяссар гашт, ки бо баданаш кӯдакро пӯшонад. Дар натиҷаи таркиш худи зан пора-пора шуд.
22 феврали соли 2011 пурқувваттарин заминларза дар 80 соли охир дар Зеландияи Нав рух дод, ки маркази он дар наздикии шаҳри Крайстчерч буд. Тақрибан 100 нафар кушта, беш аз 220 нафар бедарак шуданд. Зане бо кӯдакаш дар як мағоза харид мекард, ки заминларза оғоз шуда, ба гирду атрофи ӯ шикастапора борид. Модар тавонист кӯдакро бо баданаш пӯшад.
Кӯдак зинда монд ва бо кумаки имдодгарон ва атрофиён ӯро аз зери харобаҳо берун оварданд. Зан мутаассифона, ба ҳалокат расид.
Таҳияи Мадина Балаҷонова