Охирҳои моҳи май. Ҳаво хеле гарм шуда, дарахтон аз гул фуромада, ғӯракдор шуданд. Гулу буттаҳо шукуфта, атрофро хушранг менамуданд.
Ба зиёрати бибӣ рафтем, ки дар деҳаи Лолагӣ мезисту ба наздикӣ аз зиёрати хонаи Худо омада буд. Дар ду тарафи роҳрави ҳавлӣ гулҳои садбарги рангоранг ва мавсимӣ шукуфта, аз байни роҳрав ҷӯйчае убур карда, ба поён мешорид ва садои оби он чун мусиқии дилнавоз ба кас роҳат мебахшид.
Дар саҳни ҳавлӣ ду ҷойи нишаст, яке кати рӯйкушода дар болои ҷӯй, дигаре кати рӯйпӯш дар долони хона мақом дошт. Хонаи якқабатаи бобоӣ бо таъмири замонавӣ хонаи афсонавиро мемонд.
Ба пешвозамон модари солманди сафедпӯш, бо қомати баланду чеҳраи нуронӣ баромад.
Модар моро ба хона хонд. Гирди хон нишаста, суҳбат оростем. Дар вақти суҳбат мом лаҳзаеро ёдовар шуд, ки дар шаҳри Мадина рух дода буд.
- Гурӯҳи бонувони тоҷик намоз мегузоридем. Ин лаҳза ҳафт модари афғон назди мо нишаста, даст ба дуо бардоштанд. Пас одоби муоширатро ба ҷо оварда, гуфтанд:
«Эй, модарони хушбахти даврон, ба мо, хоҳарони афғон, иҷозат диҳед болои ҷойнамози шумо намоз гузорем ва аз шумо як каф дуо таманно дорем. Оҳу дуои модарони тоҷикро Худованд шунида, ба шумоён фарзанди фархундапай, бонангу хирадмандро ато фармуд, ки ба мулки шумо сулҳу салоҳ, ваҳдат ва озодӣ овард. Тоҷикистонро гулафшон намуд. Дар ҳаққи мову мулки афғон дуои нек намоед. Шояд дуои шумоён мустаҷоб гардаду мо ҳам рӯзе ба сулҳу ваҳдат бирасем.»
Пасон, яке аз онҳо маро ба оғӯш гирифта гирист. Ин ҳолати ӯ маро бо як ҳиссиёте, ба дуриҳои солҳои 90-уми садаи гузашта бурд. Он замон дар диёри мо чӣ ҳодисаҳое рух дода буданд, мо - калонсолон бо чашми худ дидем ва то ҳол дар ёд дорем, ки чи тавр мансабталошони наҳзатӣ бо хоҷаҳои аҷнабии худ мардумро гӯл задаю байни маҳалҳо низоъ барангехтанд. Бародар аз дасти бародар кушта мешуд, хонаҳо сӯхтаву валангор, тифлакон ятим мемонданд, садои ҷигарсӯзи модарон ба авҷи фалак расидаву модари тоҷик хун мегирист. Ман ҳам гиристаму бесадо назди модари афғон нишаста, намози шукрона гузоштам. Ҳазорон бор шукрона гуфтам, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи қадар ҷоннисориҳо намуд, то оташи ҷангро хомӯш созад.
Гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, сулҳу ваҳдатро пойдор, Тоҷикистонро гулгулшукуфону маъруфи ҷаҳониён гардонд. Шукр кардам ба он модаре, ки чунин фарзанди фарзонаро барои миллат ба дунё овардааст. Дуо кардам, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша сиҳату саломат буда, Ватани азизамон дар ҳавои софи ваҳдат шукуфон бошад.
Пас аз адои намоз бо модарони афғон наз¬диктар нишаста, даст ба дуо бардоштем;
«Худовандо! Ба ҳурмати зоти покат, ба ҳурмати ягонагиат, ба ҳурмати каломи шарифат, ҳоҷати мо ва ин модарони даст ба дуоро иҷобат намоӣ. Ба дили фарзандонашон меҳру муҳаббат, садоқат, сулҳу сафо, якдиливу ягонагӣ ато фармоӣ, ба диёрашон кӯлвори пур аз меҳру вафо, оромӣ ва сулҳу салоҳ ато фармоӣ. Омин!»
Аз ҳуҷра садои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шабакаи якуми телевизион ба гӯш мерасид:«Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шук¬ронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!».
Маърифат ИСКАНДАРОВА,
омӯзгори фанни математикаи
Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор