Ӯ 41 сол боз омӯзгор аст, омӯзгоре, ки ба касби хеш содиқ монду бо нону номи муаллимӣ тавонист рӯзгори босаодате бунёд ниҳода, рисолати бузурги инсониро дар назди ҷомеа ва фарзандон ба ҷо орад.
Дилбар Шарифова омӯзгори МТМУ № 54-и шаҳри Душанбе асту ба тарбияи насли наврас масруф. Таълиму тарбияи муҳаббатоғуштаи омӯзгор ва модар буд, ки шогирдони хуб аз остони мактаб берун по ниҳоданду ҳар кадоме дар ҷодае сабзиданд. Панҷ фарзанди муаллим низ бо омӯзаҳои модар ба воя расиду имрӯз ҳар кадоме дар соҳае муваффақ аст. Ду духтараш Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуд, яке табиб-лаборант ва дигаре ба парастории фарзандон масруф аст. Се писар бо ҳидояти падар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кард. Дилшод ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Далер судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Раҳмоналӣ муфаттиши прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.
Мактаб ба номи Лоиқ Шералӣ, аммо…
Муаллим аз моҳи марти соли 1996 дар мактаби номбурда ба синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Таълим дар мактаб то соли 2020 бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирифт, аммо ду соли ахир синфҳои тоҷикиро барҳам доданду ӯ, ки хонандагони синфи чорро ба зинаи миёна супурд, аз қабули шогирдон ба синфи як бенасиб монд. Устодро ҳамчун омӯзгори фанни забони давлатӣ дар синфҳои ибтидоӣ таъин намуданд ва инак, тайи ду сол аст, ки аз ин фан ба мактаббачагон дарс мегӯяд.
- Соле, ки ба мактаб омадам, синфҳои русӣ зиёд буду тоҷикӣ камтар. Баъдан, баръакс шуд ва ҳоло танҳо ду синфи тоҷикӣ амал менамояду халос. МТМУ № 54 ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст, зеро солҳои зиёд ҳамсари шоир Зебунисо Қутбидинова дар ин мактаб аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтаанд ва роҳбари синфи духтаронам буданду чанде пеш аз дунё гузаштанд. Қисми зиёди хонандагони мактаб тоҷиконанд, танҳо дар ҳар синф 1 – 2 нафаре ҳаст, ки яке аз волидонашон рус ва ё аз миллатҳои дигаранд. Зиёд ба худ суол медиҳам, ки модоме қариб ҳама хонандагон тоҷиканду мактаб ба номи шоири ватандӯсту меҳанпарвар гузошта шудааст, бояд ба синфҳои тоҷикӣ авлавият дода шавад, - изҳор намуд устоди ботаҷриба.
Мактаб, ки наздики 5000 хонанда дорад, аз нисф зиёди онро хонандагони синфҳои ибтидоӣ ташкил медиҳанд. Ғайр аз маҳаллаҳои атроф «мактаби русӣ» гӯён аз дигар маҳаллаҳои дуру наздики пойтахт зодмандон фарзандони худро ба ин мактаб меоранд.
- Ба тасмими баъзе аз волидон розӣ нестам, ки кӯдаки дар муҳити тоҷикӣ тарбияёфтаро ба синфҳои русӣ вогузор менамоянд. Шеъре ҳаст, бо номи «Зоғи тақлидкор», ки ба кабк пайравӣ карда, ҳам аз ину ҳам аз он мемонад. Чунин кӯдакон барои аз худ намудани барномаи дарсӣ сахт душворӣ мекашанд ва дониши заиф доранд. Беҳтар он аст, ки фарзандон ба забони модарии худ хонанд, зеро дар мактаб аз синфи 2 омӯзиши забони русӣ ва аз синфи 3 забони англисӣ ба роҳ монда мешавад. Агар омӯзгорони ин фанҳо таълимро хуб ба роҳ монанд, барои мактаббачагон ҳамин кифоя аст. Ё худ, волидон метавонанд фарзандонро ба дарсҳои иловагии забономӯзӣ диҳанд, ки роҳи беҳтарини ҳалли мушкилист, - мегӯяд муаллим Дилбар Шарифова.
Рӯзгоре барои ибрат
Шуълаи маърифатхоҳӣ дар қалби Дилбар Шарифова аз хурдӣ аланга мезад, ки баъди фарҷоми дарсҳо аз мактаби миёнаи № 5-и шаҳри Кӯлоб боғи Мир Сайид Алии Ҳамадониро убур карда, сӯи ҳавлии падарӣ раҳ мегирифт. Баъдан, солҳои 1977–1981 Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ бо дипломи сурх хатм намуд. Бо даъвати омӯзгорони Донишгоҳ тули як сол ҳамчун лаборанти кафедраи педагогикаи умумӣ фаъолият кард ва баъди оиладор шудан дар МТМУ № 28-и деҳаи Сарёзии Болои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ корро ба роҳ монд.
Соли 1995 хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯч баст ва дар мактабҳо норасоии омӯзгорон, ки бармало буд, ӯро ба кор хонданд ва роҳбарии ду синфро ба зиммааш вогузоштанд. Ҳоло муаллим вуруди синни мубораки 63 гардида бошад ҳам, бе мактабу хонанда ҳастии худро ҳеҷ медонад.
- Чӣ неруе ҳаст, ки маро ба мактабу ҳалқаи кӯдакон мехонад, вагарна фарзандон ҳама рӯи коранду маро ниёз ба чизе нест. Волидони шогирдонам мегӯянд, ки мо дар тарбияи 3–4 фарзанди худ саргумем, офаринатон, ки бо беш аз 40 хонанда сари кор доред. Бароям ба ин миқдор талаба дарс гуфтан мушкил надорад, шояд таҷрибаи тули солҳо андӯхта асту меҳру муҳаббат ва садоқат ба ин пешаи бошараф. Борҳо мушоҳида кардаам, ки дар мактаб сиҳату болидаруҳаму дар хона нотоб мешавам. Ҳамкасбонам низ андешаи маро тақвият дода, мегӯянд, ки се моҳи таътили тобистона дардҳо хуруҷ мекунанду по аз бемористон канда намегардад. Шояд муҳаббати омехта бо масъулият ба кор моро руҳу тавон мебахшад, - бо табассум мегӯяд муаллим.
Туҳфаи ҷолиб
Ба хотири мавлуди мубораки модар фарзандон туҳфаи ғайричашмдошт – филми ҷолибе аз ҳаёт ва фаъолияти ӯ таҳия карданд. Момодояи муаллим, ки он овон духтари қадраси 20-сола буду ҳоло ба синни 83 қадам ниҳодааст, аз лаҳзаҳои ба ҳастӣ дида рӯшан кардани Дилбар Шарифова қисса менамояд. Баъдан, мактабу донишгоҳ ва ҳамсабақони айёми бачагиву ҷавонӣ рӯи навор меоянду ёди он рӯзгорон мекунанд. Мошине, ки муаллим - арӯсро савори он ба хонаи бахт мегуселонанд, пайдо мегардад, ки ровӣ паси чанбарак нишаста, муҳаррики онро ба кор медарорад. Хонаи шавҳар, бародарону хоҳарони ӯ, мактабу шогирдон, аксҳои сиёҳу сафеди рӯи дасти шогирдони муаллим, ки ҳоло худ бобову момоянд, ҷамъи дӯстону ҳампешагону пайвандон, дар умум 34 нафар васфи омӯзгор менамояду қиссаҳои аҷибу хотирмони он айёмро хотирнишон месозад.
Мактабе, ки ҳоло устод фаъолият дораду бо шавқ ба шогирдон сабақ медиҳад, ҳамтоёне, ки паҳлуи ӯ дар сафинаи маърифат шино доранду мекӯшанд дурдонаҳои донишро аз қаъри дарёи маънӣ дарёфта, нисори фарзандони халқ гардонанд.
Гоҳо омӯзгор ба андешаи амалҳои кироии содиршуда филмро батакрор тамошо карда, ғарқи хаёл мешавад, ки умри хешро то чӣ андоза босамар гузарондааст. Гоҳе, ки хаёли тарки омӯзгориро ба сар раҳ медиҳад, як хандаи беғаши кӯдакон, табассуми малеҳу чашмони дурахшону ҷӯёи дониши шогирдонро мебинад, ба худ иқрор меояд, ки ҳоло қувват дорад, ки ба онҳо сабақ омӯзаду зеҳну зарфияти хешро нисори фарзандони халқ созад.
Омина ХОҶАЕВА