Муҳаббат ба накҳати ёсуман, робитаи бемаҳдуд ба шеъру сухан ва ҷолибияти зиндагии ибратбахши як бонуи хушзавқ, гӯяндаи мисраъҳои зебо маро ба дидору суҳбати шоири шеърҳои ёсуманӣ, ки мисли номаш равшанигустару сафоовар аст, Субҳиябону иштиёқманд месохт. Бо тахаллуси Сапедаи Муҳаммад ашъорашро мехондаму дар фазои маҷозӣ дӯстони дерин будем. Ошноӣ бо ин бонуи пурлутфу назокат дар маҳфилҳои шеъри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт. Маҷмуаи хушобурангу хушнакҳати шоир «Шамими ёсҳои бунафш» буд, ки ба мо олами руҳонӣ, зиндагии ирфонӣ ва андешаҳои зебои муаллифашро оинадорӣ намуд. Бонуи ҳамеша фурӯтану серташвишро дар ашъораш шоири ботамкину ошиқу меҳрубон бо диле озода дарёфтам. Чуноне худ мегӯяд:
Ишқро бо дарди дил иншо намудам, шеър шуд,
Ошиқиро матлаи иншо намудам, шеър шуд.
Зиндагиро бо ҳама афсонаи буду набуд,
Дар дили ошиқнавозам ҷо намудам, шеър шуд…
Субҳия Зоҳидова дар баробари шоири муваффақу модару бибии мушфиқ будан, омӯзгори асил асту рӯзгори хешро вақфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст. Дилкашолӣ ба суҳбат маро ба коргоҳи Субҳиябону «Мактаби муосири байналмилалӣ» раҳнамоӣ кард. Истиқболи гарму самимӣ гувоҳ аз дарёдиливу равшанниҳодии як зани муваффақи тоҷик аст. Чашми ба зебоӣ хӯкардаи шоир дасту дили ӯро водор сохтааст то дафтари корашро ба гӯшаи бедори табиат табдил диҳад. Гулҳоро дӯст медорад ва аз зебоии онҳо илҳом мегирад, бо гулҳояш рози дил мегӯяд Субҳия:
Ба марги гул бигирям, ба хоки гул нишинам,
Ба гӯши ғунча хонам фиғони сӯгворӣ.
Субҳиябону, ки зодаву парвардаи нони омӯзгорист, бо ҳарорат дар бораи касби хеш ҳарф мезанад: -Баъзан меандешам, ки аз модар махсус барои омӯзгорӣ ба дунё омадаам. Шояд, аз он сабаб бошад, ки дар шарёни ман меҳри муаллимӣ ҳам аз тарафи модар ва ҳам аз тарафи падар ҷорист. Зодмандонам (равонашон шод бод!) ба шеъру сухан дилбастагии фузун доштанд. Ҳарду ҳофизхону ҳофиздон буданд ва дар ҳар маврид аз абёти бузургон шеър мегуфтанд. Ин дилгармиҳои ман ба шеъру омӯзгорӣ меросӣ аст.
Волидони Субҳия тавонистаанд ҳама фарзандонро соҳиби маълумоти оливу касби дӯстдоштаашон гардонанд. Субҳиябону низ соли 1985 бо дуои модару раҳнамоии падар, баъди хатми Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, ба кори заҳматталаби омӯзгорӣ оғоз менамояд. Аввал дар мактаби миёнаи №46-и ноҳияи Рӯдакӣ, баъд дар МТМУ №91-и ноҳияи Сино ва аз соли 1999 дар муассисаи бонуфузи «Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе» фаъолият бурда, аз соли 2021 дар «Мактаби муосири байналмилалӣ» ҳамчун муовини аввали директор адои вазифа менамояд. Ба ҳар шогирд чун бар ниҳоли нозуки ёсуман муҳаббат мебахшаду парвариш мекунад. Аз таровату шамими гулҳои парвардааш меболаду менозад. Дар баробари кори душвори таълиму тарбия розҳои дилашро манзуму мавзун намуда, дар паноҳи олиҳаи илҳом хастагиро рафъ месозад. Субҳия бо азми қавию муҳаббати фаровон тавонистааст шеъру омӯзгорӣ-ду дунёи маърифатро ба ҳам пайванд созад:
- Шеър дунёи сапеду равшанест, ки фақат нуру зиёву сафо дорад. «Шеър аст зиндагии пур аз меҳру содаам»,- гуфтаам дар як ғазалам. Омӯзгорӣ бошад, гуногунрангу гуногунҳавост. Шоириву омӯзгорӣ мисли ду кӯҳи устуворанд, дар паллаҳои тарозуи хоҳишу орзуҳоям ҳарду вазни баробар доранд. Ман сад бори дигар ҳам, агар ба дунё оям, омӯзгор мешудам ва ҳам шеър мегуфтам, - рози дил мекушояд Субҳиябону.
Шеър тулӯъи тозаӣ, дасти маро раҳо макун,
Ман зи ту мекашам нафас лаҳзаи хушгуворро…
Омӯзгори мушфиқу шоири хушзавқ дар рӯзгор низ муваффақ аст. Дуои волидони шавҳарро гирифтаву бо назму тартиби хоси хонадорӣ боғчаи ҳавлиашро ба биҳишти воқеии пайвандонаш табдил додааст. Шавҳари Субҳиябону, Наимҷон Ҳомидов, ки ҳамчун муҳандиси роҳ дар тармиму таҷдиди роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ фаъолияти шоёни таҳсин дорад, сипосгузор аз тақдир аст, ки чунин отифаи пуркору мушкилнописанд ва заҳматқарину зебопараст ҳамсафари ҳаёти ӯ гардидааст. Фарзандон низ дастандаркоранд…
Модар бо ашки ҳалқа дар чашм фарзандони раҳдури худро ба ёд меорад:
- Ҳарчанд воситаи иртиботи маҷозӣ бемаҳдуд асту ҳар лаҳзаву ҳар соат аз ҳоли ҳамдигар огоҳем, ба дуриашон ҳеҷ одат накардаем. Фарзандон дар он тарафи уқёнус ҳам дар фикри моянду пайваста ғамхорӣ мекунанд. Ин баҳор барои падару модар саёҳат ба Аврупоро ҳадия карданд. Аз Австрия ба Испания, аз Итолиё ба Фаронса сафар доштему аз зеботарин маконҳои сайёҳӣ, осорхонаву осоишгоҳҳои машҳури дунё бо руъёи зеботарину хотирмон ба Ватан баргаштем. Шукр мекунам, ки фарзандонам дар кишварҳои муқими худ Амрикову Австрия ва Русия Тоҷикистони азизро бо одоби шарқиёна ва анъанаву самимияти тоҷикона намояндагӣ мекунанд ва ифтихор аз тоҷик будани худ доранд, - бо оҳи тавъам ба шукр илова мекунад модар.
Рӯзгори Субҳиябону, чун шеърҳои латифаш, руҳбахшу омӯзандааст. Хонандагони муассиса, ки аксарашон фарзандони миллатҳои гуногунанд, бо ҳаяҷони фаровон соати дарси муаллимро пазмон мешаванд. Ӯ дар симои ҳар нафари онҳо ҷигарбанди худро мебинад ва бо муҳаббати бекарон ба насли наврас аз забону адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Бо фурӯтании хос ҳеҷ гоҳ аз пайи дарёфти ҷоизаву ифтихорномаҳо нарафтааст. Балки шогирдони барӯманд, зиндагии шоиста, фарзандони соҳибмаърифат ва китобҳои шоир беҳтарин ҷоизаву унвони ӯянд. Муваффақиятҳои худу фарзандонашро Субҳиябону подоши дуои неки бузургсолон медонад…
Мафтунаи ҚОСИМ