Мунира Абдулло аз Аморати Муттаҳидаи Араб пас аз 27 соли мадҳушӣ ба ҳуш омад. Соли 1991 вай дар садамаи автомобилӣ писари чорсолааш Умарро сипар шуд, то фарзанд осебе набинад ва ба ин тариқ, ӯ писарро аз марг наҷот дод.
Садамаи нақлиётӣ ҳангоми 32-сола будани Мунира рух дод. Мошини сабукраве, ки бародари шавҳараш сари чанбарак менишаст, ба автобус бархӯрд. Мунира он замон бо писараш Умар дар нишастгоҳи ақиб қарор дошт. Ба модар муяссар шуд, ки ҳини фоҷиа писарашро наҷот диҳад.
Писараш Умар тули ин солҳо ба мадҳушии модар таслим нашуд ва бовар дошт, ки вай ҳатман рӯзе бедор хоҳад шуд.
Мунираро аз беморхонаи зодгоҳаш барои табобат ба Лондон интиқол додаанд. Чанде пас беморро ба АМА баргардонданд. Ба Мунира тавассути найча ғизо медоданд ва баъзан физиотеропия мегузарониданд, то мушакҳо ба кор дароянд.
Соли 2017 аз ҷониби суди валиаҳд грант пешниҳод намуданд. Маъмурияти беморхона барои интиқол додани Мунира ба Олмон маблағ пешниҳод кард. Дар ин кишвар барои пешгирии харобшавии ӯ амалиёти ҷарроҳӣ анҷом доданд ва барои беҳтаршавии ҳолати вай ба дорудиҳӣ шуруъ карданд.
Пас аз як сол дар Олмон вақте писари Мунира бо кормандони бемористон бо садои баланд баҳс мекард, модар баногаҳ ба ҳаракат омад. Зеро ин бону эҳсос кард, ки фарзанди вай ҳоло ҳам дар хатар аст. Модар садоҳои аҷибе баровард ва Умари пурҳаяҷон аз духтурон хоҳиш кард, ки модарро муоина кунанд. Табибон ҳолати беморро муътадил баҳо доданд.
Пас аз се рӯз Умар аз садои модар бедор шуд, ки номи ӯро ба забон меовард. Орзуи чандсолаи писар амалӣ шуд ва модар аз ҳолати мадҳушӣ (кома) берун шуд ва тадриҷан ба худ омад.
Модару писари хушбахт аз Олмон ба ватан баргаштанд ва барои барқарорсозии сиҳатии комил саъю талош варзиданд.
Таҳияи Мадина Балаҷонова