Садои зангӯлаи мактаб хабар дод, ки боз як рӯзи омӯхтану андӯхтан ба охир мерасад. Кӯдакони хушбахт дар даст ҷувздону дар сар донишҳои наву тоза сӯйи хонаҳои худ мешитобанд. Дар ин соат, ки кормандони муассиса азми рафтан ба хона доранд, директори мактаб банди кору дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои худ аст. Дафтари корӣ мисли оинаи муҷалло бозгӯкунандаи вуҷуди зебоипарас¬ту заҳматписанди ӯст. Дар поёни соати корӣ ҳуҷҷату дафтарҳо ва ҳатто ғизои нисфирӯзии сардшудаи як гӯшаи миз гувоҳи онанд, ки роҳбари МТМУ №37-и ноҳияи Сино ҳамеша саргарми кор асту бо ин дилмашғулӣ гузашти вақтро эҳсос намекунад. Муаллимон барои гирифтани муҳру имзо, шаҳрвандон барои муроҷиат дар пушти дар навбат мепоянд. Онҳо роҳбаре доранд, ки сарфи назар аз вақту соат, бо фурӯтаниву муҳаббати самимӣ, ҳамеша дар хидмат аст. Ин сифатҳои неки роҳбарӣ Нисо Бобоёрзодаро дар байни ҳамкасбону зодмандони хонандагон маҳбубу маъруф кардааст.
Аз муаллим будан ифтихор дорад, Нисобону, ки бо руҳи шикастнопазир рисолати хешро ба иҷро мерасонад. Вақте пурсидем, ки ин ҳама муҳаббат ба касби омӯзгорӣ аз куҷо сарчашма мегирад, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад:
- Падари равоншодам омӯзгор, ходими давлатӣ ва рӯзноманигор буданд. Пайванди ман ба он кас беш аз пайванди як фарзанд буд. Аз байни фарзандон танҳо ман мехостам мисли қиблагоҳ бошам. Падар омӯзгори аввалин, маслиҳатгари беҳтарин ва идеали ман дар зиндагӣ буданд. Дар солҳои наврасиам дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» кор мекарданд ва суханашон вазну қудрати созанда дошт. Аз тирезаи хонае, ки дар он машғули кор мешуданд, ба навиштанҳояшон бо ҳавас менигаристам. Ба меҳмонони падар, ки аҳли зиё буданд, шеър мехондам ва рафтору гуфторашонро дар танҳоӣ тақлид мекардам.
Омӯзгор бо самимияти фаровон аз рӯзгори наврасӣ, дар бораи падари бомаърифату зиёии хеш, модари серташвишаш қисса мегуфт, ки 10 фарзандро соҳиби маълумоти оливу касби дилхоҳашон кардаанд. Нисобону низ баъди хатми мактаби миёна соли 1985 ҳуҷҷатҳояшро аввал ба риштаи рӯзноманигории Университети давлатии Тоҷикистон супурд, вале бо пешниҳоди падар ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд.
- Ҳарчанд дар дилам орзуи рӯзноманигорӣ ҷӯш мезад, корро аз омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз бахшидам. Вақте кӯдакон бо муҳаббат «муаллимаҷон» мегуфтанд, ба ваҷд меомадам. Тифлакон бо самимияти беандозае, ки ба одаму олам доранд, дили маро ба касби омӯзгорӣ моил намуданд. Баъдтар ба хонандагони синфҳои болоӣ дарс мегуфтам, муваффақияти шогирдонам дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмуну чорабиниҳо маро бештар шефтаи пеша мекард. Бо тақозои зиндагӣ ба шаҳри Душанбе омадам ва ба хотири фарзандакони хурдсолам соли 2005 фаъолиятро ҳамчун мураббии боғча идома додам. Таҷрибаи омӯзгориам боис шуд, ки гурӯҳи тайёрӣ ба мактабро ба ман бовар намуданд. Бо аёниятҳои гуногун, бо барномаи ба синни кӯдакон муносиб ба тифлакон донишҳои аввалинро омӯхтан, муҳаббати самимии онҳоро эҳсос кардан бароям пару бол мебахшид. Ҳамзамон, дар курси такмили ихтисос ба мураббиёни боғчаҳо дарс мегуфтам. Ин буд, ки соли 2011 дар даври ниҳоии озмуни «Мураббии сол» ғолиб омадам, – ба ёд меорад Нисобону.
Дар озмуни ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи мутахассиси томактабӣ аз байни 12 довталаб ғолиб омад. Баъдан дар МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур низ кор кард. Заҳмати софдилона ва масъулиятшиносии Нисобонуро ба назар гирифта, соли 2014 директори МТМУ № 79 таъин намуданд. Аз соли 2014 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 79, 60, 84 ва 37 фаъолияти дошт.
- Дар аввалин рӯзи кории директорӣ падарам дуои хайр дода, насиҳат карданд, ки ҳеҷ гоҳ ба худ, ба касб ва ба боварии роҳбарият хиёнат накунам. Барои маҳбуб шудан дар байни кормандон бояд пеш аз онҳо дар кор бошию баъди онҳо аз кор равӣ, ҳамагонро бо рӯйи кушод пешвоз гир. Ҳамин суханҳои ҳикматомези падар сармашқи кори ман буданд ва шукр, ки то имрӯз дар ҳар ҷое, ки фаъолият бурдам, бо сари баланд вазифаамро иҷро намудам, -мегӯяд Нисо Бобоёрзода.
Нисобону дар баробари роҳбари сахтгиру хушкор ва омӯзгори мушфиқ будан, дасту дили кушод дорад ва дар сахову меҳрубонӣ низ намуна аст. Дар солҳои директорӣ дар МТМУ № 79-и ноҳияи Сино ду кӯдаки бепадарро, ки модаронашон омӯзгори он муассиса буданд, аз ҳисоби худ хатнасур кард. Хонандагони МТМУ № 37 бо роҳбарии директори дастгиру ғамхор ва омӯзгорони азизашон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат меварзанду номбардори волидону мактаб ва кишвари худ мешаванд.
Дар баробари омӯзгорӣ ва роҳбарӣ, ки пешаи заҳматталаб аст, Нисобону ҳамеша мураттабу зебост ва тавонистааст фарзандонро тарбияи шоиста диҳад ва соҳиби маълумоту зиндагии обод созад. Зиндагиву корро ҳамоҳанг пеш бурдан ба дӯши нозуки занон душвор аст. Ин душвориро ӯ бо дақиқкорӣ, мушкилнописандӣ ва ишқи беохир ба оилаву касбу Ватан пушти сар мекунад.
- Хушбахтии ҳар зан аз худи ӯ вобаста аст. Агар мо зиндагиву корамонро баробар дӯст дорем, муваффақ мешавем. Қатъи назар аз рӯзҳои душвор дар хонадон, ман бо дили шод ба кор меоям, то кормандонам нохушии авзоямро эҳсос насозанд. Бекориро дӯст намедорам ва ҳар дақиқаи умрамро самаранок истифода мебарам ва пешакӣ нақшаи кор тартиб медиҳам, то кори имрӯзро ба фардо нагузорам, - иброз медорад Нисо Бобоёрзода. Ӯ бо собиқаи 31-солаи корӣ хушбахт аз он аст, ки тавонист пайрави арзандаи қиблагоҳ бошаду дар ҷомеа мавқеи ба худ хосро соҳиб шавад.
Мафтунаи ҚОСИМ