Дар ноҳия мардум ӯро хуб мешиносанду эҳтиромашро қоиланд. Ӯ, воқеан ҳам, сазовори эътимоду эҳтироми атрофиён аст. Дар тамоми чорабиниву ҷамъомадҳо, дар ғаму андуҳ ва шодиву нишоти мардум шарики ҳамешагист. Эҳсос менамояд, ки халқ чӣ мехоҳад, зеро аз пешаи омӯзгорӣ ба ин самт омада, чун устоди нуктасанҷ бонувони ноҳияро роҳнамоӣ менамояд.
Тоҷинисо Расулова зодаи ноҳияи Вахш буда, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Модари ҳунармандаш дар тарҳи либоси фарзандон доим тағйироте ворид месохт, ки миёни дигар кӯдакони деҳ фарқкунанда буд. Духтарон дар баробари маълумоти олӣ аз модар ҳунарҳои дастиро ёд гирифтанд. Дар тӯю маъракаҳои ҳамдеҳаҳо нақши дастони ин хонадони ҳунармандро дидан мумкин аст. Тоҷинисо дар мактаб мехонду барои рӯзномаи ноҳиявии Вахш хабару мақола менавишт, ки устодон аз шогирди қаламкашашон ифтихору умедвориҳои зиёде доштанд. Духтари донову зебои деҳаро ҷавони ҳамдеҳааш таги чашм кард. Онҳо оила барпо намуда, ҳамзамон дар риштаи ҳуқуқ ва таърих таҳсил намуду дипломи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро гирифт.
Ногувориҳо
Хотираҳои инсон аз рӯзҳои хушу нохуш мураттабанд, ки бо ба ёд оварданаш касро гаҳе шоду гаҳе ғамгин месозад. Дар рӯзгори бону Тоҷинисо низ чунин рӯзҳо ҷой доранд. Замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ омӯзори мактаб буду ҳолу ҳавои деҳа бас сангин. Садои тиру туфанг ба мағз – мағзи ҷон мерасид.
- Як рӯз назди танӯр нон мебастам, ки аз хонаи ҳамсоя садои бачамой баланд шуд. Зуд ба ҳавлии ҳамсоя рафта, пурсидам, ки чӣ гап аст. Модари хонадон бо ашки шашқатор гуфт, ки бачаҳои қишлоқро куштаанд ва ҳоло онҳоро меоранд. Пас аз чанде мошини боркаши «КамАЗ» падид омад. Аз зери бордони он хун мешорид, хуни 12 нафар писараки бегуноҳи деҳа. Як рӯзи маҳшар буд…
Ҳар рӯз аз он кӯча гузашта ба кор меравам, ҳар рӯз он манзараву хуни ноҳақ рехтаи он ҷавонон пеши назарам ҷилвагар мешаванд ва шукри ин осоиштагии кишварро мекунам, - мегӯяд
Т. Расулова.
Тоҷинисо Расулова мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш аст. То ба ин мақом расидан, ӯ омӯзгор, муовини директор, директори Литсеи давлатии ноҳияи Вахш буд.
- Зан дар хона бояд эҷодгари фазои махсусе бошад, ки наздикон аз муносибати бонуи оила сабақи нек гиранду ӯро пайгирӣ намоянд. Зан дар ҳама ҳолат бояд босабру ботаҳаммул бошад. Дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт мард ба ӯ ва ӯ ба мард такягоҳ гарданд. Дар ин ҳолат метавон, шебу фарози зиндагиро бо сарбаландӣ убур намуду аз зиндагии хеш ризо гашт, - иброз медорад бонуи дилогоҳ.
• Ноустувории оилаҳои ҷавон
Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои навбун¬ёдро дар тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва нофаҳмӣ байни арӯси хонадону хушдоман медонад.
-Ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳолати ногуворест. Мо санги маломатро доим сӯи ҷавонон мезанем, ки дониши кофӣ надоранд, тарбияи оиладориро намедонанд. Дарвоқеъ, аз оилаи носолим интизории оилаи солимро кардан муҳол аст. Вақте духтар аз камбудиву мушкилӣ ё нофаҳмии оилавӣ ба модар дарди дил мекунад, бисёре аз модарони мо ба ҷои насиҳату роҳнамоӣ тарафи духтарашонро мегиранд. Дар натиҷа оила барҳам мехӯрад. Бисёрии занони ҷудошуда савод, ҳатто ягон ҳунар надоранд, пас чӣ гуна онҳо метавонанд рӯзгор пеш баранд. Пошхӯрии оилаҳо сабабҳои зиёд дорад ва то ҳол мутахассисон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Баъди ҷудо шудан аз ҳамдигар, ҷавонон ба ҳолати бади руҳиву равонӣ ва асабоният гирифтор мешаванд ва ояндаи фарзандони онҳо зери суол мемонад…
Дар ноҳияи мо оилаҳои намунавӣ зиёданд, нақша- чорабиниҳое мисли «Зан ва Истиқлол», «Занони ваҳдатофар», «Рӯзи Модар» гузаронда мешаванд, ки дар он занони ноҳия иштирок ва суханронӣ мекунанд.
Истиқлоли давлатӣ барои мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони моро ба арсаи васеи роҳи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеву манзалати занонро дар рушди иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватандорию ватанхоҳӣ ва бунёдкорию гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз заминаи устувор гузошт, ки ин ҳама боиси сарфарозист.
Фарзонаи ШАЪБОН