Нақши ин бонуи заҳматдӯст дар фаъолияти корхонаҳои як гӯшаи диёр назаррас аст. Кори ҳаррӯзаи ӯ бо муошират, маслиҳат, пур кардани ҳуҷҷатҳои шахсони гуногун оғоз меёбад. Ҷолиб аст, ки вай зиёда аз 30 сол боз аз ин пеша нону ном ёфтааст. Содиқ ба пеша буду баҳри осон намудани мушкилиҳои мардум саъй мекард. Овозаи хушсуханӣ ва самимияташ нисбат ба пеша моро ба коргоҳи ин бону овард. Мушоҳида намудем, ба корафтодагон хеле самимӣ муошират мекард, ба ҳар суоли онҳо то охир гӯш дода, ҷавоби мушаххас мегардонд, ки суолдиҳанда қаноатманду болидаруҳ мегашт. Мо низ, аз муомилаи хуби ӯ бенасиб намондем…
Саломат Қурбонова дар ноҳияи Спитамен дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳ гирифта, риштаи иқтисодро пазируфт. Доим ба модар рози дил мекард, ки мехоҳад дар коргоҳи давлатие фаъолият бараду мушкилоти мардумро осон намояд. Модар орзуҳои духтарро шунида, дуои некаш дод ва гуфт, ки ҳеҷ гоҳ бо ҷабини гирифта, муомилаи дағал бо корафтода ҳарф назан, ки баракату обрӯро аз ту дур месозад. Саломат пайи орзуҳо талош кард ва ба қуллаи мурод расид. Волидон маълумоти олӣ надоштанд, вале дар соҳибмаълумотгардонии фарзандон саҳм гирифтанд. Ҳамин буд, ки духтарон ва писари хонадон донишгоҳҳоро бо дипломи сурх поён бурда, ҳар яке дар соҳаи худ муваффақ шудаанд. Дар муҳити оилавӣ онҳо дарси инсонгариро омӯхтаву аз рӯи насиҳату маслиҳати волидон кор мегиранд. Саломатбону пас аз ба даст овардани дипломи соҳаи иқтисод пайи кор шуд.
Корро вай аз шуъбаи молияи ноҳияи Спитамен оғоз кард. Пас аз барпо намудани оила дар шуъбаи даромадҳои давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҳайси иқтисодчии калон корро давом дод. Баъдан ҳамчун сармутахассис то соли 2009 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолият дошт. Дар солҳои минбаъда ба ҳайси мудири бахши бақайдгирии давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, сардори шуъбаи ҳисоботи ноҳияи Шоҳмансур, сардори шуъбаи ҳисоботи ноҳияи Фирдавсӣ, дар айни замон бошад мудири бахши бақайдгирии давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аст.
Моҳияти иқтисодии андоз ин аст, ки давлат ба воситаи истифодаи ин фишанги иқтисодӣ як ҳиссаи муайяни даромади давлатро дар шакли марказонидашуда ҷамъ оварда, ба ин васила хазинаи давлатро ғанӣ мегардонад ва маблағҳои қисми даромади буҷетро барои таъмини рушди иқтисоди миллии кишвар, бахусус соҳаҳои афзалиятноки миллии он, саҳмгирии зарурӣ дар амалӣ намудани вазифаҳои иҷтимоӣ, давлатӣ ва ғайра сарф менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати андозро бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардонад.
Саломат Қурбонова дар ҳалқаи фарзандони хеш модари маҳбуб асту баҳри наберагонаш бибии ягонаву меҳрубон ва барои арӯси хонавода маслиҳатгари бебаҳову модари дуввум. Бо ҳамсари мушфиқу ғамхораш дар таълиму тарбияи чор фарзанд саҳми баробар гузоштаанду бо маслиҳату машварати ҳамдигар ҳаёти бобаракату пур аз ҳусни тафоҳум гузаронидаанд.
- Беҳтарин ҳадяи сарнавишт бароям он аст, ки оилаи солиму намунавӣ дорам ва бар замми ин тавонистаам, ки заррае ҳам бошад, баҳри халқу Ватанам хидмат намоям. Ҳар гоҳе, ки аз муваффақияти як ҳамватанам огаҳ мешавам зиёд меболаму ифтихор мекунам, ки баҳри ободии Ватан камар бастааст. Орзуи ман ба мисли тамоми модарони дунё сулҳу оромии Ватан ва сиҳативу хушбахтии фарзандон аст, - иброз дошт дар интиҳои суҳбат ин бону.
Воқеан ӯ тавониста зиндагиву корро ба ҳам ҷӯр намояду саҳме дар пешрафти ҷомеа гузорад. Таҷрибаи андӯхтаи ин бонуи кордон ва соҳибмақом намунаи ибрати бисёре аз ҷавонон буда метавонад.
Фарзона ВОСЕЕВА