Дар зарфи чилу ҳашт соли омӯзгорӣ таҷрибаи зиёдеро аз пеша андӯхт. Инсонро шинохт ва ба ҷомеа бо таълиму тарбияи дуруст шогирдони зиёдеро муаррифӣ намуд. Имрӯз дастпарварони Мавҷуда Мустафоқулова дар ҷодаҳои гуногун фаъолият дошта, саҳмашон дар рушд ва ташаккули ҷомеа назаррас мебошад. Хизмати устод дар самти маорифи тоҷик ва таълиму тарбияи насли наврас бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Суҳбати ӯ ҷаҳони пур аз маъниро мемонад ва ҳар ҳарфаш дарси зиндагист. Тасмим гирифтем, то порае аз зиндагии устоди пурҳунарро пешкаши хонанда намоем.
Бо раҳнамоии модар
Дар интихоби пеша модар раҳнамоям шуд. Модари танҳоям, ки 8 фарзандро бепадар ба воя расонд, орзу дошт, то босаводу соҳибмаълумот бошем. Пайваста таъкид мекард, ки илм омӯзем, китобхон бошему ҳамадон. Дар баробари он ки фаъолияташро дар озмоишгоҳи мактаби деҳа чун лаборант идома медод, инчунин, барои фароҳам овардани шароити хуб ба фарзандон обчакорӣ карда, ҳосилашро ба бозор мебаровард. Гову молбонӣ карда, маблағашро пасандоз менамуд. Ҳамин дастгириҳои модар буд, ки фарзандон яке муаллим, дигаре духтур, сеюмӣ ҳуқуқшинос ва ғайра шуданд. Хуллас, бо заҳматҳо ва дастгириҳои модар ҳар яке ба мартабае ноил гардида, дар ободии ҷомеа нақши мондагор дорад.
Ман пешаи омӯзгориро интихоб намудам. Касбе, ки ҳанӯз аз табори мо касе аз пушти он нон нахӯрда буд. Алҳол, дар МТМУ № 181 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба хонандагон сабақ медиҳам.
Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳам деҳаи Конститутсия, дар мактаби миёнаи № 50-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) гирифтам. Солҳои 1971 – 1976 дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон таҳсил намудам. Бо хатми Донишгоҳ панҷ сол ба кори омӯзгорӣ пардохтам. Солҳои 1982 – 1985 дар шуъбаи тарғиботии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия котиби озоди ҳизбӣ будам. Баъдан, дар мактабҳои № 6 ва 13 омӯзгориро идома додам. Як давра роҳбарии МТМУ № 13 - и деҳаи Тайланободи Ҷамоати деҳоти Лоҳурро бар уҳда доштам. Бо дастгирии сарпарастон ин муассисаи таълимиро, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, пурра аз нав барои 500 хонанда сохта, ба истифода додем.
Аз таҷриба
Ҳар муаллим усулу равиши дарсгузарии хоссаи худро дорад. Тули солҳои омӯзгорӣ бо усулҳои ҳампешагон ошно шудам ва, инчунин, тавонистам шеваи кории худро пайдо намоям, вале бештар бароям усули анъанавӣ писанд аст. Гоҳе ёд аз равиши дарсгузарии устодони замони мактабхониам Очилдӣ Холматов ва Фозилов менамоям, ки ба пиндорам пурмаҳсул ҳам буд. Дар ин усул хонанда озод аст ва бо андешаю дарки хоси худ мавзуъро аз бар менамояд.
Баъзе омӯзгорон хонандаро водор мекунанд, ки шеъру достон, таърифи теоремаву формулаҳоро қориазёд кунанд. Талаба аз ин «сахтгирӣ» афсурдаҳол гашта, руҳан азоб мекашад. Танбалу дарсгурез, ҳатто сустхон шудани бархе аз хонандаро сабаб ҳамин маҷбуркунии бемаврид мебошад.
Азёдкунӣ ҳам истеъдод аст. Табиист, ки на ҳар хонанда қобилияти ҳар чӣ тезтар азёдкунии шеъру ғазал ва азбарнамоии мавзуи риёзиро дорад. Аз ин хотир, фишор овардан ба талаба зарур нест, фақат маълумоти кӯтоҳе пайдо намояд, кофист. Бигзор барои омӯзиши фанҳои дигар вақт ёбад ва дилгир аз дарстайёркунӣ нашавад.
Аз таҷрибаи корӣ хулоса метавон кард, ки дарку қабулкунии хонандаи имрӯза нисбат ба солҳои пеш хеле суст аст. Воқеан, гоҳе меандешам, ки чаро чунин шуда? Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид ва волидонро вазифадор намуд, то ба таълим ва тарбияи фарзандон ҷиддӣ кор гиранд, имрӯз робитаи онҳо бо мактаб ба таври зарурӣ қавӣ нест. Ин ғалати волидонро дар рӯзномаи хонанда мушоҳида кардан мумкин аст, ки моҳҳо аз ҷониби калонсолони хонавода назорат нашудааст. Робита байни волидон ва мактаб мебоист ногусастанӣ бошад, зеро ин ҷо ҳарф сари тарбияи инсон ва ояндаи миллат меравад. Бахусус, дар ин мавзуи ниҳоят муҳим, ки ба ояндаи миллат пайвастагӣ дорад, набояд бетараф ва бетаваҷҷуҳ буд.
«Сиёсат» - и муаллим
Гирди ин ибора андешаҳо зиёданд. Яъне, таваҷҷуҳ ба омӯзгор ва қадри пеша то ҷое дар ҷомеа кос¬та шудааст. Гӯё омӯзгори имрӯза, ба истилоҳ «сиёсат»-ро аз даст додааст.
«Тарс» ва «эҳтиром» вожа¬ҳоеянд, ки бояд бо ҳам тавъам набошанд. Эҳтироми байни устоду шогирд аз муҳаббати самимӣ бошад, на аз тарс. Бахусус, ба хонандаи замони муосир бо тарсондан таъсир расонда наметавон. Агар бо гузоштани баҳои «2» тарсонданӣ бошед, хонандаи имрӯза аз ин ба ҳеҷ ваҷҳ руҳафтода намегардад.
Эҳтироми омӯзгор замоне побарҷост, ки аз аҳволи саломатию зиндагӣ ва шароити хониш, будубоши хонаводаи хонанда огаҳ бошад. Яъне, иртиботи муаллим бо талаба зич гардад. Баъдан, заҳмати муаллим қадр ва кораш шоистаи баҳои сазовор дониста шавад.
Сиёсати муаллим донишу малака ва маҳорату истеъдоди ӯст, ки варо бо хонанда наздик менамояд. Устод бо шеваю усули хос метавонад хонандаро ба худ ҷалб созад. Оромӣ ва низомро дар синфхона фароҳам орад, зеро тарбия набошад, таълим ҳам намешавад.
АНОҲИТО