Ӯ соли равон ҳафтодумин баҳори ҳаёти бобаракати хешро истиқбол мегирад. Ҳафтод соли заҳмату барорҳо ва киштаҳову сариштаҳои умри ин бонуи хушиқбол шоистаи таҳсину тавсифу пайравист. Ҳамоно ҷавону тануманд ба чашм хӯрда, то кунун неру ва таҷрибаи андӯхтаи хешро бар нафъи ҷомеа масраф месозад.
София Мирзоалиева дар рақамикунонии ҳуҷҷатҳои бойгонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ саҳми арзанда дошта, ҳоло дар шуъбаи умумии ин ниҳод фаъолият мебарад. Чун зарурати ҳуҷҷатнигорӣ ба миён омаду эътимоди роҳбарияти Вазорат ба таҷрибаи ғании Софиябону зиёд буд, соли 2014 ин вазифаи бомасъулиятро ба уҳдааш гузоштанд, ки дар ин самт заминаи аввалро гузорад.
Таҷриба
София Мирзоалиева баҳманмоҳи соли 1953 дар шаҳри Душанбе дида рӯшан карда, дар мактаби русии № 22-и пойтахт таҳсил намуд. Баъди ду соли хониш дар Техникуми шаҳри Душанбе фаъолиятро дар фабрикаи чармдӯзӣ, дар озмоишгоҳ шуруъ намуда, баъдан дар истеҳсоли моделҳои нави ҷувздону дастанҷом, либосҳои махсуси корӣ ва варзишӣ кор кард. Дар ин давра беш аз 40 шогирдро тарбия намуд. 37 сол дар истеҳсолот заҳмат ба бор бурд. Соли 1972 ӯро вакили Шурои вакилони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе интихоб карданд ва дар се даъват тули 20 сол бори ин масъулиятро бар дӯш дошт. Барои хидматҳои шоён ӯ бо ордени Шараф ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр гардид.
Ҳосили муҳаббат
Падари Софиябону Музаффар Давлатов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буд. Бо ҳасрат мегуфт, ки ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод гашт, аммо он танҳо дар сухан монд. Ба зебосанами рус Анастасия Вострикова дил басту баъди ҷанг ӯро аз шаҳри Воронеж ба шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) овард. Ҳарчанд волидон интихоби ӯро напазируфтанд, билохира ба муҳаббати ҷавонон тан доданду ҷашни арӯсӣ оростанд. Ҳамин тариқ, соҳиби 6 фарзанд шуданд. Музаффар Давлатов афсари шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур) буду завҷааш Анастасия хонашин. Фарзандонро тарбияи хуб дода, соҳиби маълумоти олӣ намуданд. Софиябону аз волидони некномаш сабуриву некхоҳӣ ва фазилатгустариро ба мерос гирифта, дар шарёни панҷ фарзанди хеш ин сифатҳоро ҷой додааст.
Тарбия аз чӣ оғоз мегардад?
Ҳамсари мушфиқи Софиябону Гулмурод Мирзоалиев умри худро ба таълиму тарбияи фарзандони халқ бахшид. Дар мактаби миёнаи № 19-и шаҳри Душанбе аз фанни таърих ба хонандагон дарс мегуфт. Ҳар рӯз барои фарзандон китобҳои гуногун ҳадия меоварду мекӯшид, то ҷаҳони маънавии фарзандон ғанӣ гардад. Ҳамин тариқ, китобхонӣ шуғли маъмулии хонадон гардид.
- Мутолиаи зиёд меҳру муҳаббати байни инсонҳоро меафзояд, бахусус, муҳаббати байни пайвандон, некиву накукорӣ ва инсондӯстиро. Самари китобхонӣ он аст, ки амалу хислатҳои бад¬ро аз ботини кас оҳиста-оҳиста мезудояду ба меҳнатдӯстӣ ва ташаббускориву созандагӣ ташвиқ месозад. Анъанаи неки китобхониро аз аввал дар хонавода роҳандозӣ намудем, то кунун пойдор аст ва ҳоло набераҳо низ бо шавқ мутолиа менамоянд, - изҳор медорад Софиябону.
Фарзанди нек боғи падар
- Фарзанд дона, набера мағзи дона, - бо табассум мегӯяд Софиябону. – Ҷигарбандонамро дӯст медорам, аммо дӯст доштани набераҳо дигар аст, хаёлам, боиси ҳастӣ ва нишоти умрам маҳз онҳоянд. Байни волидону фарзандон, набераҳо бояд робитаи қавӣ, меҳру муҳаббат пойдор бошад. Вақте калонсолон ба муваффақияти фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, саъю кӯшиши онҳо дучанд мегардад, - мегӯяд ӯ.
Фарзандони ин бонуи некном ҳама таҳсилдидаву соҳибэҳтироманд. Фарзанди калониашон Рустам Мирзоалиев факултети иқтисодии яке аз донишгоҳҳои шаҳри Москваро хатм намуда, ҳоло бо хонаводаи худ дар ин шаҳр сукунат дорад. Суҳроб хатмкардаи факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва ҳуқуқшиносӣ буда, дар ИМА фаъолият менамояд ва мураттиби чанд луғати истилоҳоти русиву англисӣ мебошад. Зарина риштаи иқтисод ва муҳосиботро ба итмом расонда, бо аҳли хонавода дар шаҳри Липетски Федератсияи Россия зиндагӣ мекунад. Наргис корманди фаъоли яке аз ширкатҳои мобилӣ асту Бахтиёр хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мебошад, ки алҳол шуғли соҳибкориро ихтиёр намудааст.
Ҳамаи фарзандон оилаҳои намунавӣ барпо карда, соҳиби касбу кор ва соҳибэҳтироманд.
Хулқе шоистаи таҳсин
Хислатҳои ҳамида, меҳру шафқат ва раҳмдилии Софиябону мисли китобест боз, ки ба як бор дидан метавон ин ҳамаро аз чеҳраи ӯ хонд. Ба дармондаву корафтодагон дасти ёрӣ дароз кардаву нисбат ба ҳайвоноту парандагон низ дилсӯз аст. Гоҳе, ки аз дур намудор мешуд, 6 -7 гурбачаи саҳни ҳавлии коргоҳаш мунтазири омадани ӯ саф меоростанд. Яқин, ки ин инсони некро тӯшае ҳамроҳ асту ононро бенасиб намемонад. Дар айвони зистгоҳи хеш низ гӯшаеро барои ғизои парандагон созмон додаву бахусус дар фасли сармо ба онҳо ғамхорӣ менамояд. Гоҳе, ки субҳи торик сӯи коргоҳ мешитофт, гурбаву сагони гузар аз як тика нони дарозкардаи ӯ баҳравар, ӯро то дари коргоҳ ҳамраҳӣ карда, аз дарафтодани сагони бегона ҳифз менамуданд. Қалби чун гуҳар поку шафқатандудаи варо гӯё эҳсос мекарданд. Роҳбарон бо боварии том калиди ҳуҷраву ҷевони хешро ба ӯ месупурданд.
- Шукр мегӯям, ки фарзандони солеҳ дорам. Ҳар рӯз аз дуру наздик телефонӣ тамос гирифта, аз ҳолам мепурсанд. «Модарҷон, аз сармо, яхбандӣ эҳтиёт бош, гармкунаки табобатӣ фиристодам, мабодо истифодаи онро фаромӯш насозӣ, пӯшокҳои гармро ҳам фаромӯш макун», - мегӯянд мудом. Туҳфаҳои зиёд ҳам равон месозанд, аммо бароям ҳадияи беҳтарин сипосномаҳои зиёди фарзандону набераҳоям аст, ки дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва чорабиниҳои варзишӣ муваффақ гаштаанд. Орзуи ягонаам ин аст, ки шоҳиди айёми камолоти наберагон гардаму қадре ҳам бошад, муҳаббати модаронаи худро нисорашон созам, - мегӯяд София Мирзоалиева.
Ситора АШӮРОВА