Арина Нам пас аз хатми Коллеҷи омӯзгорӣ ҳамчун мураббияи боғчаи бачагона корашро оғоз мебахшад ва баъдтар ба ҳайси мудири боғча фаъолияташро пеш мебарад.
Соли 1998 барои идомаи кор ба яке аз созмонҳои байналмилалӣ шомил мегардад ва инак, 25 сол мешавад, ки дар Ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва байналмилалии башардӯстонаи «Гуд Нейборс Интернейшнл дар Тоҷикистон» фаъолият мебарад. Аз соли 2014 муовини директори созмони мазкур аст. Имрӯз ҳамроҳаш гурӯҳи бузурге барои хизмати мардум камар бастааст. Барояш хушмуомилагӣ бо аҳли кормандон асоси фаъолияти муваффақ ба ҳисоб меравад. Ӯ худро дар вазифа роҳбар неву хидматгори мардум ҳисобида, пеш аз ҳама, барои таъмини саломатии кӯдакон ва таҳсили онҳо, инчунин аз ҷиҳати молиявӣ пешрафт намудану соҳибтахассус гардидани занону духтарон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Соли равон аз фаъолияти ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Вобаста ба ин санаи муҳим бо ӯ суҳбате оростем, ки фишурдаашро пешкаши шумо менамоем.
Таърихи ба Тоҷикистон омадани ташкилот чӣ гуна сурат гирифт?
- Соли 1998, Тоҷикистон ба тозагӣ аз вартаи нобасомониҳо раҳидаву мардум ба навъе зиндагӣ пеш мебурд. Бо сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кӯдакони зиёде ятим монда буданд. Вазифаи аввалиндараҷаи созмони мо ёрӣ ба ниёзмандон аст, аз ин рӯ, тасмим гирифтам, то ба Тоҷикистон омада, ба кӯдакони ятиму бепарастор мадад расонам.
Дар аввал барои кӯдакони ятим мактаб бунёд намудем. Аз соли 1998 то 2008 дар самти саводомӯзии хонандагон ва ба донишгоҳҳо омода намудани онҳо, таъмири муассисаҳои таълимӣ саҳм мегузоштем, зеро дар ҳамон лаҳзаҳо анҷом додани ин корҳо зарур буд. Бисёре аз ятимон соҳибилм гардида, аз ҷумлаи шахсони пешсафу мададгори халқанд.
Дар аввал аз рӯйи 4 лоиҳа кор мекардем, оҳиста – оҳиста теъдоди барномаҳо ба 17 адад расид, ки қариб тамоми самтҳоро фаро мегиранд. Бештари қувваро ба рушди ҷомеа нигарондаем.
Рушди ҷомеа гуфтед. Дар доираи барномаи мазкур чӣ корҳо ба анҷом расиданд?
- Бо амалӣ гаштани барномаи «Рушди ҷомеа», самти кор фарохтар гардид, яъне аз доираи фаъолият бо кӯдакони бапарастор ба пешрафти ҷомеа рӯ овардем. Ба ҷуз аз дастгирии оилаҳои камбизоат, инчунин, мактабҳоро таъмир намуда, боғчаҳои бачагона сохтем. Ноҳияҳои ҳадафманде, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, бо об таъмин мегардиданд. Ба ҳар чизе, ки ҷомеа ниёз дошт, дар самти амалӣ намудани он, ёрӣ мерасондем.
Бартарияти ин барнома дар он буд, ки мо ба тамоми самтҳо аз ҷиҳати молиявӣ мадад мерасондем. Шуруъ аз маърифатнокиву саводомӯзӣ, то соҳибкасбиву саломатӣ ва масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ.
Ҳамасола ташкилот дар минтақаҳои ҳадафӣ мактабу бунгоҳҳои тиббӣ месозад ва ё онҳоро аз таъмир мебарорад. Инчунин, таҷҳизоти зарурӣ дастрас менамояд.
Минтақаи ҳадафӣ, яъне чӣ?
- Минтақаи ҳадафӣ гуфта, ҳамон ноҳияҳоеро дар назар дорем, ки дар он ҷо барномаҳои ташкилот амалӣ мешаванд. Яъне, ноҳияҳое, ки бештар ба кумаки мо ниёз доранд.
Қаблан 17 минтақаи ҳадафӣ мавҷуд буд. Ҳоло ба 6 минтақа расонда шудааст. Ба ҳар барнома номи худи минтақаи ҳадафӣ гузошта шудааст. Шаҳритус, Носири Хусрав, Рашт, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Душанбе минтақаҳои ҳадафие маҳсуб меёбанд, ки алҳол дар ин ҷойҳо барномаҳо амалӣ гардида истодаанд.
Боз чӣ корҳо дар ноҳияҳои зерҳадаф анҷом дода мешаванд?
Ташкилот дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ, оид ба масъалаҳои дастрасии ҷавонон ба технологияҳои нав, солимии модару кӯдак, дастгирии кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баробарҳуқуқии занону мардон, тағйирёбии иқлиму коркарди партовҳо ва дастгирии молиявии занон, барномаҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст.
Қабл аз ҳама, бояд зикр намоям, ки фаъолияти ҳатмии дастгирии Ҷумҳурии Корея, ки ташкилотро бевосита ин ҷумҳурӣ маблағгузорӣ менамояд, аз озмоиш гузарондани кӯдакони зери сарпарастӣ қарордошта мебошад. Алҳол, 13 ҳазор кӯдак аз тамоми минтақаҳои ҳадафӣ зери сарпарастӣ мебошанд, ки ҳамасола пурра аз озмоиши тиббӣ гузаронда мешаванд.
Озмоиш чӣ гуна сурат мегирад?
- Барои кӯдакон гурӯҳи табибон ҷалб мешаванд. Вобаста ба ҳар минтақаи зерҳадаф табибони соҳаҳои гуногунро мефиристем. Аз рӯйи омор таҳлил менамоем, ки дар кадом минтақаҳо чӣ навъи беморӣ бештар аст. 4–5 табиб давоми як ё ду моҳ тамоми кӯдакони зери сарпарастӣ қарордоштаро аз муоина мегузаронанд.
Зимни озмоиш дар сурати ниёз пайдо намудани кӯдак ба ташхиси амиқтар, онҳо ба Душанбе оварда мешаванд. Аз ҳисоби ташкилот дар озмоишгоҳҳои беморхонаҳои «Шифо», «Истиқлол», «Нурафзо» ва «Ибни Сино» дубора ташхиси бемориро мегузаранд. Агар кӯдак эҳтиёҷ ба ҷарроҳӣ дошта бошад, ин амал дарҳол анҷом дода мешавад. 70 дарсади маблағи ҷарроҳиро ташкилот мепардозад. 30 дарсади боқимондаро худи волидон месупоранд. Шояд суоле пайдо гардад, ки чаро маблағ пурра аз ҷониби ташкилот пардохта намешавад? Чунки мо талош меварзем, то падару модар низ, масъулият ҳис намуда, пас аз анҷоми ҷарроҳӣ фарзандашонро эҳтиёт намоянд ва ба корҳои вазнин фаро гирифта нашавад.
Давоми 25 соли фаъолият дар Тоҷикистон ташкилот беш аз 12 ҷарроҳии қалб, 4 ҷарроҳии пас аз сӯхтагӣ, 7 амалиёти чурраи рӯда, аденоид 13, крипторхизм 1 ва 2 амалиёти ба тартиб овардани лаби даридаро анҷом додааст. Инчунин, беморе доштем, ки бо аробачаи маъюбӣ мегашт ва пас аз ҷарроҳӣ дар Федератсияи Россия бо пойи равон ба кишвар баргашт.
Маблағе, ки ҷудо мегардад, аз ҳисоби худи ташкилот аст ва ё сарпараст?
- Яке аз бартариҳои ташкилот дар он аст, ки ҳар як кӯдак зери нигоҳубини як сарпараст фаро гирифта мешавад. Дар ин ҷо метавонад сарпараст хонандагони мактаб ва ё донишгоҳ бошанд ва ё шахси дорои маъюбиятдошта. Сарпараст кӯдакро тамоман намешиносад, вале мехоҳад, барои беҳтар гардидани саломатӣ ва шароити зиндагии кӯдаки зери сарпарастӣ қарордоштааш саҳм гузорад.
Давоми ҳар моҳ сарпараст маблағи муайяне мегузаронад, ки он ба тамоми самти инкишофи кӯдак нигаронда шудааст. Ба ҷуз ин, дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ба хотири хушҳол сохтанаш туҳфа ва ё маблағи пулие ирсол менамояд. Аз 3 то 16-солагӣ кӯдак пурра зери нигоҳубини сарпараст қарор мегирад. Қаблан, то синни 18 буд ва бинобар сабаби ба 16-солагӣ расондани синни балоғат дар кишварҳои хориҷ, дар 16-солагӣ иктифо намуданд. Дар сурати қатъ гардидан ва ё барҳам хӯрдани ташкилот, сарпараст метавонад, то синни муайяншуда кӯдакро парасторӣ намояд. Вале як нуктаро зикр карданӣ ҳастам, ки ташкилот дар баробари ёрӣ расондан, омӯзишу аз худ намудани касбу ҳунари онҳоро низ, фаро мегирад.
Курсҳои омӯзишӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудаанд?
- Курсҳои забону касбомӯзӣ ройгон буда, дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Онҳое, ки синну солашон аз 15 боло аст, ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Касби дилхоҳашонро интихоб намуда, давоми ду моҳ таҳсил мекунанд. Пас аз итмоми курс, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дип¬лом супурда мешавад, то ин ки дар оянда дар асоси ҳуҷҷати мазкур корашонро пеш баранд.
Барои писарон касбҳои барқкорӣ, таъмири мошин, компютер, сартарошӣ ва барои духтарон дӯзандагӣ, пазандагӣ, кор бо компютер, мейкапу визажистӣ ва амсоли инҳоро ба роҳ мондаем. Барои волидони кӯдакон низ, курсҳои омӯзишӣ ташкил шудаанд.
Ба волидоне, ки фарзандони маъюб доранд, тарзи маҳс намудану чӣ гуна ғизои солим омода карданро ҳам меомӯзонем. Азбаски нафарони имконияташон маҳдуд бештар ба масҳ ниёз доранд, ҳамшира як маротиба худаш масҳ намуда, сипас ба модараш меомӯзонад. Минбаъд ин амалро модари бемор метавонад дар хона анҷом бидиҳад. Ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодии зиндагӣ, барои таъсис додани тиҷорат ба модарони кӯдакони сарпараст қарзи бефоиз дода мешавад.
Дар доираи қарзи пешниҳодшуда кадом навъи тиҷоратро ба роҳ мондан мумкин аст? Оё маҳдудият ҳаст?
Лоиҳаи «Дастгирии занон бо кумаки молиявӣ» баҳри рушди молиявии занон аз охири соли 2020 ба роҳ монда шудааст. Маблағ равияи баланд бардоштани сатҳи хоҷагии қишлоқро дар бар мегирад. Аз қабили молпарвариву рустанипарварӣ. Бисёре аз занҳои мо ба сохтани гармхонаҳо машғул мешаванд. Дар асоси лоиҳа 10 ҳазор сомонӣ ба бонувон ба муҳлати як сол дода мешавад. Бо ин маблағ модари кӯдаки сарпараст тиҷорати хурдеро ба роҳ монда, давоми ҳар моҳ маблағи муайяншудаеро мепардозад.
Дар аввали роҳандозии лоиҳа ба 59 нафар бону кумаки молиявӣ расонда шуд. Соли равон теъдодашон аллакай ба 200 нафар расид. Занҳои ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав ба обчакориву хоҷагидорӣ машғул ҳастанд. Дар заминҳои хоҷагии деҳқоние, ки қаблан аз ҷиҳати молиявӣ имкони кишт карданро надоштанд, ҳоло аз ҳисоби қарзи пешниҳодшуда дар он заминҳо пахтаву гандум кишт намуда, шароити зиндагиашонро беҳтар кардаанд. Инчунин, ҳар кадоме аз бонувони соҳиби қарзи бефоизшуда дар як мавсим то 30 нафар занро ба кор фаро мегиранд. Дар баробари ин, бо бонкҳое, ки шарикони рушд ҳастанд, имкони пешниҳод намудани қарз бо фоизи паст ба бонувонро дорем.
Киҳо метавонанд аз ин навъи қарз бархурдор шаванд?
-Ташкилот бо се бонк: – «Имон Интернешнл», «Финка» ва «Аввалин бонки молиявии хурд» қарордоди ҳамкорӣ дорад, ки ҳамчун шарикони рушд маҳсуб меёбанд. Ба бонувоне, ки бепарас¬тору бешавҳар ҳастанд ва ё кӯдакони ноболиғу маъюб доранду мехоҳанд тиҷорати хешро ба роҳ монанд, маблағ дода мешавад. Қабл аз қарзро додан, ҳатман бонувонро ба дарсҳои омӯзишӣ дар самти тиҷорат фаро мегирем.
Бонувон дар асоси меъёрҳои муайян интихоб мешаванд. Қабл аз ҳама, ӯ бояд модар ва ё аъзои оилаи кӯдаки сарпараст бошад. То ин ки тавонад ба ҳамон оила ёрӣ расонад. Баъдан, бояд замимаи пеш бурдани соҳибкориро дошта бошад. Вақте замима надошта бошад, наметавонад тиҷораташро ба таври бояду шояд пеш бубараду маблағи қарзро дар муҳлати муайян супорад. Ин паҳлуҳо низ, ба назар гирифта мешаванд. Муҳлати баргардондани қарз як солро дар бар гирифта, дар як сол ташкилот то ба 120 нафар имкони додани қарзро дорад.
P.S: Ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors International ҳанӯз соли 1991 дар Ҷумҳурии Корея таъсис ёфтааст, то ҷаҳонро ба макони бидуни гуруснагӣ табдил диҳад, ки дар он одамон бо ҳам бо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунанд.
Аввалин лоиҳаи рушди ҷомеа дар Бангладеш соли 1992 оғоз шуда, алҳол Good Neighbors International дар 192 ҷамоати 35 кишвари ҷаҳон бо таваҷҷуҳи махсус ба равиши фарогири рушди ҷомеа ва ҳифзи кӯдакон фаъолият менамояд.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ