Мактаби деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара, ҳанӯз соли 1937 сохта шуда буду ҳоли табоҳе дошт. Хонандагон дар се баст таҳсил мекарданду норасоии синфхонаҳову кабинетҳои фаннӣ дида мешуд. Сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 дар деҳи Сафобахш бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо маблағгузории Ширкати чинии Повер Чайна «POVER – CHINA» соли 2021 оғоз гардид ва 26 апрели соли ҷорӣ бо иштироки Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мактаби замонавии бошукӯҳ 3-ошёна буда, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ба фарзандони заҳматкашон бунёд шудааст. Муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гаштааст. Бо бунёди муассисаи зебову замонавӣ мушкилии қаблан мавҷудбудаи норасоии ҷойҳои нишаст ба пуррагӣ аз байн рафт.
Мактаб аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш бо 24 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳии мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуданд, ки барои дар амал гузарондани таҷрибаҳои гуногун хонандагон аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд.
Барои соҳибкасб шудани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дастгоҳҳои дарздӯзӣ ва дигар шароити муосир фароҳам буда, духтарон баробари омӯхтани дӯхтани сарулибоси миллӣ, ҳамзамон, бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода месозанд.
Дар синфхонаҳои фаннии физика, химия ва математика муосиртарин шароит барои донишомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуданд.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ 2 майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки дар онҳо имконияти бозии футбол, баскетбол ва волейбол мавҷуд аст.
Бо мақсади ташкил ва доир намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 150 ҷойи нишаст дар ихтиёри доимии хонандагон аст. Ошхонае, ки дар ошёнаи якуми бинои муассиса мавҷуд аст, 160 ҷойи нишаст дорад ва дар он ба таълимгирандагон хӯрокҳои болаззат пешниҳод мегарданд. Мактаб дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фаслҳои сармо гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супурдани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароитҳои муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ҷиҳати истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбия намудани ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд. Зимни вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи маориф ва фарҳанг Сарвари давлат зикр намуданд: «Дар вилояти Хатлон то ба ҳол 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар се баст фаъолият дорад, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала бояд ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда шавад. Ҳоло дар вилоят 131 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 93 бино ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Мушкилоти дигари соҳаи маорифи вилоят норасоии кадрҳо мебошад, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад. Тибқи маълумот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 нафар омӯзгор, аз ҷумла аз фанҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотӣ намерасад».
-Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 56 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд, ки 45 нафарашон бонувонанд. Хонандагони мактаб дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд. Пас аз дарсҳо хонандагон ба маҳфилҳои фаннии математика, физика, химия ва биология фаро гирифта мешаванд. Ҳамасола тариқи Маркази миллии тестӣ 10 дарсади онҳо ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил мегарданд, ки ин самараи заҳмати омӯзгорон аст, -
мегӯяд роҳбари таълимгоҳ Муҳаббат Зуҳурова.
Вақти хайрухуш аз синфхонае садои қироати шеъри хонандагон ба гӯш мерасид ва муаллим шарҳ дод, ки дар мактаб лагери тобистона амал дораду хонандагони то синфи чор ба он ҷалб гардидаанд.
Ф. ШАЪБОН