Норӣ Раббимдухт аз зумраи онҳоест, ки умри азизи хешро сарфи тарҷума ва тарғиби адабиёти тоҷик ба забони русӣ кардааст. Дар рӯзҳои тозаҷавонӣ, бо шавқи тамому орзуҳои бузург ба факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон шомил шуда, онро бо баҳои хубу аъло хатм кард.
Талошу дилбастагии ӯ дар фарогирии илму адаб устодонро ба ҳайрат меовард. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ ба тарҷумаи асарҳои адибони муосир ва классики тоҷик ба забони русӣ шуруъ намуд. Ҳарчанд баъд аз хатми Донишгоҳ, солҳои 1987–1994 дар муассисаҳои нашриявии «Маориф», «Адиб», рӯзномаҳои «Ҳомии Ватан» ва «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт») фаъолият карда бошад ҳам, ҳамеша дилаш ба адабиёт ва каломи манзум моил буд. Ниёзҳои ботинии хешро бо хондани ашъори классикон ба ду забон ва қиёси тарҷумаҳои адабӣ бароварда мекард. Вақте пурсидем, ки дилбастагиаш ба адабиёт аз куҷо сарчашма мегирад, бо ҳисси ифтихор иброз дошт: «Аз оила!».
Падарам китобдӯст буданд ва китобхонаи калоне доштанд, аз он на танҳо мо, балки ҳамсинфону ошноҳо низ, баҳра мебурданд. Бо чор забон озодона ҳарф мезаданд. Аз ҳар сафар китоб меоварданд. Дар рӯзҳои истироҳат мазмуну муҳтавои китобҳои хондаамонро мепурсиданду супориш медоданд, ки то ҳафтаи дигар таассуротамонро нависем. Ҳарчанд мо дар мактаби русӣ таълим гирифта бошем ҳам, дар хона бо забони адабии тоҷикӣ сухан мерондем. Ашъори адибони классикро ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ азбар менамудем. Бо мурури замон ва фарохтар шудани диду андеша ва бардоштҳо аз адабиёт, тарҷумаи русии шеърҳо маро қонеъ намесохт. Дармеёфтам, ки тарҷумонҳо шеъри адибони тоҷикро нодуруст дарк кардаанд. Ҳамин сабабҳо шавқи маро ба тарҷумаи адабиёти тоҷик ба забони русӣ афзуд,- иброз дошт муаллим.
Вақте асари машҳури «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Атторро ба забони русӣ мутолиа намуд, сахт ҳайратзада шуд. Хатоҳо, тарҷумаи нодурусти ҳикматҳо ва сарфи назар кардани ҷузъиёти асосии ҳикояҳо ӯро андуҳгин намуд. Ҳисси муҳаббат ва дилсӯзӣ ба адабиёт ӯро водор сохт, то чандин нусхаҳои ин асари ҷолибро омӯзад ва бевосита аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ тарҷума намояд. Бо ишқи хос ба шеъру сухан намунаҳои ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро аз адибони классик тарҷума намудааст. Ҳамчунин, гулчини достонҳо аз «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро ба русӣ баргардонд.
Фаъолият дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо адибон ва баргардонии намунаи осори онҳо аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ барояш хеле мароқовар буд. Намунаҳои тарҷумааш аз эҷодиёти адибони номвар Кӯҳзод, Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр ва дигарон аз тарафи хонандагони русзабон гарм истиқбол мешуданд. Сабаби пазироиҳои гарми корҳои ӯ дар он буд, ки дар даврони шуравӣ асарҳои адибон ба забони русӣ бештар аз диду дарки тарҷумонҳои рус ба доираи хонандагон пешниҳод мегардид ва бештари вақт тарҷумаи таҳтуллафзии асар буд. Ӯ бо дилсӯзӣ ва ғамхорӣ ба адабиёти тоҷик сари ҳар як калима меандешид ва барои нигоҳ доштани руҳияи асар талош меварзид.
Раббимдухт, ки худ эҷодкор асту бо забони русӣ шеър мегӯяд, беҳтар аз ҳар тарҷумони рус метавонист шеърҳои адибони муосири тоҷикро ба забони русӣ баргардонад. Мунтахаби рубоиёти шоири хушзавқ Соҳибназар, намунаи шеърҳои Мирзо Файзалӣ, Доро Наҷот, Раҳмат Назрӣ, Нурулло Норзода, гулчини таронаҳои Мавлудаи Равшанёр аз он ҷумлаанд. Шеърҳои шоирони машҳури Эрон Қайсари Аминпур ва Суҳроби Сипеҳрӣ низ, ба воситаи тарҷумаҳои ин бонуи хушсухану хушсалиқа ба хонандагони русзабони тоҷик дастрас гардидаанд.
Норӣ Раббимдухт ҳамчун тарҷумони касбӣ ва собиқадор бо ҳисси нигаронӣ аз камбудиҳои ин соҳаи муҳими адабиёт ибрози андеша менамояд:
- Имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба тарҷумаи бадеӣ камтар аст. Тарҷумонҳои ҷавон мехоҳанд кори худро аз асарҳои калонҳаҷм шуруъ карда, якбора соҳиби мақому обруи баланд гарданд, аммо фатҳи қуллаҳои баланд саҳл нест. Шоири шаҳир Сайидои Насафӣ мегӯяд:
Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,
Зи пастӣ метавон рафтан ба бом
оҳиста-оҳиста.
Барои тарҷумони муваффақ шудан бояд доираи мутолиа фарох бошад ва баробари забони модарии худ забонеро, ки асар ба он тарҷума мешавад, низ дар сатҳи баланд донад. Сарсарӣ муносибат кардан ба адабиёт натиҷаи хуб ба бор намеорад. Борҳо мушоҳида намудаам, ки ҳатто як ибора, ё як ҷумлаи сода метавонад муҳтавои асарро тағйир диҳад ва хонандаро ба гумроҳӣ барад. Чуноне ки дар забони мо як калима 365 паҳлу дорад, дар забонҳои дигар ҳам чунин аст.
Имрӯз зарурат пеш омадааст, то фарҳанги вожаҳои осори ҳар як адиби барҷастаамонро тартиб диҳем ва ба кадом мазмун истифода шудани калимаҳоро шарҳ диҳем. Набудани чунин фарҳангҳо боиси он шудааст, ки аксари тарҷумонҳо муаллифро нодуруст дарк кардаанд…
Норӣ Раббимдухт, ин бонуи собитқадам умри азизи хешро сарфи тарҷума намуд. Бо дили гарму азми устувор дар муаррифии адабиёт саҳм гузошт. Он қадар шефтаву мафтуни пешаи худ аст, ки лаззати кори тарҷума барояш бузургтарин ҷоиза аст. Соли 2007 бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Норибону ҷоизадори Озмуни байналмилалӣ барои тарҷумаи беҳтарин аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия «Метер» гардид.
- Вақте маро бо ин ҷоиза табрик гуфтанд, дар тааҷҷуб мондам, зеро шахсан намунаи корҳоямро ба ягон озмуни дохиливу хориҷӣ пешниҳод накарда будам. Баъдан огаҳӣ ёфтам, ки ин пешниҳод аз тарафи Иттифоқи нависандагон будааст, - мегӯяд Норибону.
Баъди ин ғолибият соли 2008 ӯро ҳамчун тарҷумони касбӣ ва муваффақ ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.
Барои шеърҳои ширин, ки дар умқи онҳо руҳияи як духтари сарбаланд, як дилбари нозанин ва як модари заҳматкаши тоҷик эҳсос мешаванд, адиби нозукхаёл бо нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфароз гардид.
Мафтунаи ҚОСИМ