Волидон ба мо танҳо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорон ҳаёти хушбахтона.
АРАСТУ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок шумурда, қадру эътибори муаллимро боло бардоштанд, ки ин баҳои олӣ ба заҳмати омӯзгор аст.
Муаллим, устод, омӯзгор, вақте ки ин мафҳумҳоро ба забон меорем, ҳиссиёти аҷибе моро фаро мегирад ва пеши назар симои шахси фидокор меояд, ки бо тамоми ҳастиаш насли наврасро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, инчунин, чеҳраи нуронии шахси номдор ҳувайдо мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Омӯзгор шахсест, ки кӯдакро ба дунёи дониш меорад. Ин ҷо дар бораи омӯзгори фидокори дурандеш, худшиносу худогоҳ, меҳрубону ғамхор ва ҳидоятгари шогирдон – Саврибегим Гулмирзоева сухане чанд мегӯем.
Муаллим 32 сол аст, ки ба тарбияи насли наврас машғул мебошад ва ҳазорон нафарро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия карда, дар назди донишҷӯён обрӯву эътибори бузург дорад.
Воқеан, зиндагиномаи омӯзгори собиқадор Саврибегим рӯзгоре барои ибрат аст. Мавсуф зода ва парвардаи деҳаи Туғгози ноҳияи Ишкошим буда, вақте ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №12-и деҳаашонро хатм карду дар оянда омӯзгор шудан хост, ҳамсинфонаш зид баромаданд:
-Медонем, омӯзгорӣ касби пуршараф аст, аммо заҳматаш бисёр. Хубаш, ягон шуғли дигарро интихоб намо. Вале ӯ аз интихобаш даст накашид. Падари бузургвораш Қурбоналӣ Гулмирзоев яке аз нахустин омӯзгорони деҳа буду як умр ба фарзандони мардум дониш омӯхт, ба онҳо пайраҳаи дурусти зиндагиро раҳнамун шуд. Ин аст, ки ҳама бо некӣ ёдаш мекунанд. Мактаби №12-и деҳаро ба номаш гузоштанд. Гузашта аз ин, қариб аксари аъзои оила бо пайроҳаи қиблагоҳ қадам зада, касби пуршарафи омӯзгориро интихоб намудаву бо табъи болида гули сари сабади ҳамдеҳагону мактабиён гардидаанд. Ҳамаи инро дидаву дониста, Саврибегим ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ҳуҷҷат супурд.
Ҳангоми таҳсил ба ӯ маҳз суханони падари бузургвораш руҳ мебахшиданд: «Духтарам, хуб дониста бош, ки чи ҳадафу мақсадеро дар дил мепарварӣ, агар омӯзгори ҳақиқӣ шуданӣ бошӣ, ҳамеша дуогӯят ҳастам, вале аз рӯи ҳавою ҳавас ба пойтахт рафтанӣ бошӣ, аз рӯзгори хушу хуррами ояндаат умед макун, зеро омӯзгорӣ пешаи авлодии мост, нони ҳалол хӯрдан хоҳӣ, ин касбро хор макун».
Саврибегим панди падар дар гӯш, бо тамоми ҳастӣ мекӯшид, ки ба боварии қиблагоҳ сазовор гардад.
Бо орзуҳои нек ва дониши мукаммал факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳро соли 1991 бомуваффақият хатм кард. Акнун вақти он расид, ки назарияро бо амалия пайваста, соҳибтахассус будани хешро нишон диҳад. Ба ин хотир омӯхт, донишашро мукаммал намуд, таҷриба андӯхт. Китобҳои бадеии зиёдеро мутолиа кард ва хондани онҳоро ба шогирдон низ, тавсия дод. Инак, зиёда аз 3 даҳсола аст, ки пешаи омӯзгорӣ дорад. Саврибегим Гулмирзоева 11 сол муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ буд. Айни замон ба ҳайси мудири кафедраи методикаи истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолияташро идома мебахшад.
-Бароям муаллим С. Гулмирзоева хеле азиз аст, - мегӯяд ҳампешааш Фариштамоҳ Сафарова.- Ҳанӯз аз давраи донишҷӯиям маро роҳнамо буд, ӯро барои худ ҳам дар рӯзгор ва ҳам дар фаъолияти омӯзгориям намуна қарор додаам.
Омӯзгор Муборак Раҷабова низ, ки 7 сол бо устод паҳлу ба паҳлу истода, ба тарбияи шогирдон машғул аст, иброз медорад:
-Аз тақдир розиям, ки муаллим Саврибегим Гулмирзоева барои ҳамаи мо муттакост. Дасти ҷавононро гирифтаву ба сӯи дониш омӯхтану некӣ кардан ҳидоят менамояд. Аксари чорабиниҳои муассисаамон бештар бо талошҳои ӯ амалӣ мегарданд. Танҳо дар давоми соли хониши 2021–2022 бо ташаббуси устод бештар аз 10 маротиба мизи мудаввар - конфронсҳои илмиву назариявӣ доир гардиданд. Рӯзгори омӯзгори писандида мисли дигар тарбиятгарон хеле содаву муқаррарист.
Ҳар заҳматеро подош дар пеш аст. Барои хизматҳои бенуқсон Саврибегим Гулмирзоева бо ифтихорномаҳо, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидааст.
Файзулло ҚУРБОНОВ,
Аълочии маориф ва илми ҶТ