Деҳа ба хоб рафта буд. Дар сукути мутлақ ва роҳатбахш ситоразори осмон дунёе роз дошт. Гоҳ-гоҳе аккоси сагон аз дур ба гӯш расида зебоии хамӯшии бамиёномадаро халалдор месохт. Аввалин хурӯси деҳаи Ғарибак ҳам, ки кунун Озодагон аст, алмосӣ садо баланд карду Ҳомида пушти об рафт, ки кайҳо ҷӯшида буд. Қуттии намаку косаи ширро гирифту сурфа кушод. Ду корсон хамир шӯрид.
Чароғи хоначаи духтарашро фурӯзон диду нахост нороҳаташ кунад. «Аллакай аз хоб хес¬тааст», - ба меҳр оҳе кашид.
– Худоҷон, ноумедаш накун ин бор! – ноаён даст ба дуо бардошт.
Сиёҳии шаб ранг мебохт…
– Ҳой дугонаҷон, наход ақаллан дутояк нонатон намонда бошад-а? – зани ҳамсоя аз дер кардани худ хиҷолатманд, афсӯсхӯрон ба сабати холии Ҳомида менигарист.
– Не, гардам, ягонто ҳам. Пештар нагуфтед, охир. Насиб, пагоҳ ҳатман барои шумо мемонам, – маҳин табассум кард ӯ.
– Ҳа, чӣ илоҷ. Маҷбур бозор равам. Лекин, нонҳои бозорӣ мазаи нони шуморо надоранд…
Ҳомида сабатро ба ошхона бурда ба мехи девор овезон кард. Табъаш болида буд. Нонҳояш хуб ба савдо рафтанд. Ҳаққи заҳматаш бад не. Баракат аз ҳаракат гуфтаанд.
Вақти наҳор расида буд. Дастархонро дар токча надида ба хона даромад. Дастархони ороста, чои навакак дамкарда бо як лаълӣ кулчаҳои суп-сурхи ялаққосӣ ва косаи пури қаймоқи тоза иштиҳо меоварданд.
«Ширин духтарам… Шукр ба меҳрубонияш, – нолиши меҳрворе аз дили модар берун омад. Бо ин қадар заҳмат ва ранҷи шабҳои бехобӣ боз ғами маро мехӯрад».
– Комилаҷон, – оҳиста садо кард сӯйи дарун.
– Лаббай модарҷон! Омадед? Ҳозир якҷоя наҳорӣ мехӯрем, – шодмон модарро ба оғӯш гирифт.
– О, худакат тезтар ношто накардӣ? Ба мактабат дер нашавад?
– Не, модарҷон. Падарам кайҳо ношто карда ба корашон рафтанд. Шуморо интизор будам. Ба мактаб дар як зум мерасам.
– Духтари нозанину донома садқа, – аз ифтихор лабрез гашт дили модар. - Майлаш. Биё, шин. Баъд ту ба мактабат меравию ман ба шаҳр.
– Ба шаҳр? Барои чӣ?
– Муаллимат гуфт, ки як китобхонаи марказии шаҳрамона хабар гирам, шояд бошад.
Комила ба рамуз дарёфт, ки талоши модар барои кист. Намехост модараш овора шавад, болои ин қадар ташвишҳои зиндагии ба сар афтода. Чизе гуфтанӣ буду аз раъяш гашт.
***
Парешонҳолии модар аз кори барорнаёфта Комиларо ба риққат овард. Дилаш сӯхт.
– Хайр, боке не, модарҷон. Нашуд, нашуд. Ғам нахӯред. Ягон илоҷи дигар меёбем. Беҳуда овора шудед.
– Кори намешудагӣ нест. Рост мегӯӣ, илоҷе бояд бошад. Тавба, аз китобхонаҳои деҳаю мактаб наёфтем, аз китобхонаи калони шаҳр ҳам ёфт нашуд-а? Ин чӣ гап?
Баногоҳ чеҳраи модар шукуфт. Чашмонаш аз шодӣ барқ заданд.
– Ёфтам!!! Ҷӯянда – ёбанда аст. Ба Душанбе меравам!
– Чӣ-ӣ?! – ба ҳайрат омад Комила. Танҳо? Кай?
– Худи пагоҳ мехезаму меравам. Барои духтарам зарур ояд омодаам ба Порис равам, – шӯхӣ кард модар. Дар мағозаҳо наёбам кофта-кофта назди муаллифони китоб меравам!
***
– Дароям, мумкин?
– Марҳамат. Хуш омаданд.
– Бовар мекунед, чанд мағозаҳои шаҳрро гаштам, ягонтаашро наёфтам ана ин китобҳоро. Як нафар суроғаи шуморо дод.
Мизбон ба навиштаҳои варақи дарозкардаи меҳмони ношинос чашм давонду малеҳ табассум намуд.
– Ин китобҳо барои худатон даркоранд? Одатан, мураббиёну омӯзгорон, хонандаҳо ин китобҳоро меҷӯянд. Шумо ҳам…?
– Не, ман як кадбонуи хона мебошаму халос. Вале аз кофтани ин китобҳо кафшам ғалбер шуд.
Мизбон бо диққат ва ҳавас то охир қиссаи дурударози китобкобию сарсониҳои занро гӯш андохт. Мақсади ӯро хуб дарк намуд.
– Илтимос, ин китобҳоро бояд духтарам хонад. Аз ҳеҷ ҷо пайдо накардем. Медонам, ки муаллифи чандтои он худатон ҳастед. Чанд пуле бошад, мехарам. Маро ноумед накунед шуд, – зора дошт ӯ.
Мизбон мамнун аз ҷо бархост. Бе ҳарф сӯи ҳуҷраи дарун рафт. Пас аз муддате баргашт. Дар даст як баста китоб дошт, ки рӯи миз гузошт.
– Ана, китобҳои гуфтаатон. Мана инаш китобҳои дигаре, ки духтари шумо бояд ҳатман бихонад. Ин ҳама адабиёт барои кӯдакон аст. Ба пуррагӣ хондану донистани онҳо танҳо ба фоидаи хонанда мебошад.
– Ваҳ-ваҳ! Аҷаб китобҳои хушрӯй-е!! – нобоварона як-як китобҳоро рӯйи даст мегирифт меҳмони ҳаяҷонзада. Ана «Алибоҷ», ана «Боғи шамол», ана «Мӯрчаяки баднафс», ана «Олами дигар», ана «Гиряи хирс», ана «Ҳақиқати талх»… Худоё ҳам-маш! Э, войе! Аз хурсандӣ фаромӯш кардам. Пулаш чӣ қадар мешавад?
– Ба хонандаи китобхону китобдӯст ҳайф нест китоб. Хосса барои модари ғамхоре, ки аз деҳаи дурдасттарини як ноҳияи кӯҳистон маҳз ба ҷустуҷӯи китоб барои фарзандаш омадаст, подош фақат таҳсин аст. Ин китобҳо барои Комилаҷон туҳфа. Болои он дуои неки мо!
– А-а? Наход? Бе шӯхӣ?!…
***
Ҳама ба толор ворид шуданд, падару модарон, омӯзгорон, мухлисони зиёд. Ҳомида худро канор гирифт. Истиҳола кард. «Мабодо маро дида худашро гум кунад. Саросема шаваду ба ягон саволе ҷавоб дода натавонад, – андешид дар дил. Хубаш, дар берун интизор мешавам».
Чанд соати Озмун ба назараш чанд сол тул кашид. Ҳеҷ гоҳ дар чунин изтироби интизорӣ намонда буд. Ҳатто гоҳи бори нахуст ба даст гирифтани ҳамин духтарчаи навзодаш, ки беист гиря мекард, чунин ҳаяҷонзада набуд. Охир, ин соли сеюм аст, ки Комилаи ӯ иштирокчии ҳамин Озмуни бошукӯҳи «Фурӯғ» аст. Соли нахуст дар ноҳиявӣ, соли дуюм дар вилоятӣ ғолиб буд. Имсол…
Дили Ҳомида аз нав сахт ба тапидан даромад. Ӯ ба духтараш бовар дорад, ба заҳматҳои шабу рӯзаш, ба иродаи қавӣ, донишу талошҳои беохираш. Ҳаргиз аз мағлубият руҳафтода нашуд. Хонду хонду хонд…
– Модарҷон!!!
Комилаи аз шодӣ сарупо гум карда пешопеши гурӯҳи аз толор берун омада метохт. Сӯи ӯ. Бо нишоти беохири ғолибият!…
Рухсораи алвони ӯ як лаҳза пеши чашми модар оташи танӯрашро ёд овард сурху банур. Ота¬ше, ки гоҳи ҳар бор нон бастан, ба гармӣ ӯро неру медод. Ин бор нури ин оташ дар чеҳраи Комила мерахшид ва барои модар басо гарму навозанда буд. Модару духтар гӯё ҳар ду нон мебастанд ба танӯр, яке нон барои ҷисм, дигаре нон барои руҳ.
***
Хабари дар бахши адабиёти кӯдакон, дар озмуни шаҳрии Панҷакенти бостон сазовори ҷои аввал гардидани хонандаи синфи 9-и мактаби деҳаи Озодагон, дар як он дар саҳифаҳои интернет паҳн шуд. Аъзои ҳакамон холисона бо як овоз ин ҷойро ба ӯ муносиб донистанд.
Комилаи Валиҷонро акнун фатҳи ду зинаи баландтари Озмуни бошукӯҳи «Фурӯғ» интизор аст. Ӯ ба устувории қадамҳои мегузоштааш сахт итминон дорад. Муаллими забон ва адабиёташ Умия Соҳибова ҳам, модари барояш ҷонфидо ҳам.
Мо ҳам ба ӯ барор мехоҳем.
Латофат