Ба дидори нурбор ва суханони дуррвораш на танҳо дар зодгоҳ, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд муҳаббат бастаанд. Бахусус, дар нишастҳое, ки ба ваҳдату худшиносии миллӣ, таҳкими мавқею манзалати бонувони тоҷик бахшида мешаванд, Гулбаҳор Маликзод гули сари сабад аст.
Донишҷӯӣ ва…
Соли 1991, вақте ӯ ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд, дар фазои кишвар абрҳои сиёҳе пайдо шудаву аз ояндаи тирае дарак медоданд. Гирдиҳамоиҳои пайдарпай, баҳсҳои наҳсбори беохир оқибат оташ ба хирмани давлати навистиқлол заданд. Гулбаҳори донишҷӯй хуб мехонд, дар пойтахт ишқи худро ёфт, оила бунёд намуд, пас аз соле нахустфарзандаш ба дунё омад. Душанбе ҳамоно ноором буд ва навхонадорон ба ноҳияи Ашт кӯч бастанд.
Гулбаҳори ташнаи илму дониш ҳам фарзандонро тарбия мекарду ҳам пайваста китоб мехонд. Нахустин шеърҳояш бари гаҳвораи тифлонаш эҷод мешуданд, бо вазну оҳанги «Алла». Баъдан шеърҳояшро дар маҳфилҳо мехонд, аз назари устодон мегузаронд. Дере нагузашта, ашъораш ба саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дастҷамъӣ роҳ ёфтанд. Худ, ки овози дилнишин дорад, шеърҳояшро дар радиову телевизион мехонд…
Нахустин китоби ашъораш соли 2010 ба табъ расид ва ӯ дар доираҳои адабӣ ошноӣ пайдо кард. Ғоибона маълумоти олӣ ҳам гирифт.
Вассофи Ватан
Дар пешгуфтори панҷумин китоби Гулбаҳор Маликзод «Духтари Ватан», омадааст: «Гулбаҳор аз зумраи суханваронест, ки каломи худро бо муҳаббат ва садоқати ба Ватан доштааш тақвият мебахшад, рангу ҷилои тоза медиҳад ва ба дӯстдорони каломи нобу зебову бадеъ пешниҳод менамояд».
Гулбаҳор ба Ватани маҳбуб садоқати комил дорад, аз тантанаи сулҳу ваҳдат, шукуфоии кишвар меболаду мегӯяд:
Ҷавҳари шеъри равонам Ватан аст,
Хуштарин ҳарфи забонам Ватан аст.
Меҳри ӯро ба дилам соҳил нест,
Чашма не, баҳри дамонам Ватан аст.
Шири модар агарам дод равон,
Ҳолиё шираи ҷонам Ватан аст.
Гулбаҳорам, гули хушранги баҳор,
Боғи эмин зи хазонам Ватан аст.
Ровӣ
Суханрониҳои ӯро дар маҳфилҳо бисёр шунидем. Бо забони фасеҳ, бо имову ишороти малеҳ таваҷҷуҳи шунавандаро ҷалб месозад.
- Ман бо меҳру ихлос сабтҳои Маҳмуди Воҳидро гӯш мекунам ва ба ҳунари волои ӯ арҷ мегузорам, ки дар Тоҷикистон бори нахуст театри як актёрро асос гузошт ва ғазалиёти Ҳофизу рубоиёти Хайёмро бо садою сабки хеш ба ҷавонон муаррифӣ кард, - мегӯяд Гулбаҳор Маликзод. – Хушбахтона, дар ноҳияи Ашт пайравони ӯ бисёранд ва банда ба чандин нафар ҳунари суханварӣ омӯзондаам, ки алҳол дар шабакаҳои садову симои ноҳия, театр ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳар боре ки дар қисмҳои ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Ашт ягон чорабинии фарҳангию сиёсӣ баргузор карданӣ шаванд, масъулон Гулбаҳорро меҷӯянд. Афсарону аскарон суҳбатҳои самимии ӯро андар ситоиши Ватан, эҳтироми волидон, посдории ишқи пок бо шавқ мешунаванд, хоҳиш мекунанд, ки такрор ба такрор шеър бихонад.
Оилаи устувор
Гулбаҳорбону оилаи намунавӣ дорад, чун модари се шаҳписар, ӯро торафт зиёд шудани пошхӯрии оилаҳо ба ташвиш меоварад. Ӯ дар ҳар ҷамъомаде, ки оид ба ин масъалаи муҳим баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳояшро беибо мегӯяд ва аз ҳама муҳим барои ба ифоқа овардани оилаҳои ҷанҷолӣ дахолат мекунад. Ба ақидаи Гулбаҳор:
- Дар ҳақиқат, ҷудошавии оилаҳо боиси бисёр мушкилоти иҷтимоӣ мегардад ва барои пешгирии ин падидаи манфӣ моро мебояд роҳҳои нави фаҳмондадиҳӣ ҷустуҷӯ намоем. Ҳоло мо бештар бо келинҳову хушдоманҳо суҳбат мекунем, аммо зарур аст, ки ба ин нишастҳо мардон – шавҳарону хусурҳо ҳам ҷалб карда шаванд.
Забони модариро пос дорем
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як паёмашон аз каммасъулиятии модарон дар забономӯзии фарзандон нигаронӣ намуда, чунин таъкид карданд: «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд». Аз ин рӯ, модаронро сухандон бояд кард, то тифлон суханвар бошанд. Барои иҷрои ин дастури Сарвари давлат мебояд, ки бештар маҳфилҳои адабӣ доир намоем. - мегӯяд Гулбаҳор Маликзод, раиси бахши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар ноҳияи Ашт, узви Хазинаи адабиёти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
ноҳияи Ашт