05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Хизматчии давлатӣ

 

  g 2899

Фаъолияти Гулхоним пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҳамчун китобдор дар ноҳияи Шуғнон шуруъ шуд. Олами китоби ин ҷо ва дӯстдорони он бо саъйи мутахассиси ҷавон боз ҳам рангинтар гардид. Чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва тарғиботӣ ба афзоиши шавқу завқ ба китобхонӣ ва сафи хонандагон мусоидат намуданду ин ҷо ба макони дӯстдоштаи донишварзон табдил ёфт.

   Солҳои фаъолият дар раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят барои бонуи ташаббускор Гулхоним Юсуфова майдони сайқали маҳорату малакаи ташкилотчигӣ, роҳбарӣ ва донишу таҷриба гардид. Ширкати фаъол дар мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷавонон ва одоби баланди муошират боварро ба ӯ афзуданду ҷавонони зиёд дар симояш маслиҳатгари ғамхору меҳрубонро медиданд ва ба ӯ муроҷиат менамуданд.

   Боре духтари зебочеҳраи ҷавоне вориди ҳуҷраи кории Гулхоним дар Кохи ҷавонон гардид. Чун сабаби муроҷиаташро пурсид, духтар изҳор дошт, ки бинобар пайдо карда натавонис¬тани ҷойи кор тасмим дорад, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равад. - Шумо ихтисос доред? Ба ин саволи мудири бахш духтар дипломи сурхи гирифтааш бо ихтисоси иқтисодчиро нишон дод.

- Хоҳарам, маълум аст, ки духтари доно ва соҳибғайратӣ. Пеш аз муҳоҷир шудан бароят як кор пешниҳод менамоям, бовар дорам аз уҳдааш мебароӣ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бонувони ҳунарманди зиёд ҳастанд, ки дар тарғиб ва фурӯши маҳсулоти дастиашон ба ёрӣ ниёз доранд. Беҳтарин ва зеботарин маҳсулотро ҷамъ оварда, ба фурӯш гузор. Бовар дорам, агар ба кор дил бандӣ, чун мутахассиси соҳа дахлу харҷро дуруст ба роҳ монӣ, ҳам ба ҳунармандон ва ҳам ба худат аз ин фаъолият фоида мерасад.

Ҳамин тариқ дар Кохи ҷавонон маркази фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ бо номи «Лаёқат» ба фаъолият оғоз намуд. Марказ дар муддати кӯтоҳ ба макони серхаридори маҳсулоти ҳунармандон аз ҷониби меҳмонони дохилу хориҷи кишвар табдил ёфта, хоҳишмандон дар ин ҷо метавонистанд ҷуробу тоқӣ, рӯймол, куртаҳои занонаву мардонаи миллӣ, косаву табақи чӯбӣ, муҳраҳои аз сангҳои ороишии маҳал тайёршудаи ҳунармандони маҳаллиро дастрас намоянд. Духтаре, ки бо дипломи иқтисодчӣ дар дуроҳаи зиндагӣ ҳайрон монда буд, пас аз чанде дар ҷодаи соҳибкорӣ муваффақ гардиду азми муҳоҷирати меҳнатиро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошт ва вақте тӯйи арӯсиаш баргузор шуд, Гулхонимро дар қатори аввалинҳо даъват намуд.

-Бекорӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, афзоиши мизони талоқ байни ҷавонон ва дигар бемориҳои иҷтимоӣ ба вижа қишри ҷавони ҷомеаро сахт домангир буданд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли мушкилоти ҷавонон дар паст намудани шиддати иҷтимоӣ ва аз байн бурдани ин мушкилот мусоидат намуданд. Бунёди Кохи ҷавонони зебову замонавӣ дар маркази вилоят, ки дар маросими кушодани он Сарвари давлат ширкат варзиданд, намое аз чунин ғамхориҳои бемисли Пешвои миллат дар ҳаққи ҷавонон аст, - мегӯяд Гулхоним.

Толори барҳавову замонавии кох ҷойи дӯстдоштаи ҷавонон барои баргузории консерту озмунҳо, ба мисли «Канӣ духтарон?» ва «Зарифон» гардид. Дар он, ҳамчунин, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, арабӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагиву бофандагӣ ва ҳисобдорӣ ба роҳ монда шуда, ҷавонони зиёд аз онҳо баҳравар гардиданд.

Пас аз солиёни зиёди фаъолияти пурсамар дар самти кор бо ҷавонон Гулхоним Юсуфоваро ба мақомоти вилоятӣ даъват намуда, ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин намуданд. Дар ҷодаи нав низ дар иҷрои вазифаи хидматӣ худро чун кадри масъулу пухтакор ва коршинос нишон дод.

Ҳамкорон дар сифати Гулхоним баён медоранд, ки вай ҳамеша аз маслиҳати ҳамкорони собиқадор баҳравар мегардаду аз таҷрибаашон меомӯзад, вале дар иҷрои супоришҳо ҳамеша мустақилият зоҳир месозаду онҳоро бо сифати баланд иҷро менамояд. Дар баробари садоқати касбӣ ва иҷрои босифати вазифаи хидматӣ Гулхоним бонуи зебопараст аст. Вай бо бонувони ҳамкораш дар сабзу гулзор намудани саҳн ва гирду атрофи бинои корӣ ва хиёбонҳои гирду атроф саҳм мегузорад ва бо ин амал сокинони шаҳрро ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ташвиқ менамояд.

Чанд соли охир Г. Юсуфова дар вазифаи мудири бахши назорати дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият дорад. Масъулиятшиносӣ, сахтгиру серталаб будан нисбати худ ва дигарон дар иҷрои вазифаи хидматӣ, таҷрибаи корӣ ва қобилияти дар муҳлати муайян, мустақилу босифат анҷом додани супоришҳоро ба назар гирифта, мудирияти бахшро ба ӯ бовар карданд.

Гулхоним ёд дорад, дар солҳои оғози фаъолият дар раёсати ҷавонон вай пиёда ба ҷойи кор рафта меомад, чаро ки дар шаҳр нақлиёти мусофирбар вуҷуд надошт. Ҳоло бошад, бо беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва зиёд шудани адади нақлиёт мушкилоти танбашавии нақлиёт арзи вуҷуд карда, танҳо моҳҳои охир дар натиҷаи чораҳои андешидаи қатъии мақомоти шаҳрдорӣ бартараф намудани он муяассар гардид.

- Таҳти роҳбарӣ ва ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, аз ҷумла дар ВМКБ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум дигаргуниҳои бемисл ба вуқуъ пайвастанд, ки сохтмонҳои бузург ва идомаи авҷи ободониву бунёдкориҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят далели ин гуфтаҳо ҳастанд. Дар саргаҳи ҳамаи ин пешрафтҳо сулҳу амният қарор доранд, ки ба шарофати меъмори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, ба қадри он расидан вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар аст, - баён медорад Гулхоним Юсуфова.

М. ШОҲҶАМОЛ,

шаҳри Хоруғ

 

 

:.  Аз ҳар боб 01.02.2023 13:21 491

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz