04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САДА- ҶАШНИ МИЛЛӢ

 

  

 333

 Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззат ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр ва рӯ овардан ба рӯшанист. Тавлиди оташ – таҷаллии нури Парвардигор, мазҳари ҳастӣ ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот ва дод бар бедодист. Аз ибтидо шинохти моҳияти гармӣ дар муқобили сардиҳо буд, ки ба ҳикматаш дар аҳди Пешдодиён сарфаҳм рафтанд ва дарки ҷойгоҳи оташ дар рӯзгори башар яке аз дигаре афзалият надорад.

   ‹ Ривоят

   Овардаанд, ки муҷиби пайдоиши ҷашни оташ Рамоил – вазири накуноми Заҳҳок будааст. Аз ду марде, ки ҳар рӯз кушта мешуданд, якеро Рамоил яла мекард ва дар кӯҳи Дамованд пинҳон. Чун Фаридун ӯро бигирифт сарзаниш кард. Рамоил қиссае боз гуфт ва саворон бифиристод ва ба дурустии суханонаш эътимод ҳосил шуд. Ва Рамоил супориш кард, ки ҳар касе боми хеш оташ афрӯхт, зеро ки шаб буд ва бисёрии эшон падид омад. Ва Фаридун ин рӯзро ҷашн эълом дошт ва шоҳонро ташвиқ намуд, ки ин рӯзро тавлиди рӯшноӣ бипазиранд.Дар «Шоҳнома» зикр шуда, ки сабаби пайдоиши Сада- Ҳушанг, пури Сиёмак будааст. Рӯзе Ҳушанг бо ҳамроҳонаш чун аз кӯҳе мегузашт,мори бузурге падид омад. Ҳушанг санги азимеро ба мор андохт. Санг ба санги дигаре бархўрд ва «фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг» ва Ҳушанг Худойро аз он сипос гуфт ва:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар Шаҳриёр.

       Таърих

  Одамӣ аз бунёд ба ҳаводиси табиӣ кунҷковона таваҷҷуҳ мекард. Аз мушоҳида ва боварҳо бармеояд, ки ба тадриҷ ба моҳияти оташ, ки гармӣ дораду рӯшанӣ ва хомро пухта мегардонад ва муҷиби таҳрики ҳаводиси олам аст, расиданд. Миллату ақвоми олам кашшофи оташро бо оин ва анъанаву маросим алоқаманд карда, идвораҳо сомон доданд. Тибқи сарчашмаҳои нахустин подшоҳе, ки ба расмияти ҷашн даст дошт, Гуштосп буд. Ба қавли Ибни Балхӣ Гуштосп буд, ки «Аввал оташкада сохт ба Балх ва дувум оташкада ба Озарбойҷон ба ҷойе ва савум оташкадаи Истахри Порс». Пас ҳам дар он таърих фармуд, то ҳама ҷойҳо оташгоҳ сохтанд. Аз ҳама бузургтарин оташкадаҳо «Навбаҳор» ва «Меҳрбарзин» дар Балх буданд. Пас аз ӯ Луҳросп дар Балх ҷашнгоҳ барои Наврӯз, Меҳргон ва Сада бунёд ниҳод, ки бозору дукон ва растаҳо дошт.

Яке шорсоне баровард шоҳ,

Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.

Ба ҳар барзане ҷой ҷашни Сада,

Ҳаме гирд бар гирд оташкада.

Сутунҳои базмгоҳ озину оро меёфтанд. Мувофиқи амри шоҳон дар талу пуштаҳо ва базмгоҳҳо ҳезум аз гавзу бодом барчида дар як вақту соат фурӯзон мекарданд. Рӯшаниву сурхӣ ҳама ҷоро фаро мегирифт. Дар робита ба ин лаҳзаҳо Унсурӣ мегӯяд:

Гар ин рўз аст, шаб хондаш набояд,

В – агар шаб рўз шуд, хуш рўзгор аст.

Гар аз асли зимистон аст Баҳман,

Чаро ин шаб ҷаҳон чун лолазор аст…

‹ Ҷашн

Зимистон аз Даймоҳ ва чилаи калон (21.XII) оғоз мешавад. Бо вориди Чилаи хурд, ки 10 – уми Баҳман ва 30 – юми январ аст, Сада таҷлил мешавад. Берунӣ оварда, ки «Сада, Обонрӯз аст аз Баҳманмоҳ. Ва он даҳум бошад ва андар шабаш, ки рӯз 10 аст миёни 11, оташ афрӯзанд ва шодӣ кунанд. Ба қавли Маҳмуди Гардезӣ дар Баҳманмоҳ «Рӯзи дуюм Баҳманҷана, панҷум Барсада ва даҳум Сада бошад». Бино ба навиштаи онҳо Барсадаро Навсада ҳам мегӯянд, ки омодагӣ ба ҷашн аст. Чаро Сада? Бино ба навиштаи Берунӣ «Сабаб он аст, ки то Наврӯз 50 – рӯзу 50 – шаб аст ва низ гуфтаанд, ки аз фарзандони падари нахустин 100 тан шуданд». Ӯро Гардезӣ тақвият медиҳад. Садаи бузург ин аст: «Чунин гӯянд муғон, ки андар ин рӯз сад мардум тамом шуда буд аз насли Мешӣ ва Мешона ва эшон ду мардуми нахустин буданд». Чунон ки мо Одам ва Ҳавворо ду тани аввал медонем. Гурӯҳе низ ҳастанд, ки таҷлили Садаро ба муносибати садумин рӯз аз оғози зимистони бузург (аз аввали Обонмоҳ то 10 – уми Баҳман) медонанд. Яъне 3 моҳи сирӯза (Обон, Озар ва Дай), ки 90 рӯз мешавад ва боқӣ аз Баҳман. Ин далел низ аз хеле куҳан будани ҷашнвора аст. Дар такя ба оин Берунӣ таъкид мекунад, ки мардумон «Садаро дар муқобили аз дўзах ба рӯйи олам баровардани зимистон», ба миён оварданд, ки то гармиро афзун кунанд. Ба оташи афрӯхта рустаниҳои хушбӯйро меандохтанд, ки осебу зиёни сардӣ андак шавад. Ба қавли Ироншоҳ бини Абдулхайр (»Баҳманнома») аҳду паймонро маъмулан дар канори об ва оташ мебастанд ва савганди садоқат изҳор медоштанд. Дар ҳавои мусиқӣ шоирон андар васфу ситоиши ҷашнвора эҷоди худро пешниҳод мекарданд ва сила меситонданд. Бозиҳои бачагон ҷаҳони дигар буд. Бештар ба «гулафшонӣ», навъе аз бозӣ, ки ба мушакпарронии кунунӣ шабеҳ аст, машғул мешуданд. Ва «Бо майи гулгун гулафшонӣ кун», гуфтани Ҳофиз ишора ба ҳамин амал аст. Дӯшизаҳо меҳру орзуву омоли хешро дар матоъҳои сурху гулобию ҷигарӣ, ки ранги оташ ва сипанд, миҷози гарм доранд, мерезанд. Тоқии домодӣ - шаҳиро нигора мезананд.

    Оинҳои ҷашн

     Ба қавли Аҳмади Тўсӣ оташ неъмати Худованд аст, ки аз касе дареғ надошт, на аз маликон ва на аз мискинон. «Ва ин атои Офаридгор аст, ки дар ҳаққи бандагон кард, то гадову амир дар он яксон бошанд». Мувофиқи маълумоти пешиниён дар Баҳманҷана аҷамиён «аз ҳамаи наботҳо ва донгуҳо (донагиҳо) деге бипазанд ва тухмҳову гӯштҳои ҳар ҳайвоне андар ӯ кунанд». Ҳар тане ҳунару сарвати худро намоиш медод. Дастархони ҷашнӣ ё чилагӣ меоростанд, ки аз мош - кичрӣ, лўбиёю нахўдшӯрак, кашк, далда, ширрӯған, қурутоб, дуғ, ҷӯшӣ, ўмоч, кочӣ моломол меомад.

Андар Сада

   Кор аз рӯи хирад ба ҷо овардан, ба хонаи доноён шудан ва аз суҳбати эшон баҳра бардоштан; бо ёрон машварат оростан; бо душманон роҳи оштӣ ҷустан; рахти хуб пӯшидан; ба хонаи ҳамсоя ширу мост бурдан; ба аёдати беморон рафтан маслиҳат аст.

Зеро оташ мазҳари рўшанӣ ва муборизи зидди торикист. Ба ёрии инсон шарикон дорад. Хурўс аз ҷониби эзиди шаб- Суруш шабзиндадор гумошта шуда, мардумро аз расидани бомдод мужда медиҳад. Аз ин рӯ, хўрдани гӯшташ мамнӯъ буд. Рамзи моҳ ранги сафед аст.

Сарнавишт

   Сада нозанинтарин ҷашни аҷдод аст. Таҷлилаш ҳеҷ гоҳ ба оташпарастӣ намекашад. Нишон аз меҳрпарастӣ ва ихтирои бузурги инсоният дорад. Сада аз иззат ниҳодан ба оташу гармию рӯшанӣ буд, ки арабро хуш наомад, балки онро хатарзо ангошт. Агар оину русуму ҷашнвораҳо аломат ва хоссагиҳои кеши қаблиро менамуд, Сада аз пой то сар ба зоҳиру ботин намунаи барҷастаи ҳикмати куҳан буд.

Ба андешаи Фирдавсӣ араби бодиягард ва тоифаҳои арабгарой «Зи доноиву шарм бебаҳрагон» ҷашнвораро аз миён бурданд ва

Ҳаме оташ бимурд ба оташкада,

Шавад тира Наврўзу ҷашни Сада.

   Ҷонибек АСРОРИЁН

 

 

 

 

 

:.  Аз ҳар боб 24.01.2023 10:04 542

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz