04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Нома ба «Бонувони Тоҷикистон»

 

  

hjh 180

Ба рӯшанфикрон, бахусус барои аҳли қалам, камтарин илтифот аз хирмани зар беҳтар аст. Таваҷҷуҳ ба шахсияти нависанда ва эътибор ба навиштаҳои ӯ, ҳар ду тавъаманд. Медонем, ки хомакаш осори хурду бузурги хешро баҳри хонанда, барои мардум менависад, навиштаҳояш баҳри хилвати худ нест.

     Ҳамин рисолати наҷиб – арҷгузорӣ ба осори адибонро маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» таҳти роҳбарии Шоҳона Одиназода ба сомон мерасонад. Мани 80-сола, ки аз Душанбе садҳо километр дурам, бо умеди чопи чанд модарнома - таронаҳои хешро ба нишонии маҷалла фиристода будам. Барои шодмонии руҳи модар, ки ҳастии хешро барои мо бахшидааст, як аксашро низ илова карда будам. Ҳеч гумон надоштам, ки таронаҳои банда на танҳо чоп мешаванд, балки ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» пешниҳод мегардад.

Ҳангоми дар саҳифаи муҷаллои маҷалла чоп шудани эҷодам аз «Бонувони Тоҷикистон» - у сармуҳаррираш мамнун гаштам, дуо додам, ки маҷаллаи дӯстдоштанӣ доимо чунин сабзбаргу пурмуҳтаво бимонад.

Вақте набераам Бузургмеҳр аз Душанбе хабари дар сафи ғолибон мақом ёфтани таронаҳоямро гуфт, беихтиёр дилам гум зад, дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Он замон дар байни замин каланд бар даст бехи анорҳоро нарм мекардам. Набераҳоям садо дар доданд, ки аз Душанбе шуморо мепурсанд. Ба чашмам айнакро дурусттар мондаму дар экрани телефони мобилӣ, чеҳраи набераам Бузургмеҳрро дидам.

Бо хурсандӣ лавҳаи диплом ва туҳфаро нишон медод. Дар дипломи зарҳалкорӣ ному насаби банда медурахшид. Чи будани туҳфаро напурсидам, қаноатмандиву шукргузории ман чоп шудани матлабам буд. Аз он сӯ шунида мешуд: «Бобо, ҳадияи ғолибияти Шумо дарзмол будааст. Рафта ба ҷойи Шумо қабул кардам. Маросими ҷамъбасти озмун ба як чорабинии бошукӯҳ табдил ёфт».

Аз ин тараф, ба набераам бо шӯхӣ гуфтам: «Бисёр хуб, бо дарзмол ожангҳои рӯямро ҳамвор мекунаму ба ҷустани кампири нав мебароям. Вақтҳои охир момоат ба бандаи ганда беэътиборӣ мекунад…».

Садои ханда аз ду тараф баланд мешавад. Суҳбат бо ҳамин ҳолу ҳаво ба поён расид, рафта дар ҳота, дар партави Офтоби тирамоҳӣ нишастам. Ба андеша фурӯ рафтам ва ба худ гуфтам: «Одамият намурдааст, ҳанӯз нафас мекашад. Дунё ба бунбасти вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ғарқ шуда бошад ҳам, одамони нек, қадршинос ва суханпарвар ҳастанд. Яке аз онҳо бонуи хушдил Шоҳонаи азиз аст. Ин сарварбонуи собитқадам пайрави воқеии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд».

Ба муаллими дилшиносу одамшинос саодати рӯзгору сарфарозӣ ва ному осори ҷовидона мехоҳам.

Ин дили озурдаи пири қалам

Мешиносӣ беҳтар аз мо, дилшинос.

Дафтари моро ту кафтар кардаӣ,

Бар ҳама эҳсоси эъҷозат сипос.

Муҳаммадшарифи САЛИМ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

:.  Аз ҳар боб 29.11.2022 15:50 366

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz