05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Биноҳои хароб гаштанд обод

 

  Bonu 10_2022__IMG_9686_fmt

 Мошин назди бинои куҳнае қарор гирифту ронанда бо ишора илова намуд, ки «коргоҳи консерв ҳамин аст». Вақти ворид шудан, дидем, ки гурӯҳи бонувон саргарми коранд.

- Қувваи асосии кории коргоҳ бонувонанд. Бештарашон таҷрибаи зиёда аз 30-сола доранд. Замони шуравӣ коргоҳи консерви ноҳияи Шаҳринав бо теъдоди зиёд маҳсулот мебаровард. Консерви мо дар дохил ва хориҷ аз кишвар маъруфияти хосса дошт. Алҳол, бонувон бо таҷҳизоти замонавӣ ошно ҳастанд, бемалол фаъолият доранд, - изҳор дошт Холмаҳмад Темуров.

Тоҷихон Мамадқулова бо собиқаи 53-сола байни дигар ҳампешаҳо соҳибтаҷриба аст. Ба даҳҳо нафар кор омӯзондааст.

- Пас аз чандин соли муфлисшавии коргоҳ ҳоло кор ҷӯш мезанад, - иброз медорад Тоҷихон Мамадқулова ва бо чанд маслиҳат додан ба бонувон дар омода намудани бодиринги очоронида суханашро идома медиҳад:

- Бодиринги очоронида (маринированный) яке аз хӯришҳои дӯстдоштаи муштариён аст. Вале нав¬корон дар омода кардани он ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, ки ба табъи истеъмолгар писанд намеафтад ё маҳсулот вайрон мешавад.

Пас, чӣ гуна метавон онро омода кард? Нахуст риояи тозагӣ ҳатмист. Бодирингро дар оби пок тоза шуста, муддати беш аз 2 соат дар оби хунук нигоҳ бояд дошт. Зарфҳои шишагиро низ бо содаи хӯрока тоза шуста, тамиз кардан лозим аст. Сипас, сирпиёз, поя ва гулхонаи бодиён, каҳзак ва барги ғорро ба зарфи тамизшуда андохта, бо бодиринг зарфро пур намоед. Оби ҷӯшро ба зарф андохта, муддати 10 – 15 дақиқа нигоҳ доред. Баъд, оби зарфро рехта, ба он 2 қошуқ намак ва 1 қошуқ шакар (агар зарфи 2 литра бошад) андохта, оби ҷӯшро аз болояш рехта, 1 қошуқ сиркоро ҳам биафзоед. Бо сарпӯши тамизшуда зарфро маҳкам намуда, чаппагардон карда, болояшро пӯшонед. Пас аз 3 рӯз зарфҳоро гирифта, дар ҷойи торик монед.

Ҳамида Сафолова ба суҳбат ҳамроҳ шуда, гуфт, ки пештар дар роҳи оҳани Чептураи ноҳияи Шаҳринав фаррош буд ва аз он ки имрӯз ҷойи кори нав пайдо намудааст, хушҳол аст.

- Дар баробари он ки роҳбарият бо маоши хуб ва ғизои гарм моро таъмин месозад, кори ҳаррӯза бо бонувон бароям писанд аст. Мо, занон, ҳамакаса ба заминҳои хоҷагидорон рафта, маҳсулот ҷамъ оварда, консерв омода менамоем. Имсол аз олучаю зардолу нӯшобаҳо ва аз помидору бодиринг ва пиёзи анзур консерв тайёр кардем. Устоҳои корозмуда Холмаҳмад Темуров ва акаи Абдусамад нозукиҳои пешаро ба мо меомӯзонанд, - қаноатмандона меафзояд Ҳамидабону.

Алҳол, маҳсулоти коргоҳ дар мағозаҳои шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва дигар ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт дар фурӯшанд. Имсол 120 ҳазор зарф консерв ба истеъмолгарон пешкаш шуд.

- Ростӣ, пештар ба тиҷорат шуғл доштам. Вақте вохӯрии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо соҳибкорон тамошо кардам, нисбат ба тасмимҳо ва дастгириҳои Роҳбари давлат худро бетараф гирифта натавонистам. Воқеан, ин мулкро онҳое обод мекунанд, ки фақат дар ғами худ нею дар андешаи ободии Ватан мебошанд. Вақте бо дастгирии як нафар чанд тани дигар соҳиби кор мешавад ва оилаҳо аз мушкилоти иқтисодӣ азият намекашанд, ин беҳтарин кори хайр аст. Ҳамчунин, маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои кишвар мечархаду ҳоҷат ба хориҷа барои кор рафтан намемонад. Мо тасмим гирифтем, дар амалӣ гаштани ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон, саноатикунонии кишвар саҳм бигирем, - мегӯяд Холмаҳмад Темуров.

Қариб се сол пештар роҳбари нав фаъол намудани корхонаи азкормондаро ба уҳда гирифт. Аз маъмурони пешин ба ғайр аз чор девори нимрехта ва таҷҳизоти фарсудаи замони шуравӣ чизе боқӣ намонда буд.

Ба андешаи роҳбарияти коргоҳ, таҷрибаомӯзию ҳамкорӣ бо корхонаҳои бузурги консерв ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ боиси авҷи кор шуд. Онҳо нақшаҳои зиёдеро ҷиҳати пешрафти кор роҳандозӣ намуданд. Бахусус, таҷрибаи устоҳои корхонаҳои консерви вилояти Суғд кор дод. Ба коргоҳ аз хориҷи кишвар ба ғайр аз таҷҳизоти замонавӣ ягон намуди маҳсулот ё ашёи хом ворид нагардидааст.

- Бо мурури вақт биноҳои хароб обод гаштанд. Алҳол, 27 нафар дар коргоҳи «Шоми Шаҳринав» бо ҷойи кор таъмин аст. Нақшаҳоеро, ки тарҳрезӣ намудаем, мебоист дар асоси он садҳо нафар, бахусус бонувон соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд. Оянда ният дорем, ки корхонаҳои коркарди меваи хушк бисозему маҳсулоти серталабро ба бозорҳои хориҷӣ низ барорем, - гуфт Холмаҳмад Темуров.

                                                                     Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

:.  Аз ҳар боб 28.10.2022 12:24 507

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz