05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Дарси муаллим баёнгари истеъдоди ӯст

 

Bonu 10_2022__IMG_9893_fmt

    На ҳар устод ҳунари кашфи истеъдодҳо ва инкишоф додани онро дорад. Маҳз омӯзгори асил аз замири шогирдон шуълачаи лаёқатеро дармеёбад ва роҳи минбаъдаи онро равшан месозад. Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон аз рӯзгори муаллиме мегӯем, ки 47 сол боз ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад. Ҳини суҳбат эҳсос намудем, ки Зебинисо Ғайбуллозода ба касбаш зебу зинати дигаре бахшидааст…

- Вазифаи мо дар дили хонанда ҷой намудани меҳри китоб, касбу ихтисос, инкишоф додани тарзи фикрронӣ ва нутқ, ташаккули характер, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас аст, то ки дар оянда ҳамчун шахси асил ба воя расад. Муаллими муосирро зарур аст, ки доим ба пеш ҳаракат намояду дар ҳар дарсаш аз навгоние истифода барад, он гоҳ ба дунёи дониш ворид шудани талаба осон мешавад,- иброз медорад устоди соҳибтаҷриба.

Ӯ дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамагӣ 6 хоҷагӣ дошт, ба дунё омадааст. Барои таҳсил ба мактаби деҳаи ҳамсоя, ки 2 километр дур буд, мерафт. Рӯзҳои сарди зимистон падараш пеш-пеш роҳро аз барф тоза мекард, то ки ду гулдухтараш аз сабақ гирифтан дер намонад. Роҳкушоиву роҳнамоии зодмандон фарзандонро ба маъвои илму маърифат овард. Зебинисо ба фанни физика завқи бештаре дошт, аз ин рӯ, соли 1969 ба факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Аълохону ташаббускор буд, фаъолона дар конфронсҳои илмӣ ширкат меварзид, дар навиштани мақолаҳои илмӣ дасти қавӣ дошт. Бинобар он, пас аз хатми Донишгоҳ дар қатори муаллимон мақом ёфт. Бо ҷавони низомие оила бунёд намуд, бо иваз шудани ҷойи кори шавҳар вай низ паҳлуи ӯ буд. Муддате чанд дар шаҳри Москва зистанд. Зебинисо дар пойтахти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба таълиму тарбияи кӯдакони боғча машғул шуд.

Шуруъ аз соли 1986 сокини шаҳри Душанбе шуданд. Ва бону Зебинисо дар МТМУ №35 ба фаъолият пардохт. Муҳаббати хонандагон ба ӯ неру мебахшид. Пайи бедор кардани завқи хонандагон зиёд талош мекард. Тамоми асбобҳои аёниро дар хона сохта, ба дарс мебурд. Барои рангорангии дарсаш доим озими китобхонаҳо мешуд…

Зебинисо Ғайбуллозода дар МТМУ № 1 ва МТМУ № 42-и шаҳри Кӯлоб низ шогирдони зиёдеро тарбия кард ва муҳаббати фанни математикаро дар дили онҳо ҷой намуд.

Вале ҳамаи роҳҳо ӯро сӯи МТМУ №35-и пойтахт мехонданд. Ба ин даргоҳ муҳаббат мепарвард ва бовар дошт, ки шогидонаш низ мунтазиранд. Ҳамин муҳаббати устоду шогирдон буд, ки бону Зебинисо алҳол дар ин даргоҳи маърифат дарс мегӯяд.

-Ҳоло шароити мусоид ҳам барои хонандагон, ҳам барои омӯзгорон фароҳам аст. Масалан, тавассути интернет метавонем аз тарзу усулҳои дарсгузарии муаллимони Япония, Амрико ва дигар давлатҳои пешрафтаи дунё бохабар гардем, аз таҷрибаи пешқадам дар дарсҳо истифода барем. Муаллим бояд ҳамқадами замон бошад, усулҳои шавқовари дарсро ҷустуҷӯ намояду дарёбад ва ба шогирдон пешкаш созад. Ҳар дарси муаллим аз рӯзи пеш бояд фарқ кунад. Чилу панҷ дақиқа чунон бигзарад, ки хонандагон вазниниеро эҳсос насозанд,- изҳор медорад омӯзгор ва андешаашро чунин идома мебахшад:

-Дарси муаллими ҳақиқӣ шавқовар аст, ба рӯи хонанда олами наверо мекушояд, ба чароғи ақли шогирд равғани тоза рехтанро мемонад. Дарси нав барои муаллим қадр дошта бошад, ба мисли он ки шеъри нагуфтаи шоир ва суруди носурудаи сароянда барояшон азизанд. Танҳо бо ҳамин гуна муносибат омӯзгор метавонад ба муроди дил бирасад.

Таҷрибаи пешқадами омӯзгор дар байни муаллимони ҷумҳурӣ мавриди пайравӣ қарор дорад. Дастури методии ӯ «Тарзҳои гуногуни муқоиса намудани ададҳои ратсионалӣ» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» чоп шудааст. Ҳамчунин «Саволномаҳои тестӣ» барои синфҳои болоиро тартиб ва нашр намудааст, ки даст¬раси омӯзгорони ҷумҳурианд. Ин муаллими соҳибтаҷриба дар конфронсҳои илмию амалӣ, семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос бо маърузаҳо пайваста баромад дораду бо Донишкадаи такмили ихтисоси ҷумҳурӣ дар робитаи доимист. Аз таҷрибаи омӯзгории ӯ шабакаҳои телевизионии ватанӣ борҳо намоиш омода ва пахш намудаанд. Зери роҳбарии З. Ғайбуллозода хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, «Хонандаи сол-2014», «Синфи беҳтарин-2015» ширкат варзида, сазовори мақоми аввал гардидаанд. Хизматҳои шоёни Зебинисо Ғайбуллозодаи тарбиятгар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр шудаанд.

Бону Зебинисо дар зиндагӣ низ муваффақу комёб аст. Ҳамроҳи шавҳари меҳрубонаш чор фарзандро тарбия намуд, ки имрӯз ҳар яке дар соҳаи худ муваффақ аст. Яке табиб, дуюм ҳуқуқшинос, номзади илм, сеюм мутахассис оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва чорум хизматчии ҳарбӣ мебошад. Ӯ бибии меҳрубони 10 нафар набера аст. Бо ифтихор иброз медорад, ки чанде аз онҳо имрӯз дар посбонии сарҳадҳои Ватан устувор истодаанд. Худро хушбахт меҳисобад, ки дар фазои осоиштаи кишвар қадам зада, сӯи мактаб мешитобад, то андаке ҳам бошад дар тарбияи ватандӯстии насли наврас саҳм бигирад.

                                                                          Фарзона ВОСИЕЕВА

:.  Аз ҳар боб 28.10.2022 11:43 568

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz