05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Садои ҳаётбахш

 

                                                                                      (Ба ёди модарам Қурбонбӣ Асламова)


Bonu 09_2022__ _fmt -

Субҳу шом хумори садои ширадорат диламро ба дард меорад. Садое, ки қуввати ҷонам буд. Садое, ки парвози илҳомам буду чакидаҳои қаламамро ранг мебахшид. Садое, ки зиндагиро бо вуҷуди берангиаш дар назарам зебо ҷилва медод…

 Куҷо рафтӣ, модар? Офтоби ҳаётат ғуруб карду ман чӣ будани мушкилиро эҳсос намудам. Чӣ будани танҳоиро фаҳмидам. Чӣ будани дард, ғам, андуҳ ва яъсу ноумедиро бо рафтани худ бароям ошно кардӣ.

  Зиндагӣ чӣ сангиниҳое доштааст, модар! Ба андозае вазинин будааст, ки ҳад надорад. Аммо, модар, ин вазниниҳоро чӣ гуна бардоштӣ? Тазодҳои бераҳме, ки болои сарат жоласон меборид, чӣ гуна таҳаммул кардӣ? Ранҷҳое, ки вуҷудатро фишор медод, захмҳое, ки баданатро ба дард меовард, дардҳое, ки дилатро мехарошид, чӣ тавр тавонистӣ тоқат биёрӣ?

  Вақте кӯдакам бемор мешавад, вуҷудам месӯзад. Чеҳраи гармат пеши назарам меояд. Он рӯз, ки хабари марги бародарам ба гӯшат расид, чӣ эҳсос доштӣ? Вақте фаҳмидӣ, ки садамаи фалокатборе писари 23 - солаатро ба оғӯши марг ка шондааст, чӣ гуна худро доштӣ, модар? Курбони дили бузургат шавам, модар! Кисмати талху зиндагии бераҳм риштаи ҷони падарамро бармаҳал аз дунё барканду туро бо кулбори дардҳо танҳо гузошт. Имтиҳони сахти фалак ба ин ҳам қонеъ нагашту фарзанди 49-солаатро рабуд. Болои ҳамаи ин ранҷҳо маъюбии 3 бародарам, ки мардони болиғанду чун кӯдаки навзод аз онҳо парасторӣ ва ҳимоят мекардӣ, доғи бузурги дигаре дар сина буд. Воқеан, Офаридгор пайкари зебои туро аз ғаму дард офарида буд Дар як муҳити сар то по бухлу ҳасад, кинаю адоват, зулму ситам, бадию бедодгарӣ, бурдборона зиндагӣ доштӣ. Ё шояд, оромиат сохта буду фақат дар зоҳир ҷилва медод, то мо-фарзандонат нороҳат набошем ва ё шояд дар ҳақиқат сабру тамкинат боис мешуд, то луқмапартоиҳои беандешонаю сиёҳдилонаи баъзе атрофиёнро нодида бигирӣ? Худи ман борҳо шоҳид будам, ки бо муҳаббат ҷониби баъзеяшон даст дароз мекардию ба кафҳои дастони нозукат хор мехалонданд, вале ҳеҷ гоҳ нисбат ба касе бад нагуфтӣ, модар! Чунин дили бузургро фақат ту доштӣ. Ҳеҷ кас ҷойи туро дар дилам пур карда наметавонад, модар! Афсӯс мехӯрам, ки бо тақозои замон, натавонистам тез - тез хабарат гирам. Ман ҳанӯз аз бӯйи оғӯши гармат сер нагаштам, модар! Ҳанӯз ба ҳарфҳои меҳрбору суханҳои пурҳикматат, ки кони маъниро мемонд, ниёз дорам. Кӯдаквор мехоҳам, «ҷон писарам», гуфтанҳоят руҳамро бинавозад. Ба қалбам оромиш биёрад. Осонгари мушкилотам бошад, вале ту куҷоӣ, модар?

     Эй хок модари азизи моро нигаҳ дор,

   Ин нури чашми мост, ки дар бар гирифтаӣ…

Дилшод АЛСАМАДОВ,

фарзанди рӯзноманигорат

 

 

:.  Аз ҳар боб 16.09.2022 12:23 453

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz