Дер боз нияте доштам, ки дар бораи бархе аз оилаҳои хушбахт ва намунавии ноҳияи Ванҷ маводе нависам. Хонаводаҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба саодати зиндагӣ расидаанд. Боиси хушнудист, ки чунин зиндагонии хушу хуррам насиби бонувони тоҷик натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Садаф Мирзоева зодагон ва сокинони деҳаи Бунай мебошанд. Ин рустои дорои дарёчаи кӯҳӣ, чашмасорони мусаффо, киштзорони ҳосилхез ва боғоти пурмева, ҷангалистонҳо ва алафзорони зиёд, бо табиати муъҷизаосояш дар саросари Тоҷикистон маълум аст. Қиблагоҳи Хушқадам Холиқ Давлаталиев яке аз номдортарин абармардони ноҳия ба шумор мерафт. Солҳои 50 - уми асри гузашта раиси колхози ба номи Фрунзе буд. Ӯ дар баробари рушд додани иқтисодиёти хоҷагӣ дар бунёди роҳу пулҳо, биноҳои мактаб, клубу китобхона, манзилҳои истиқоматӣ заҳмати зиёд кашидааст. Падари Садаф - Ҷаббор Мирзоев низ яке аз аввалин ҷавонони ташнаи илму дониш буд,ки солҳои 50 – уми асри рафта дар пойтахти кишвар мактаби олиро хатм кардааст.
Солҳо дар таълимгоҳҳои ноҳия ва бештар дар мактаби деҳаи Бунай ба ҳайси омӯзгор ва директори мактаб умр сипарӣ намудааст.Ин мардони некном дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматиашон, ҳамчунин, падарони мушфиқу меҳрубони фарзандон буданд. Писарон ва духтарони боақлу бофаросат ва солеҳро тарбият карда, ба воя расонданд, ки миёнашон нависанда, олим, кормандони ҳизбӣ ва ҳукуматӣ, табиб, омӯзгор, деҳқон ва дигар касбу ҳунарҳо мебошанд. Ҳамаи онҳо дар гӯша ва канорҳои гуногуни кишвари азизамон ба нафъи халқу Ватан заҳмат мекашанд…
Ду ёддошт
Хушқадам Холиқов гуфта буд: «Аз умри худ шоду мамнунам, ки қисмат тақдирамро ба Садаф, духтари яке аз устодони аввалинам Ҷаббор Мирзоев пайваст. Аз гузашти зиндагонии якҷояамон бештар аз чилу панҷ сол сипарӣ мегардад. Дар ин давра ошёни меҳру шафқат ва бовариамонро хеле қавӣ гардондем. Ҳама вақт бурдборӣ нишон додаем, даҳ нафар фарзанди хушахлоқ ва бофазлу донишро тарбият карда, ба воя расондем. Баъди таҳсил дар донишгоҳ муаллим, директори мактаб, мудири шуъбаи маориф, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, раиси Ҷамоати деҳоти Ҷовидон будам.
Дар ин давра ҳамсарам Садаф, ин зани заҳматкаш, хеле закӣ, адабиётдӯст ва китобу рӯзномахон мунису ғамхор ва мададгорам, равшанибахши кошонаам, кадбонуи асили хонадон, модари азизу меҳрубони ҷигарбандонам буду ҳаст. Ҳоло ҳам аз он шукрона мекунам, ки дар ҳамин меҳвари пурарзиши ҳурмату эҳтиромдорӣ нисбат ба якдигар ба таври устувор қарор дорем. Аз хислатҳои зиёди хуҷаста, рафтору кирдор ва фазилатҳои шоистаи бонуи хонадонам Садаф ду пораеро нақл карданиам. Соли дуюми дар вазифаи раиси деҳот буданам, ҳамсарам Ирӯзе рӯзномае дар даст гуфт:
- Аз ин рӯзнома хондам, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷо оварда, бисёр соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба маъюбону ятимон, пиронсолон ва шахсони ниёзманд ёрӣ мерасонанд. Дар ҷамоати мо низ оилаҳои ниёзманд ҳастанд, чӣ мешавад, ки мо ҳам ба онҳо мадад расонем. Сад шукр, ки аз киштзорон ва боғотамон ҳосили дилхоҳ мегирем, зиёд набошад ҳам, як миқдор даромад низ дорем, фарзандон низ ёрӣ мерасонанд. Фикру андешаи ҷолиби Садафро маъқулёфтам. Ба ҳуҷраи кориам рафта. рӯйхати сокинони ниёзманди ҳудуди деҳотро аз назар гузарондам.
Бо роҳбарони ноҳия маслиҳат карда, як рӯзи истироҳатӣ аз ҳисоби пасандозҳо ва маводи хӯрокаи хонавода хатнасури даҳ нафар фарзандони оилаҳои ниёзмандро ба таври хоксорона гузарондем. Аз ин иқдоми ҳамсарам ҳоло ҳам хурсандӣ мекунам. Баъди нашри романам «Кӯҳи оҳан» (бо ҳаммуаллифии Сайидаҳмади Зардон) тасмим гирифтам, ки бо маслиҳати роҳбари маҳфили адибони ҷавони ноҳияи Ванҷ, узви Иттифоқинависандагони Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Ватан» Панҷшанбе Шоҳзода ҷамъомади хурдакаке доир намоям. Аз Садаф хоҳиш намудам, ки бо ин мақсад меҳмонхонаро омода созад.- Не, - гуфт, кӯтоҳакак.Ҳайрон мондам. Чеҳраи ҳайратзадаамро дида Садаф гуфт: - Шумо на танҳо дар ҳукумат, балки бай- ни мардум обрӯи калон доред, инчунин, дӯстонатон бешуморанд. Чи мешавад, ки дар хонаи фарҳанги деҳаи Бунай романи «Кӯҳи оҳан» - ро муаррифӣ намоед. Аҳли фарҳанг, адибону журналистон, дӯстон ва хонандагони асарҳоятонро мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ба ин маҳфил даъват намоед. Баъди шунидани ин суханон хурсанд шудам. Чанд рӯзе тайёрӣ дидем. Маҳфили рӯнамоии китоби нав дар хонаи фарҳанги деҳа ва дар боғистони пурмева ва гулзори бо даҳҳо рангҳо ҷилодори ҳавлиамон хуб доир шуд. Шоир Пайшанбе Шоҳзода романро муаррифӣ кард. Хушоянд буд, ки дар чорабинӣ муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ Азим Шамсиддинов, донишманд Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва сухан ронданд. Ҳамин гуна бо маслиҳат ва ёрии ҳамсари меҳрубонам муаррифии китоби «Кӯҳи оҳан» ба таври хотирмон сурат гирифт ва аз он маҳфил сарам ба осмон расид».
Ёддошти дувум
Боре аз Садаф Мирзоева, ин бонуи гуфтор ва рафтораш ба фариштагон ҳамоҳанг ва ҳамранг, пурсидам, кадомин лаҳзаҳо ва моҳу солҳои умри якҷоя гузарондаашон бо Хушқадам Холиқов аз ҳама бештар хотирмонанд? Гуфт: - Хотираҳои фараҳбахш зиёданд. Хушқадам сутуни хонадон, тарбиятгари фарзандон, инчунин, дар баробари шахси донишманд, бофарҳангу бомаърифат, рӯзноманигор ва нависандаи хушсалиқа будан, ҳамчунон марди заҳматкаш аст.
Чандин касбу ҳунарҳоро аз худ кардааст. Кори сохтмон, дуредгариву деворгарӣаз дасташ меояд. Ба замину боғот дилбастагии қавӣ дорад. Мудири шуъбаи маориф, муовини раиси ноҳия. раиси деҳоти Ҷовидон ва ду навбат вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ буду дар ободии диёр саҳми арзанда гузоштааст.Синни Хушқадам аз шасту панҷ гузашта бошад ҳам, ӯ ҳамоно бо киштзорону боғот сару кор мегирад. Ҳоло ҳам пешаи нависандагиро идома медиҳад. Вақте ки асарҳои «Сарнавишти падар», «Ванҷ дар роҳи маърифат», «Табибони Ванҷ», «Кӯҳи оҳан» ва дигар китобҳоро менавишт, тамоми шароитро барояш муҳайё месохтем. Аз он ифтихор дорем, ки адибони машҳур Басир Расо, Гулназар, Ато Мирхоҷа, Абдуллоҳи Раҳнамо, Нуқраи Суннатиён, олимон Раҳим Масов, Нодир Одилов, Ҳайдаршо Пирумшоев, санъаткорон Амриддини Кабирӣ, Хиромон Қурбонова, журналистон Мушаррафа Шарифова, Назруллои Хайрулло, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол ва дигаронро аз рӯи анъана ва таомули меҳмоннавозӣ истиқбол намудаем.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
ноҳияи Ванҷ