Дар фазои ахтаршиносии тоҷик, миёни донишмандони астрономия, бонуи ҷавоне бешитоб месабзад. Бале, бешитоб. Чун медонад илм ҷодаест, ки дар он шитобкорӣ нашояд. Медонад, ки роҳи илм, хосса илми астрономия ҳамвор несту печутоби зиёд дорад, аммо чун ба худу ғайраташ эътимод дораду ба илм рағбати беш, дар ҷодаи баргузидааш қоим аст. Бо пайроҳае меравад, ки бузургони ниёконамон Абурайҳони Берунӣ, Синову Хайём, Форобиву Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар он гом ниҳодаанд. Воқеан, қаҳрамони мо Фирӯза Раҳматро бе ягон муҳобо метавон давомдиҳандаи мактаби нуҷумшиносии ниёкон гуфт.Зодаи даврони Истиқлол аст, Фирӯза. Аз шумори ками на танҳо бонувон, балки ҷавононе мебошад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ камар барбаста.Дар ҳоле, ки бисёр ҷавонписарон аз илм канораҷӯйӣ менамоянд ва барои ин амалашон садҳо баҳона пеш меоранд, Фирӯза дар майдони илм бе ҳеҷ шакку тардид, гом мениҳад. Гомҳояш устуворанду талошҳояш хастанопазир. Ба само замоне таваҷҷуҳ намуд, ки дар беморхона бистарӣ буд. 16 сол дошт он замон. Шабҳангом аз тирезаи беморхона ба осмон, ҷониби мавҷи ситораҳо назар меандохт.Боре падараш рози саморо ба ӯ кушод. Гуфт: «Моҳ, ки дар осмон мебинӣ, сайёра аст, духтарам. Мову ту ҳоло дар сайёраи дигар – Замин қарор дорем. Сайёраҳои дигаре низ вуҷуд доранд, аммо дар ҳеҷ кадоми онҳо ҳаёт нест». Аз он дам ба Моҳу Офтобу Замин ва ҷирмҳои дигар, ки шабонгаҳ дар осмон чун санги пурҷило медурахшанд, таваҷҷуҳаш бештар гашт. Ба ин хотир, соли 1999, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултети астрофизикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд, то аз роҳи илм саморо фаротар омӯзаду асрори коинотро кашф бинмояд. Ҳанӯз ҳини таҳсил дар Донишгоҳ устодон майлашро ба соҳа дарк намуда, ба илм ҷалбаш карданд. Аз курси якум ба кор оғозид. То нисфи рӯз дарс мехонд, баъд ҳамчун лаборант, сипас, ассистенти кафедраи астрономия заҳмат мекашид. Аз волидонаш маблағ намепурсид. Ҳангоми дар курси сеюм таҳсил менамуд, директори Институти астрофизикаи назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пӯлод Бобоҷонов ба пажӯҳишгоҳ ба кор хонд. Ҳамин тавр, ду соли охири донишҷӯиаш дар байни олимон сипарӣ шуду худ дар доираи суҳбати донишмандони соҳа пухта гашт. Акнун ба олами атроф назари олимона дошт. Ин айём зери роҳбарии академик Пӯлод Бобоҷонов 206 астероидро таҳқиқ намуда, хосияти динамикии онҳоро омӯхт. Баъди хатми Донишгоҳ пурра дар Институт ба кори илмию таҳқиқотӣ пардохт. Ману ӯ бори нахуст 9 сол қабл дар ҳамин маъвои илми дақиқ дидор доштем. Он ҷо барои дарёфти маълумоте оид ба ситораҳои паррон рафта будам. Посбон пеши ӯ ҳидоятам кард. То ба муассиса ворид шудан, бинои он, ки зиёд фарсуда ба назар мерасид, маро ҳайратзада намуд. Аз рӯи одати касби рӯзноманигориам, ҳам ба намои бино ва ҳам дохили он зеҳн мондам.Бино, ки соли 1930 бунёд ёфта будааст, хеле фарсуда ба чашм мехӯрд ва дар дили кас аз ворид гаштан ба он ҳаросе падид меомад. Ана дар ҳамин ҳол бо Фирӯза рӯ ба рӯ шудам, дар як ҳуҷраи васеи камнур, аммо серкитоб. Баътар фаҳмидам, ки ин китобхонаи пажӯҳишгоҳ будааст. Он замон Фирӯза ба симати унвонҷӯ фаъолият мебурду бо сабаби камии маош, ним баст кори китобхонаро ҳам ба зимма дошт. Дар маҷмуъ, аз 500 сомонӣ бештар маош мегирифт. Ҳанӯз дар оғози суҳбат дарк намудам, ки ҷавони ҷӯянда, бофаҳму заковатманд аст вааз илми астрономия огоҳ. Пиромуни фазову сайёраҳои хурде, ки атрофи Офтоб мегарданд, оид ба ситораҳои паррон далелҳое овард, ки басо шигифтовар буданд. Моҳирона сухан меронд. Он суҳбати гуворо дар ман як эҳсоси хушу гуворо ба вуҷуд овард. Шод гаштам, ки бонувони тоҷик низ илмҳоеро меомӯзанду таҳқиқ менамоянд, ки асоси риёзӣ доранду бунёдианд. Дар ҳамин дидор Фирӯза гуфта буд, ки ояндаи наздик Академияи миллии илмҳо барои онҳо (Институти астрофизика) бинои нав месозад. Аммо ҳеҷ гумон намекардам, ки Фирӯза то дер ин ҷо бимонад. Шароит нест, маош ночиз, ҳарчанд ба соҳа завқ дорад, ба наздикӣ шояд ҳамааш ба дилаш мезанад, мегуфтам ба худ. Аммо, хушбахтона, гумонам ботил баромад. Фирӯза шебу фарози роҳи илмро тоб овард. Дар фазои беинтиҳои само, миёни анбуҳи ҷирмҳои осмонӣ нопадид нагашт, худро дарёфт. Сайёраҳои зиёди хурдро, ки даври Офтоб чарх мезаданд, кашф ва таҳқиқ намуд. Дар расадхонаҳои астрофизикаи Қрим, шаҳри Киев такмили ихтисос кард. Барномаҳои нав ва тарзи таҳияи мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмониро омӯхт. Вақте Расадхонаи астрономии Санглох бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмиру навсозӣ шуд, таҷрибаҳои андӯхтааш кор омаданд. Ҷирмҳои фаъоли системаи офтобиро таҳқиқ намуд ва аз натиҷаи онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи дохилу хориҷи илмӣ матлаб ба табъ расонд. Хуллас, то ба вазифаи муовини директори Институти астрофизикаи назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сабзид. Воқеан, чанде пеш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Институти астрофизикаро бо тантана ба истифода доданд. Ва аз тариқи оинаи нилгун дидам, ки Фирӯза ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти густурдаи Институт ҳарф мезад. Бале, Фирӯзае, ки чанд сол қабл гумон мебурдам, дар роҳи илм, ки саҳлу осон нест, тоб намеорад. Ҳамчунин, ба наздикӣ зери роҳбарии Гулчеҳра Қоҳирова дар мавзуи «Таҳқиқоти хусусиятҳои физикиву динамикии ҷирмҳои фаъоли системаи офтобӣ бо мушоҳидаҳои оптикӣ» дар Институти астрономии Академияи илмҳои Россия рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Ҳайати комиссия ба кори илмиаш баҳои арзанда дод. Ҷирмҳои системаи офтобӣ чаро зуд – зуд фаъол мешаванд? Афрӯзиш дар онҳо ба кадом сабаб рух медиҳад? Ӯ ҳоло ин равандро дар Расадхонаи астрономии Санглох меомӯзад. Чанде пеш олимони Африқо иттилоъ доданд, ки ҳамсафари Нептун ба Замин наздик мешавад ва ин ҳолат дар фазои 40 кишвари дунё мушоҳида мегардад. Бо пешниҳоди онҳо ҳоло Фирӯза бо ҳамкасбонаш ин равандро низ назорат мебарад. Ба роҳи илмии ӯ менигараму ба худ мегӯям, ки ӯ ватандӯст аст. Патриоти замони Истиқлол. Ва яқин, ӯ дар илми астрономияи тоҷик муаллифи навгониҳову кашфиётҳои зиёде мегардад. Ҳоло дар фазои беинтиҳои атрофи Замин миёни анбуҳи ҷирмҳои хурду бузург астероиде ба шарафи олими тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова «Koknirova» гузошта шудааст. Ӯ аввалин бонуи тоҷик аст, ки дар само сайёрае ба номаш мечархад. Он рӯз дур нест, ки Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ барои ҳиссаи арзанда дар таҳқиқи ҷирмҳои хурди фазо сайёраи дигареро ба номи донишманди варзида, зодаи Истиқлоли Ватан – Тоҷикистони офтобрӯя Фирӯза Раҳмат мегузорад.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ