Баъди даҳ соли фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби зодгоҳаш, моҳи июни соли 2006 издивоҷ кард ва бо амри тақдир ба деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қадам ниҳод. Дар деҳа ҳамагӣ 13 оила зиндагӣ мекард. Ин русто низ мисли дигар деҳаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё гардидааст, зеро аксари мардуми кӯҳистонро солҳои 1950–1960 ҳамчун муҳоҷир ба ноҳияи Фархор кӯчонда буданд. Бо имконияти дастдошта, бархе дубора ба зодгоҳи бобоӣ баргашта, зиндагӣ ихтиёр мекарданд. Пас аз як моҳи сокини деҳа шудан, Зебо Исоева масъалаи идомаи кори омӯзгории худро ба шавҳараш Суҳроб дар миён гузошт. Аммо аз набудани мактаб огоҳ гардида, хеле руҳафтода шуд. Хонандагон ба мактаби деҳаи ҳамсоя, ки дар масофаи 3 км дур қарор дошт, мерафтанд. Айёми таътил буду хонандагони деҳа, ки шумораашон ҳатто ба 10 нафар ҳам намерасид, аз набудани маъвои дониш парвое надоштанд, аммо хотири омӯзгори нав мағшуш буд. Баробари оғоз ёфтани соли таҳсил кори ӯ чӣ мешавад? Магар метавонад ҳамарӯза бештар аз 6 км роҳро дар шароити кӯҳистон тай кард? Дар вақти гармӣ, албатта, мушкилӣ камтар аст, аммо дар фасли сармо чӣ? Сардиҳои кӯҳистон дуру дароз, То оғози соли таҳсил ва фарорасии зимистон бояд чорае ҷуст, фикр мекард худ ба худ омӯзгор Зебо Исоева. Баъди маслиҳату машварат аҳли хонавода, хусусан падари шавҳараш, ки табиб буду масъулияти солимии сокинони ин деҳотро бар дӯш дошт, ният карданд, ки дар деҳа бояд мактаб бунёд шавад, то насли наврас аз таҳсил дур намонад. Ташаббуси омӯзгор Зебо Исоева ва аҳли хонаводаи ӯро шуъбаи маорифи ноҳия хуш пазируфт ва дар яке аз манзилҳои зист филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро созмон доданд.. Ҳамин тариқ, соли хониш оғоз ёфт ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ бори нахуст ба мактаби деҳаи худ барои таҳсил рафтанд.
Азбаски шумораи хонандагон хеле кам буд, аз синфи 1 то 4 дар як синф бо усули камнуфуз таълим мегирифтанд. Зебо, агарчи бори аввал бо чунин усул ба хонандагон таълим медод, таҷрибаи хуби омӯзгориаш ёрӣ расонд, то мушкилие пеш наояд. Соли 2007 бо ташаббуси омӯзгор Зебо Исоева аҳли деҳ ба тариқи ҳашар ба сохтмони бинои хурди мактаб шуруъ карданд. Бо вуҷуди корҳои зиёди саҳроӣ дар мавсими тобистон, хурду бузург ин иқдомро ҷонибдорӣ намуданд ва дар зарфи се моҳ ду синфхонаи таълимӣ сохтанд. Акнун наврасон то синфи 4-ум дар ин мактаб хонда, баъдан барои идомаи таҳсил ба деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Зебо Исоева мегӯяд: «Ҳарчанд дар мактаби бунёдкардааш фаъолият надорад, хушҳол аст, ки то қадри имкон барои соҳиби хату савод шудани кӯдакон талош варзид. Агар кӯдак дар синфҳои ибтидоӣ таълими заруриро гирифта натавонад, оянда ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин хотир, дар раванди таълим ба ин масъала диққати ҷиддӣ додан лозим аст».
Соли 2010 бо аҳли хонавода ба маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кӯчид ва идомаи фаъолияти омӯзгорияшро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Зоҳир Зарифов ба роҳ монд. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шудан ва онҳоро чун фарзанд дӯст доштану барои таълиму тарбияи дурусти онҳо ҷаҳду талош намудани Зебо, таърихи аҷиб дорад. Ӯ дар ибтидо мехост табиб шавад. Соли 1995 мактабро хамт кард ва бо гирифтани номаи камол хост ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шавад, аммо вазъи печидаи кишвар ва нооромиҳо халал расонданд ва ӯ аз ҷониби директори МТМУ №9 ба номи Ҷангихон Давлатови деҳаи Девдор, яъне зодгоҳаш, ба кор даъват шуд. Раванди таълим ӯро бештар бо касби пуршарафи омӯзгорӣ ошно намуд ва муҳаббати пеша дар умқи дилаш реша давонд. Аз ин хотир ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил гардид ва онро бомуваффақият хатм карда, ҳамчун мутахассиси соҳа ба мактаби зодгоҳаш баргашт. Зебо Исоева изҳор медорад, ки бо вуҷуди доштани таҷрибаи бештар аз 20-сола, ҳанӯз аз кори худ қаноатманд набудам. Аз ин хотир, соли 2019 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дохил шудам ва имрӯзҳо дар тараддуди хатми ин боргоҳи илму дониш мебошам.Пас аз супурдани имтиҳонҳо ва гирифтани диплом, худро омӯзгори ҳақиқӣ меҳисобам ва барои таълиму тарбияи насли наврас бештару хубтар ҷаҳду талош менамоям…
С. НИЁЗ,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин