Маснуоти аз сангҳои ороишии табиӣ ва сангҳои худҷило таҳияшуда ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи одамон, бахусус бонувон қарор доранд, ки асосан рӯи гарданбанд, ангуштарӣ ва дастпонаҳоро зеб дода, бо ҷилову нафосати хеш басо назаррабоянд. Дар Тоҷикистон, ки беш аз 40 намуди сангҳои ороишӣ коркард мегардад, пироя ва маҳсулоти сангтарошигашта муштариёни зиёдро пайдо намуда, бо рангорангиву ҷаззобӣ, хосиятҳои аҷиби хеш, амсоли тавону таскинбахшӣ, болидасозии хотир ва ғайра миёни мардум ном баровардаанд.
Яке аз корхонаҳои коркарди сангҳои ранга ва худҷило ҶДММ «Асрори санг» аст, ки соли 2008 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Шарифӣ ба фаъолият пардохт. Тули даҳ сол мушкили набудани макони муайян барои сохтмони бинои коргоҳ ба пешрафти кор ворид ва насб шуданд. Барои истеҳсоли маҳсулот масъулони коргоҳ аз ашёи хоми маҳаллӣ – сангҳои табиии Тоҷикистон истифода бурда, онро асосан аз КВД «Ҷамаст» харид менамоянд.Ҳоло дар коргоҳ 24 нафар ба кор масруф буда, аз онҳо шаш мард ва боқӣ бонувон мебошанд. Кормандон бо либоси корӣ, ғизои ройгони нисфирӯзӣ ва маоши саривақтӣ таъминанд. Армуғонҳои назаррабои коргоҳ бо назардошти талаботу меъёрҳои байналмилалӣ бо сифати баланд таҳия мегарданд. Дар коргоҳ беш аз сад намуди маҳсулот, монанди гӯшвору гарданбанд, дастпона,муҳра, овеза, гулдону шамъдон, шоҳмоту абзори рӯи миз, мусаввараҳои аз сангҳои реза таҳияшуда ва дигар армуғонҳои нодир барои муштариёни дохилу хориҷи мамлакат таҳия ва пешкаш мегарданд. Ин армуғонҳо, ки бо санъати волои ҳунарофаринӣ таҳия шудаанд, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ниёгонро дар худ таҷассум менамоянд. Маҳсулоти корхонаро барои меҳмонони воломақом, сайёҳони хориҷӣ ва ғайра чун туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ харид менамоянд. Ин армуғонҳо ба кишварҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот гашта, зинатбахши манзилҳои мардумони дунё ва ороишоти занон мегарданд. Барои ноил гардидан ба ин мақсад, чанде қабл роҳбарияти корхона бо «Алибобо Групп», ки ширкати бузурги чинӣ буда, дар самти тиҷорати интернетӣ машҳур аст, ҳамкориро ба роҳ монд. Ҳамакнун маҳсулоти коргоҳи «Асрори санг» дар фазои маҷозии интернетӣ молу колои худро ба намоиш гузошта, ба ин раҳ, муштариёнро аз тамоми кишварҳои дунё пайдо менамояд. Дар сомонаҳои ширкати номии «Алибобо Групп» маҳсулоти тоҷирони ватаниро ҷустуҷӯ намудем, аммо талошҳо бенатиҷа монд. Шояд мо аввалин коргоҳи тоҷикистонӣ ҳастем, ки тавонистем ба чунин платформаи ҷаҳонии тиҷорат рӯ орем. Зери парчами Тоҷикистон номнавис шудани коргоҳи «Асрори санг» дар фазои маҷозӣ бароямон мояи ифтихор аст, - ироа намуд Далер Шарифӣ. Дар намоишгоҳи ҷаҳонии «ЭКСПО – 2020», ки муддати 6 моҳ – аз моҳи октябри 2021 то апрели 2022 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб идома ёфт, ширкату коргоҳҳои беш аз 170 кишвари ҷаҳон дар ин чорабинии сатҳи баланд ба ҳам омаданд, ки дар радифи онҳо ҶДММ «Асрори санг» низ фаъолона ширкат варзида, маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазири хешро ба намоиш гузошт.Армуғонҳои ҷолиби ин коргоҳи ватанӣ мавриди таваҷҷуҳи хоси иштирокдорони намоишгоҳ гардида, ба нафосату зебоии онҳо баҳои баланд дода шуд. Роҳбарияти коргоҳ тасмим доранд, ки дар ояндаи наздик содироти маҳсулотро ба дигар кишварҳои арабӣ низ ба роҳ монанд. Маҳсулоти коргоҳ дар намоишгоҳи байналмилалии «Import Goods Fair-2022», ки моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ба намоиш гузошта шуда, таваҷҷуҳи муштариёну тамошогарон ба маҳсулоти аълосифат ва сарватҳои бойи табиии Тоҷикистон равона гардид. Ширкат дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, саноатӣ,тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои нави корӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ мусоидат менамояд, ки барои мо, соҳибкорон, ин бағоят муҳим аст. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро ҳамеша дастгирӣ намуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамвора минтақаҳои саноатию иқтисодиро ба истифода медиҳанд. Барои фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд, то ин ки ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат таъмин ва иқтидори содиротӣ афзоиш ёфта, ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гарданд, - иброз дошт Далер Шарифӣ.
Ҳоло мағозаи фирмавии ҶДММ «Асрори санг» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъолият менамояд, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд армуғонҳои аз сангҳои ранга ва худҷило омодашударо харид намоянд. Ҳамчунин, намоишгоҳи зебою барҳаво дар дохили коргоҳ созмон дода шудааст, то муштариён тавонанд бо маҳсулоти корхона аз наздик ошно гарданд. Роҳбарияти ин ҳунаристон тасмим доранд, ки хатҳои истеҳсолии навро ворид, номгӯи маҳсулотро зиёд ва сифати онро боз ҳам беҳтар намоянд.
Ситора шарифӣ