05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

"МЕҲВАР"- МЕҲР МЕОВАРАД

 

 

Bonu 07_2022___fmt

Соли 2020 ҳеҷ аз ёдам намеравад. Замоне, ки бори аввал навиштаҳоям дар маҷаллаи «Меҳровар» ба табъ расиданд. Аҷаб туғёну ҳаяҷону ларзише дар дилам буд. Ходимони маҷалла маро бо чеҳраи кушод, бо дили нарму меҳрубон ва махсусан, сармуҳаррир Шарофат Отаева бо лутфу ширинзабонӣ пешвоз гирифтанд ва руҳбаланд намуданд. Онҳо барои хубтару беҳтар навиштанам маслиҳатҳо доданд.

Шарофатбону занест, ки сиришташ аз меҳру муҳаббат саршор буда, дӯстиаш самимию холисона ва худаш дур аз ҳар гуна кибру ғурур аст. Хоксору рамузфаҳм, худогоҳу меҳнатӣ, оромтабиату ботамкин. Аз муносибаташ, аз навиштаҳои дилошӯби маҷаллаи тозанашраш маълум аст, ки туғёни қалби поки ин бонуи равшанзамир рӯи саҳфа меояд ва хомааш рангомезиҳо мекунад. Саодати зиндагиашро бо як ҷаҳон ҳисси ватандорию меҳанпарастӣ ифшо месозад ва бо як ҳарорати гарму самимӣ мегӯяд:

Зи обруву номи ту,

Ҳамеша босаодатам.

Ту ки пур аз шарофатӣ,

Манам яке Шарофатам.

Мисли шамъ афрӯхтан кори на ҳар зан аст. Зиндагии ибратбахши ӯ мисли шамъ аст, дар шаби тор. Чунин занонро кору пайкорашон шоистаи пайравию ибрати ҷавонон аст. Шахсан, баъд аз ошноии рӯзгори ӯ ва фаҳмидани аспсавориҳову матонаташ ба вай пайравӣ кардан мехоҳам. Ин бонуи ҳунар имрӯзҳо ба симати сардабири маҷаллаи «Меҳровар»-и нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолият мебарад. Дар ин ҷода низ устувор аст ва мекӯшад, то беҳтарин чеҳраҳои Хатлонро аз ҳисоби бонувон, ки рӯзгорашон шоистаи пайравию ибрат ва таҳсину таъриф аст, муаррифӣ намояд. Бешак, муаллим низ худ аз зумраи чунин занҳост, арзандаву лоиқи сипосу қадрдонӣ.

Ҷаҳонсӯзу ҷаҳонороӣ, эй зан,

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.

На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,

 Меҳронаи АБУДЛЛО

:.  Аз ҳар боб 26.07.2022 17:51 445

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz