Ҳини суҳбат бо ӯ ба умқи чашмонаш нигаристам. Бонуи ҷавону сертараддуд, бештар шитоб мекунад, то ин ки кореро дар муҳлати муайян ба сомон расонад. Бале, Мафтуна роҳбар аст, роҳбари ҷавону чашмикордон ва ҳам соҳибирфон…
Вохӯрии мо дар Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд ба вуқуъ пайваст. Дар ҳуҷраи кории Мафтуна Парпиева, директори ин кошонаи илму маърифат, суҳбатамон тул кашид. Мафтуна дар бораи корҳои илмиву дастовардҳояш дар солҳои охир бо ваҷд сухан меронд. Ӯ ҳарф мезаду эҳсос менамудам, ки боз гуфтаниҳои зиёде дорад. Бале, воқеан ӯ муаллими эҷодкор буда, дар зинаи аввал пойдевори илму донишро дар ниҳодаш хеле мустаҳкам гузоштааст. Аз ин рӯ, имрӯз ниҳолакони бомеҳр парвардааш ҳосил оварданду вуҷудаш бо илму маърифат зинат ёфту дар зиндагии хеш мавқеи худро дарёфт.
Ӯ кӯдакии рангин дошту орзуҳояш таҷаллии зиндагиаш гаштанд. Аз кӯдакӣ мехонд, меомӯхт, дар ҷустуҷӯ буд. Як лаҳза вақти худро зоеъ намекард.
Мафтуна хатмкардаи мактаби №2-и шаҳри Хуҷанд аст. Дар олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ ҷойи аввалро соҳиб мешуд. Дар шаҳри Душанбе дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни «Технологияи информатсионӣ» мақоми сеюмро гирифт. Аз ин рӯ, тариқи суҳбат донишҷӯ гардид.
Аз хурдсолӣ мустақилият дошт. Ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ худ ҳуҷҷатҳояшро супурд. Аммо дар Донишгоҳ баъд аз суҳбат устодон ӯро на ба ихтисоси интихобнамудааш - технологияи информатсионӣ, балки ба факултаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва агротехнологӣ пазируфтанд.
Сараввал Мафтуна касби пешакардаашро на он қадар меписандид. Ректори вақти Донишгоҳ Анвар Мақсудов ба ӯ то чи андоза замонавӣ ва ҳам зарур буданашро фаҳмонд. Дарозои таҳсил дарк сохт, ки роҳи дурустро барояш муаррифӣ кардаанд ва аз ин амали устодон хеле сипосгузор аст. Азбаски нозукиҳои соҳаро ба хубӣ аз бар мекарду дар ҳар чорабиниҳои Донишгоҳ фаъолона ширкат меварзид, гирандаи стипендияи раиси вилоят ва раиси шаҳри Хуҷанд гардид. Ҳамчунин, дар Донишгоҳ стипендияи Шурои олимонро барояш сазовор донистанд. Ин муваффақиятҳо барои Мафтуна ба осонӣ ба даст наомадаанд. Ӯ донишҷӯ буду ҷустуҷӯ мекард, то ки асрори нуҳуфтаи илмро дарёбад. Шояд ҳамин ҷустуҷӯҳои пайдарпай аз назари роҳбарият пинҳон намонд. Ӯро дар ҳамин муассиса ба кор пазируфтанд. Фаъолияти худро дар Донишгоҳ ба сифати ассистенти кафедра оғоз намуд. Чандин сол бо олимони номвар паҳлу ба паҳлу кор карда, аз нозукиҳои касби омӯзгорӣ огоҳ гардид.
Соли 2020 ӯро ба Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд ба кор гирифтанд. Дар ин кошонаи илму маърифат таҷриба омӯхт ва айни замон директории муассисаро ба зимма дорад. Дар ин самт ин олими ҷавон ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Ӯ дар Коллеҷ ҳамкориро бо давлатҳои хориҷа ба роҳ монда, ба кишварҳои Олмон, Туркия, Эстония, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон сафар намуда, аз таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии ин кишварҳо омӯхт. Дар ҳар сафараш дар конфронсу мизи мудаввар ва симпозиумҳо ширкат ва, албатта, баромад намуда, фикру андешаҳои худро баён мекард. Кори илмии Мафтуна Парпиева дар мавзуи «Тайёр намудани паштети гӯштӣ» хеле ҷолиб буда, соҳиби ду патент гардидааст. Алҳол 22 мақолаи илмиаш дар маҷаллаву рӯзномаҳои илмии давлатҳои хориҷӣ чоп шудааст.
- Тоҷикистон барои омода намудани ғизоҳои табиӣ имконияти фаровон дорад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба ҷои ғизоҳои тайёри сунъӣ, консервҳои гуногунро омода созем. Ин барои солиму бардам ва соҳиби иммунитети баланд гардидани кӯдакон мусоидат менамояд, - мегӯяд ӯ.
Мафтуна соли 2018 дар Ҷумҳурии Қазоқистон байни донишгоҳҳо ширкат намуда, барои дар сатҳи баланди илмӣ омода сохтани мақолаи илмиаш соҳиби ҷойи аввал гардид.
Дар Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд аз рӯи 9 ихтисос: кори фарматсефтӣ, биология, ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, автоматикунонии кори бонк, информатика, математика-информатика, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми чорво (гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ), технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми чорво (шир ва маҳсулоти ширӣ), технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ шогирдон таҳсил менамоянд. Ба донишҷӯёни Коллеҷи мазкур 11 барномаи ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки дар Олмон, Швейтсария, Амрико, Ирландия, Полша ва 15 давлати дигар таҷриба омӯхта, пас аз хатми Коллеҷ онро дар Ватани худ ҷорӣ созанд.
Соли равон Мафтуна Парпиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадр гардид. Ӯ соҳиби чандин ифтихорномаҳои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хуҷанд аст…
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА
шаҳри Хуҷанд