Махсуда Азизова аз кӯдакӣ орзу дошт, ки табиб шаваду дар ҳифзи саломатии мардум саҳм гузорад, аммо бо тавсияи падари ободкораш сохтмончӣ шуд. Бале, падараш корманди заводи намаки Ашт буд. Баъд аз нафақа чанд сол дар Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ашт ҳамчун боғбон кор мекарду аз лоиҳаҳои ободонӣ огоҳ буд. Истеъдоди фарзанд аз назари қиблагоҳ дур намонд. Ӯ мехост, ки дар «Барномаи сохтмони шаҳраки Ашти Калон» фарзандаш ҳиссагузор бошад.
Соли 1964 як гурӯҳ намояндагони лоиҳакаш аз шаҳри Москва ба ноҳияи Ашт омада, лоиҳаи бунёди Ашти Калонро кашиданд. Тибқи лоиҳа аз дарёи Сир то деҳоти Понғоз об бароварда мешуду ду тарафи биёбон то дашти Сомғор ободу зебо гардида, дар ҳамин мавзеъ 18 совхоз созмон меёфт. Падар мехост, ки фарзандаш низ дар ин сохтмони зарбдор ширкат намуда, барои ободу зебо сохтани ин мавзеи ноободи диёр ҳисса гузорад. Ин тасмими падарро Махсуда пазируфта, соли 1969 ба Институти политехникии Тоҷикистон ба факултаи сохтмон, шуъбаи «Сохтмони саноат ва гражданӣ» дохил шуд. Ӯ аввалин духтаре буд, ки аз ноҳияи дурдасти кӯҳистон ба шаҳри Душанбе пайи амалӣ намудани орзуҳои хеш парвоз кард. Орзуи падар ҷомаи амал пӯшиду фарзанди дилбандаш дар ҳақиқат аввалин фотеҳи заминҳои бекорхобидаи Ашти Калон гардид.
Ҳангоми таҳсил дар курси чорум ба ноҳияи Ашт барои таҷрибаомӯзӣ омад. Гуфтан мумкин аст, ки дар курси чорум фаъолияти кории ӯ дар ин соҳа ҷараён гирифт. Пас аз хатми Донишкада соли 1974 фаъолияи меҳнатии худро дар ПМК-6 – Трести «Тоҷикирсовхозстрой» ба сифати муҳандис оғоз бахшид. Хислатҳои наҷиб ва кордонии ӯ аз назари роҳбарият пинҳон намонду ӯро муҳандиси калон таъин карданд. Баъдан солҳои 1976 - 1978 мудири шуъбаи истеҳсоли техникии ПМК - 6 буд.
Махсуда Азизова ҳамроҳи ҳамсараш Зоҳирҷон Расулов, ки ӯ низ сохтмончӣ буд, дар гузоштани пойдеворҳои аввалини бунёди шаҳраки Гулшан ҳисса гузоштанд. Муаллим изҳор намуд, ки вақте лоиҳаи бунёди Ашти Калонро тарҳрезӣ карданд, бунёди марказҳои фарҳангӣ, мактабу беморхона, кӯдакистон дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон аз назар дур монд.
Маҳз бо дастури раиси вақти ноҳия Иззатулло Ҳалимов, муаллим Махсуда Азизова кӯшиш намуд, ки ба лоиҳа бунёди мактабу беморхона, кӯдакистон, маркази фарҳангӣ ва меҳмонхонаро ворид созад. Вақте ки пойдевори беморхона гузошта шуд, вазъи кишвар тағйир ёфта, сохтмон ба таъхир афтод. Соли 2012 бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхона пурра сохта, ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Сарвари давлат ширкат доштанд ва ин кошонаи табобатиро фарзанди муаллим Кабирҷон, ки сартабибии ноҳияро ба зимма дошт, қабул кард.
Муаллим аз он изҳори шодмонӣ кард, ки кори оғозкардаи ману падарашро, яъне бинои бунёдёфтаи беморхонаро фарзандаш аз дасти Сарвари давлат қабул намуд. Маҳз, ҳамин кордонӣ ва заҳматҳои ин бонуи кордон дар бунёди Ашти Калон соли 1981 бо ордени «Нишони фахрӣ» қадр шуд.
Дар ҳаёти Махсуда Азизова лаҳзаҳои ҳассосу ҳаяҷоновар хеле зиёд буданд. Муаллим ин воқеаҳоро, ки аз гузашташон солҳои зиёд сипарӣ гардиданд, бо як ҳаяҷон, як самимият ба хотир овард.
Котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон Юрий Иванович Полукаров ба ноҳияи Ашт омада, дар кинотеатри «Лола» бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронд. Азбаски Махсуда Азизова низ аъзои бюрои райком буд, изҳор намуд, ки бояд дар назди ҳозирин ҳамчун намоянда аз насли ҷавонон баромад кунад. Махсуда Азизова бо лаҳни зебову бурро ва ҷарангосии худ бо забони русӣ аз номи ҷавонони ноҳия сухан ронд. Ҳамин дидор тақдири ӯро ба куллӣ тағйир дод ва ӯ аз як сохтмончӣ ба як зани сиёсатмадор табдил ёфт.
Ӯро котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳия интихоб намуданд. Дар ин вазифа соҳиби байрақи зафар гардид. Кордонию мушкилнописандии ӯ масъулинро ба завқ овард. Ӯро котиби Кумитаи комсомоли вилоят интихоб намуданд.
Соли 1983 бо супориши сарвари вақти вилоят Рифъат Ҳоҷиев ӯро котиби Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ашт ва ноҳияи Хуҷанд (имрӯза ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) интихоб карданд. Бо сабабҳои оилавӣ ӯро зарур омад, ки ноҳияи Аштро интихоб намояд. Як духтараки одии тоҷик бо ҷасорати фавкулода дар набарди зиндагӣ фаъолият карду дастболо гардид. Солҳои 1986 - 1988 шунавандаи Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲК СССР буд.
Махсуда Азизова ду сол дар шаҳри Москва таҳсил дид. Баъдан ҳамчун корманди масъули КМ ҲК Тоҷикистон то соли 1993 фаъолияташро давом дод. Соли 1993 ӯро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд таъин намуданд. Он айём танҳо дар чор шаҳру навоҳии вилоят – Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Ашт кумитаи занҳо ташкил шуда буду халос. Ӯ тавонист бо кумаки раисони шаҳру ноҳияҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кумитаи занҳоро ташкил ва фаъолияти босамари онро ба роҳ монад.
Яке аз хотирмон рӯзгори муаллим ин сафараш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 1996 дар ҳайати гурӯҳи давлатӣ, ки бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваста буд, мебошад. Дар ин ҳайат гурӯҳи бонувон ва варзишгарон низ шомил буданд.
Соли 1995 маҳз бо ташаббуси ӯ рӯзноманигорон Саодатхон Каримова ва Иқбол Тешаев (шодравонҳо) рӯзномаи «Нилуфар»-ро таъсис доданд.
Махсуда Азизова баъдтар ба симати сардори Фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа дошт. Ҳамзамон, дар ташкилоти байналмилалии «Манзил барои инсоният» ба ҳайси раиси шуро кор кард.
Баъдтар ӯро боз ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд даъват намуданд. Солҳои 2004 - 2008 дар ин самт кор кард. Солҳои 2008 -2015 котиби масъули Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Дар кадом коргоҳе, ки ҳамчун роҳбар кор карда бошад, он пур аз дастовардҳост. Аз ин рӯ, ду навбат вакили халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид. Ба давлатҳои хориҷа - Олмон, Полша, Маҷористон, Руминия ва Тунис ҳамчун роҳбари гурӯҳи сайёҳӣ сафар намуда, бо урфу одат ва зисту зиндагии ун мардумон аз наздик ошно гардид.
Махсуда Азизова бо ҳамсараш Зоҳирҷон Расулов дар боғи бо меҳр бунёднамудаашон се фарзанди солим ба воя расонданд, ки ҳар яки онҳо имрӯз дар пешбурди корҳои хоҷагии халқи кишвар саҳиманд. Фарзанди нахустинашон Кабирҷон солҳои сол сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ аст. Хуршеду Зафар иқтисодчӣ буда, ҳар яке мисли модари хеш баҳри пешбурди хоҷагии халқи мамлакат, ободию осоиштагии диёр заҳмат мекашанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА