Ваҳдати миллӣ мафҳуми муқаддасест дар радифи вожаҳои ҷонбахши Модар - Ватан, Озодиву Истиқлол барои хосса онҳое арзишманд аст, ки шоҳиди рӯзҳои мудҳишу ҳам даврони раванди сулҳу барқарорсозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд. Дар авҷи куштору хонасӯзиҳо, ки иддае аз мардум гуруснаву сарсон ва ҳазорони дигар хонаву дару ҳамсару фарзандони худро аз даст дода, шаҳди маргу ғурбат мечашиданд, аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми тақдирсози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон садо дод:
«Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин муждаи бедории миллат, ки аз ниёишҳои дар кулбаҳои хирасӯзи кишвари ҷангзадаву дасти дуои аз хаймаҳои гурезаҳои тоҷик маншаъ мегирифт, дилҳоро мунаввар гардонд.
Гузори 30 сол аз он рӯзҳои фоҷиабор бо азму иродаи фарзандони фарзонаи миллат ғубори ҷанг аз намои дару девори деҳкадаҳо зудуда гардида, мардум ҳифзи сулҳу осоиштагӣ, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ тарбияву ба воя расондани фарзандонро вазифаи муқаддаси хеш мешуморанд.
Собиқ совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш, ки замоне аз гармтарин нуқтаи даргириҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб мерафт, инак, дар овони ваҳдату осоиштагӣ ба деҳкадаи сарсабзу ободон табдил ёфта, Тоҷикобод унвон гирифтааст. Дар даромадгоҳи деҳот як чанори дар сина сад захми носур шоҳиди ҳама ҳодисаҳост, ки он рӯзҳои нохуш, силоҳбадастони ташнахун сӯи парандагони сари шохаҳояш тир холӣ мекарданд. Як тан аз солмандони деҳаи Сохтмони деҳоти Тоҷикобод, ки зери сояи баландчанор дами беғам мезад, иброз медорад, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 1992–1993 бояд барои ҳафтод пушти мо дарси ибрат гардад, то ояндагон ин иштибоҳи бузургро такрор накунанд. Ранҷу машаққати муҳоҷирати иҷборӣ, зиндагӣ не, хуни дил хӯрданро мемонд, ки дар хаймаҳои зимистони сарду фасли гармояш нафасгир, азоби бадтар аз гӯрро дидаем, - бо ангуштони ларзон ашки чашмонашро покиза мекунад пири ботадбир.
– Ҳоли ҳозир, даврони тиллоии зиндагӣ фаро расидааст, аммо ку он ҷону дармоне, ки ту гуфтӣ «корро аз даст мадеҳ, тикаро аз даҳон» аз фаровонии ҳосили замину боғот хони худро ғанӣ гардонему аз фоидаи барзиёди он хонаву дари худро навсозӣ кунем. Дар солҳои ғарибӣ аз Худо фақат як тавалло доштам, ки бори дигар таги ҳамин чанор нишастанро бароям муяссар гардонад. Соягоҳ фақат истгоҳи пирон нест, нуқтаи огаҳӣ аз рӯзгори ҳамдеҳагон ва назоратгоҳи кӯдакону ҷавонон аст, ки чӣ гуна тарбия ёфта истодаанд.
Бо ӯ хайрбод намуда, сӯи идораи ҷамоат роҳ пеш гирифтем. «Сокинони заҳматқарини деҳоти мо ба касби илму ҳунарҳои муосир ва тиҷорату соҳибкорӣ маҳдуд нашуда, аз марзҳои шодобу ҳосилхези зодбуми хеш низ ҳосили хуб мегиранд, - мегӯяд котиби Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод Маҳмадраҳим Ҳомидов. - Масоҳати наздик аз маркази вилоят ва шоҳроҳу бозорҳои калони атроф ба сокинон имкон медиҳад, ки дастранҷи худро сари вақт ба савдо бароварда, даромади дучанд ба даст оранд».
Хурсандхон Донаева, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 39-и ноҳияи Вахш, аз шоҳидони таърихи пурфоҷиаи миллат, ки чун ҳазорон модарони тоҷик азоби ҳиҷрату дигар мушкилиҳои сангинро аз сар гузарондааст, ба ёд меорад:.
- Ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ба овони донишҷӯии мо рост омад, ки он солҳо фориғ аз таҳсилоти ғоибона дар мактаби деҳа дарс мегуфтам. Вақте вазъият дар маркази вилоят ноором гашт, мо сӯи навоҳии Панҷу Ҷайҳун роҳ гирифтем. Азбаски дар хонаҳои сокинони ноҳияи Ҷайҳун шумораи муҳоҷирони иҷборӣ аз меъёр зиёд ҷамъ шуда буд, кӯдакону пиронсолонро хобонда, духтарону ҷавонзанон бо навбат мехобидем, - аз шабҳои ваҳими ҷанг қисса мекард Хурсандхон.
- Дар гурезагиҳо бар замми ғаму андуҳи умумӣ боз ҳар нафари мо аз алами бар боди фано рафтани орзуҳои нотамоми худ сӯхтаву ҷигархун будем. Яке аз хушиҳои айёми донишҷӯӣ бенасиб мондаву дувумӣ, сияҳбахте, ки аз таҳи чодари арӯсӣ рӯ ба ҳиҷрат оварда буд. Нафаре аз ғами гусолаи ширмасту гови дар саҳро ноҷӯшидааш менолиду модари дигаре дар ҳасрати нонҳои аз танӯр нокандааш…
Баъдан, онҳоро ба дигар деҳаҳои бехавф кӯчонданд ва чанде интизори хомӯш шудани оташи ҷанги таҳмилӣ рӯзҳои интизориро паси сар мекарданд. Зимни як сафари мухбирони радио ва телевизион ба ноҳияи Ҷайҳун Хурсандхон оид ба вазъи буду боши гурезаҳо ҳамчун омӯзгори обруманд мардонро ба сулҳу салоҳ ва гурезаҳои иҷбориро ба бозгашт ба Ватан даъват намуд. Он мусоҳиба бо хабарнигорон сабаб шуду ҳамсабақону хешу ақрабо аз зиндаву дар куҷо будани Хурсандхон дарак ёфтанд. Баъди рӯзу моҳҳои сукунат дар ноҳияи Ҷайҳун сокинони ноҳияи Вахш бовар ҳосил карданд, ки барои ба хонаҳои худ баргаштан ягон хавфу хатар вуҷуд надорад.
- Вақте ба зодгоҳамон баргаштем, деҳа як тудаи хокистарро мемонд, ки дар миёни анбуҳи дарахту буттаҳои ёбоӣ бекасу ваҳмнок ба назар мерасид. Аз он деҳаи сабзу хонаҳои пастаку навбунёд танҳо пайи роҳҳои мошингард монда буду суроби сӯхтаву валангори деворҳо. Баъзеҳо аз сустиродагӣ, ин даҳшаткада дигар обод намешавад, гуфта, хоҳони идомаи зиндагӣ дар зодбуми хешро надоштанд. Вале бештари гурезаҳои ба деҳа баргашта, шукри сулҳ карда, ҳаёти навро аз бартараф намудани шикастпораву хокистаркадаҳои хонаву кӯчаҳо оғоз бахшиданд. Аввалҳо на рахти хоб доштему на як порча матое, ки дастархонамон бошад, аз пиёлаи сӯхтагӣ чой менӯшидем, - буғзи гиря дар гулу сукут меварзад бонуи Хурсандхон. - Аммо муждаи сулҳ ба мардум умеду боварӣ ба ояндаи нек бахшида буд, ки мо ҳамагӣ даст ба кор шуда, баъди тозакориҳои хонаву кӯчаҳо ба саҳро баромадем. Бо мурури вақт ҳунарҳои аз модар андӯхтаамро аз нав идома дода, дар як сехи дӯзандагии маркази вилоят ба кор даромадам. Дар он давра, ки пули нақд камчин буд, фармоишҳои дӯхти сарулибоси занонаро бар ивази орду дигар маводи ғизоӣ иҷро карда, рӯзгори хонаводаро пеш мебурдам. Баъдан, бо омӯзгорону талабагон мактаби деҳаро тозаву рӯбучин карда, кӯдаконро ба таълим ҷалб намудем. Бо мурур зиндагӣ маҷрои худро пайдо кард, дасти одам гул, деҳаҳои харобу валангор аз нав ободу зебо шуданд.
Дар ин миён барномаи радиои Тоҷикистон «Хоки Ватан» минбари розу ниёзи сокинони кишвар ва муҳоҷирони бурунмарзии тоҷик гардида, ҳамсару фарзандгумкардаҳо пайвандони худро тавассути он ба Ватан даъват мекарданд. Хурсандхон, ки шоҳиди интизориҳои модар дар роҳи фарзандони муҳоҷираш буд, барои ба Ватан хондани бародаронаш роҳ сӯи Душанбе гирифт.
-Баъди суҳбат бо кормандони радио муҳаррири барномаи «Хоки Ватан» зиндаёд Ҳокими Азиз аз хазина сабти сурудҳои бародарам Сироҷиддин Мирзоевро, ки сарояндаи ансамбли «Мавҷи Вахш» буд, пайдо кард. Ҳамин тавр, зимни барномаи мустақим бародаронамро ба Ватан даъват намуда, гуфтам: «Бародари болобаландам Сироҷиддин, ёд дорӣ, ки бо сурудани таронаи «Маро бигзоштӣ, рафтӣ» дар дили ҳазорон мухлисонат маъво доштӣ. Ҳоло, ки мо туро пазмон шудаву модар чашм ба роҳи ту дӯхтааст, бигӯ, ки кай меоӣ?». Баъди ин суханҳо коргардони барнома он сурудро пахш намуд, - иброз медорад Хурсандбону Донаева.
- Дар таърихи давлату давлатдории башарият Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳбарест, ки аз рӯзи зимоми давлатдориро ба даст гирифтан, ҳамватанони муҳоҷиршударо ба Ватан даъват кард. Ва он суханони самимии Роҳбари ҷавони Тоҷикистон дар зеҳни аҳли олам нақш бастааст:
«Ҳамватанони азизам, аз шумо хоҳиш мекунам ба Ватан, ба хонаҳои худ баргардед. Як қатраи обу як тика ноне, ки дорем, бо ҳам хӯрда, Тоҷикистони азизамонро обод мекунем».
Аз ин рӯ, мардуми тоҷик, бахусус, онҳое, ки шаҳди ғарибӣ чашидаанд, аз ҳодисаҳои гузаштаи миллату давлати худ, сабақ омӯхта, ҳамеша даст ба дуоанд: «Худоё ваҳдати моро нигаҳ дор!».
Ҷ.УСМОН. ноҳияи Вахш