05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ГИРЯИ ШАБ

 

DD1Инак, боз офтобаки охири зимистон ба тан ҳаловату гармӣ мебахшад ва кас мехоҳад зери шуои он бадани дар сардиҳо сардгаштаи хешро офтоб диҳад. Ин офтоб пайғом аз наздик омадани фасли зебои баҳор аст. Ва гӯё бонувонро ово мекунад, ки пайи тараддуди омад-омади баҳору Наврӯз шаванд. Бонувони тоҷик дар чунин рӯзҳо дар фикри хобондани сабзаи суманак мешаванд. Чун Наврӯз мегӯям мекашадам калобаи хаёл сӯи хотираҳо.

- Суманакро, ки яке аз рамзҳои баҳорист, бояд занони бе дарду ранҷ хобонанд, - мегуфт модарам ва таъкид мекард: «Майсара, бачам, саломатии ту хуб аст, бигиру чанд табақ суманак хобон».

Гӯиё маътали ҳамин супориш буд, дарҳол очаи бачаҳом пайи иҷрои он мешуд. То омадани сари сол чанд бор суманаки ӯ коми хоҳишмандонро ширин мекард. Чун Наврӯз фаро мерасид, дар тараддуди далдаи наврӯзӣ мешуд. Суманаки нав омода месохту лӯбиву нахӯд тоза мекард, чапотӣ мепухту гандум мекӯфт. Ба ҳама кор вақт меёфту саришта мекард. Миёни хешу ҳамсояҳо ин ташвишу тараддудҳо «Наврӯзи Майсара» ном гирифта буд.

Модари хушназару хушрафтору хушгуфторам, ки як умр ранҷ мекашид, айёми баҳорон таваллуд шудаву ин фаслро дӯст медошт, аз бари мо - фарзандон рафт…

Бонуи хонадон ба нияти офияти аҳли оилаву пайвандон ва поси хотири гузаштагон Иди Наврӯзро мекӯшид беҳтару хубтар таҷлил кунад.

Чанд соли охир саломатиаш хуб набуд, аммо бо фаро расидани баҳор неру мегирифту тайёрии Наврӯзро медид. Болои сари гулдухтаронаш ба онҳо маслиҳат медод.

- Духтари тоҷик бояд аз уҳдаи тайёр кардани далдаву шабдег, гандумкӯча, чанголиву ширфатир, оши бурида барин хӯрокиҳои миллӣ барояд, - таъкид мекард ӯ ва тарзи омода намудани онҳоро ба ҷигарбандон меомӯзонд.

Баҳори соли 2017 аз сӯзиши дард ба худ мепечид. Чун каме ба худ меомад, бо майле табассум маро огоҳ мекард: - Оташ(падари бачаҳо) наврӯзи ман монд…

- Майсараҷон, Иди Наврӯзро мисли ҳарсола якҷоя мегузаронем, ина чапотиша ма худум мебандум, суманака Гулбаҳор мемона, далдара Шамъигул, - дилбардорияш карданд ҳамсоязанҳо, ки ба аёдаташ омада буданд.

Ҷавоб ӯро қаноатманд кард, ки чашмонашро пӯшид.

Баъди рафтани ҳамсояҳо ману бону танҳо мондем. Гуфтамаш, ки рӯзи панҷшанбе ба хонаи нав мекӯчему рӯзи шанбе наврӯзи туро бо ҷамъи дӯстон мегузаронем.

Ӯ шояд дилпур гашт, ки мадори худро ҷамъ оварду чанд супориш ба духтаронаш дод…

Афсӯс, ки дидани Наврӯз он сол ӯро муяссар нагардид. Рӯзи ваъдагӣ баъди чанд соати дамидани субҳ охирин суханони худро гуфту Тилояш( писари кенҷагии мо, ки он вақт нуҳ сол дошт) -ро суроғ кард. Ва рафт сӯи бехудиҳо.

Болои дастон ба хонаи нав кӯч бастем. Ҳамагӣ як шаб дар кулбаи бо орзуҳои зиёд рост кардаамон меҳмон шуд. Шоми дигар бону ману фарзандонамро тарк гуфт. Рӯзи шанбе, болои сабзаву гулҳои баҳорӣ тобути бонуи ормонии ман дар пуштамазор макон гирифт:

Дар пуштамазор моҳи поке дорам,

Моҳе, ки ба зери абри хоке дорам.

Аз ҳасрату доғи ӯ мапурсед маро,

Хуншор даруни чок - чоке дорам.

Ваъдаи ба Майсара додаро дар рӯзи ҳафташ ба иҷро расондем. Наврӯзиашро гузарондем. Акнун таҷлили «Наврӯзи Майсара» дар хонадон одати доимӣ гаштаву ҳамасола бо ҷамъи дӯстону пайвандон варақгардони хотираҳо мешавем. Барои ман таҷлили «Наврӯзи Майсара» рамзи муҳаббат ба зиндагӣ, анъанаву рӯзгори нек ва баҳор - оғози офариниши инсоният гардидааст.

Низомиддин Шамсиён

DD2

:.  Аз ҳар боб 18.05.2022 12:15 504

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz