Баъди ба Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла овардани фашистони истилогар ҷавонмардони зиёде ба ҳимоя бархостанд. Аз ҳудуди Тоҷикистон низ ҷавонони зӯрманд қомат алам карданд. Қисми афзуни диловарон, коргару деҳқон буданд. Яке аз чунин қаҳрамонони кишвари шермардон, ҷавони 23 - солаи шаҳринавӣ Чӯтак буд, ки баробар бо дигар ҳамватанон ба ҳимояи марзу буми Ватани паҳновари хеш бархост.
Чӯтак Ӯразов 30 – юми ноябри соли 1920 дар деҳаи Шулуми ноҳияи Шаҳринави вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон, дар оилаи деҳқон дида ба дунё кушодааст. Мактаби 7 - солаи зодгоҳро хатм карда, дар колхози ба номи Ленин ҳамчун тракторчӣ заҳмат мекашид. Кӯшиши чандкаратаи ба ҷабҳа рафтанаш бебарор анҷом ёфт. Ба ӯ гуфтанд, дар хоҷагии қишлоқ бозуи коргар зарур аст, вақташ расад, даъват мекунем.
ДАР ҶАБҲА
Ниҳоят соли 1943 комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав Чӯтак Ӯразовро ба сафи Армияи Сурхи коргару деҳқон даъват намуд. Ва ӯ, аллакай, моҳи сентябри соли 1943 бо фашистони истилогар дар набард шуд.
Сар аз моҳи июни соли 1944 қӯшунҳои Армияи Сурх барои озод намудани шаҳру деҳоти ҷумҳуриҳои Назди Балтик ҳарбу зарбҳои пуршиддатро оғоз карданд. Ҳайати фармондеҳии фашистӣ барои нигоҳ доштани кишварҳои Прибалтика аз тамоми неру истифода бурда, тадбир меҷустанд. Истеҳкомҳои пурқуввати сохтаи немисҳо онҳоро умедвор месохтанд. Маҳалҳои аҳолинишин ба мудофиаи давродавр мувофиқ шуда буданд.
Моҳи июли соли 1944 қисмҳои дивизияи тирандозӣ ба бандаргоҳи калони роҳи автомобилгард – ба маҳаллаи хурди Каунатаи РСС Латвия наздик шуданд. Душман муқобилияти сахт нишон дода, дастаҳои зиёди қӯшунҳои пиёдагард ва нақлиёти аз зери зарбаҳои қисмҳои шуравӣ бо роҳи Кауната – Столярово рӯ ба гурез ниҳодаро таҳти ҳимоят гирифт.
Дар чунин шароити баамаломада пеши роҳи душманро буридан ва дар ақибгоҳи он мавқеи мувофиқро ишғол намудан зарур буд, то ба душман имконият дода нашавад, ки бе монеа ба ноҳияи Столярово ақибнишинӣ кунад.
Командири полки 375 – уми тирандозӣ иҷрои ин амалиётро ба взводи тирандози лейтенант Бобровский супурд. 10 июли соли 1944 ба ротае, ки взводи Бобровский ба ҳайати он дохил буд, фармон шуд, ки дар баландӣ разведка гузаронад. Фашистон дар нишебиҳои баландӣ мина хобонда атрофашро симхор кашида буданд.
Взвод ба ҷанг даромад ва душманро аз баландӣ зада дур кард. Чӯтак Ӯразов яке аз авалинҳо шуда симхорро рахна зада, дар яке аз хандақҳои душман бо гитлерчиён дастбагиребон шуда, ду фашистро маҳв намуд.
Ҷанговарони взвод дар ин задухӯрд ду пулемёти душманро ғанимат гирифта, шароит фароҳам оварданд, то аскарони пиёдагарди шуравӣ ба пеш ҳаракат кунанд. Онҳо фашистони ақибнишинӣ кардаистодаро таъқиб намуда, ба хати дуюми мудофиаи гитлерчиён баромаданд.
Пас аз рахнаи хати мудофиаи душман, ҷанговарони Аҳмадгалин, ки пас аз сахт захмдор шудани Бобровский фармондеҳии взводро бар дӯш гирифта буд, ба дастаи калони немисҳо, ки қариб 50 нафар буданд, дар набард шуданд. Дар ин корзор қисми зиёди душман торумор ва 18 нафар асир гирифта шуд. Чӯтак Ӯразов 9 фашистро нобуд карда, 1 нафарашро асир гирифта шуд.
Тирандози ротаи 1 – уми тирандози полки 375 – уми тирандози дивизияи 219 – уми тирандози армияи 3 – юми ҳамлавари фронти Прибалтика Чӯтак Ӯразов 19 июли соли 1944 супориши ҷангӣ гирифт. Ӯ дар ҳайати дастаи 11 - нафара таҳти фармондеҳии сержанти калон Х. Р. Ахметгалин ба ақибгоҳи душман зада даромад. Онҳо дар назди шаҳраки Рунден, наздикии шаҳри Лудзаи Латвия дар муҳосира ғалтиданд. Задухӯрд шадид шуд. Даста дар баландии муҳими тактикӣ бо аломати «144,0» - и деҳаи Сунуплава мавқеъ гирифта буд…
Қувваҳои нави советӣ даррасиданд. Онҳо сарбозони ҳалокшударо дар набардгоҳ ба хок супурданд. Корнамоии ин гурӯҳ аввалин бор аз мақолаи маршали Иттифоқи Советӣ А. И. Еременко «Ба пеш, ба халиҷи Рига!», ба ҳамагон маълум гашт, ки он дар яке аз газетаҳои ҳарбӣ чоп шуда буд.
Дар ин набард аскарони шуҷоъ ҳуҷумҳои пайдарпайи фашистонро зада гардонда, зиёда аз 200 нафарашро маҳв намуданд ва нақшаи ақибнишинии немисҳоро дар ин қитъа барбод доданд.
НАБАРД ВА БАЪДИ НАБАРД
Баъди ин муҳориба взвод супориши нав гирифт, ки роҳи ақиб гаштани душманро назорат барад. Дар сафҳои гитлерчиён воҳима андохта, ба онҳо имконият надиҳанд, то дар Рунден мустаҳкам ҷойгир шаванд. Аз тирпарронии пуршиддати сарбозони шуравӣ фашистон дар воҳима афтоданд. Баъд ба худ омада, ба баландие, ки аскарони сурх мавқеъ гирифта буданд, ҳуҷум оварданд.
Взводи Аҳмадгалинро қувваи чандин баробар зиёди душман дар иҳота гирифт. Ёздаҳ нафар сарбози шуҷоъ як шабонарӯз қаҳрамонона ҷангида баландиро устувор нигоҳ дошт. Дар ин задухӯрди сахт аскарон пайи ҳам аз саф мебаромаданд. Аҳмадгалини захмбардошта ҳамоно взводашро фармондеҳӣ мекард. Вақте ки тири дуюми душман командири далерро аз пой ғалтонд, сержант Пётр Сироежкин фармондеҳии взводро ба зимма гирифт.
Захираи норинҷакҳо ва тирҳои сарбозони ғаюр торафт кам мемонд. Чӯтак Ӯразов, ки аз ҳар ду пояш маҷруҳ гашта буд, пулемёташро ба шервони (чердаки) ҳезумхонаи бинои наздик кашола карда баровард. Зери тораки бомро ба амбразура (истеҳкоми тирандози) табдил дод.
Вақте ки фашистон наздик омаданд, пулемёти Чӯтак Ӯразов ба кор даромад. Пулемёт бехато гитлерчиёнро мечид, вале сарбози Ватан боз тир хӯрд. Вай ба хун оғушта шуда бошад ҳам, ҳамоно меҷангид. Душманон ҳезумхонаро оташ заданд. Чутак метавонист наҷот ёбад, вале зӯрманд марги пуразобро аз асирии нанговар авло донист.
Қаҳрамонии ӯ ба ҳамсилоҳони зиндамондааш неру бахшид. Диловарон то тири охирин ҷангиданд. Баъди тамом шудани тир ба ҷанги дастбагиребон даромаданд. Дар ин маврид қувваҳои асосӣ расида омаданд. Душман шикаст хӯрда ақиб нишаст. Аз корзор сержанти калон Василий Андронови сахт ярадоршударо дарёфтанд. Маҳз Василий дар бораи корнамоиҳо ва марги ҳамдастаҳояш нақл кард.
Взводи Аҳмадгалин зиёда аз 200 нафар аскару афсарони фашистиро маҳв намуда буд. Ин даста қариби ду шабонарӯз роҳу баландии муҳимро муҳофизат ва пешравии қисмҳои Армияи Сурхро таъмин намуд.
Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 24 марти соли 1945 ба ҳамаи диловарони ин набард, сержанти калон Ҳакимён Аҳмадгалин (бошқирд), сержанти калон Василий Андронов (рус), сержант Пётр Сироежкин (рус), сержанти хурд Матвей Чернов (чуваш), сарбоз Фёдор Ашмаров (чуваш), сарбоз Чӯтак Ӯразов (ӯзбек), сарбоз Туқубой Тайғараев (қирғиз), сарбоз Ӯрунбой Абдуллоев (ӯзбек), сарбоз Михаил Шкураков (рус), сарбоз Тешабой Қарабоев (ӯзбек) (пас аз марг) унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Мавзеи қаҳрамонӣ бо унвони «Баландии ёздаҳ нафар» дар таърих сабт гашта.
Пас аз Ғалаба бар Германияи фашистӣ маълум гашт, ки дастаи 11 нафара 3 нафар зинда будааст. Василий Андронови беҳушро санитарҳои қисми дигар аз зери хок дарёфтаанд. Ӯрунбой Абдуллоеви сахт захмбардоштаро немисҳо асир мегиранд. Сарбози диловар бар ҳаёт мемонад ва танҳо бо гузашти 16 сол унвони қаҳрамониро ба ҷанговари матин месупоранд.
Аз ин миён, Тешабой Қарабоев дар дақиқаҳои мушкили ҷанг тарсида, шабона ба немисҳо таслим шуда будааст. 28 июни соли 1952 Фармони Президиуми Совети Олии СССР дар бораи додани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ «бо сабаби пешниҳоди беасос» нисбати ба ӯ беэътибор карда мешавад.
Умар АЛӢ