Нигина Бобоқулова:
Телефонӣ дар тамос шуда, вақту макони вохӯриро дақиқ намудем. Баробари ба ҷойи даркорӣ расидан, бонуи нуронӣ ва бо табассуми зебандаеро дидам. Он ҳаяҷонеро, ки вуҷудамро қабл аз вохӯрӣ фаро гирифта буд, дар худ фурӯ бурдам. Чун нияти суҳбат кардан бо фарзанди шахсиятеро доштам, ки номаш шуҳраи олам гардида, бидуни ҳаяҷон буда наметавонист. Вале ҳалимиву меҳрубонӣ ва хушсуханияш маро осуд.
Муколама бо Нигинабону, фарзанди ҳунарпешаи оламшумул, Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов, ки 24 майи соли равон аз даргузашти операсарои маъруф 32 сол пур мешавад, наздики ду соат ҷараён гирифт.
Даъват
- Аз рӯйи нақли падарам, зодгоҳашон вилояти Бухоро мебошад. Дар ноҳияи Ғиждувон ба камол расидаанд. Бо даъвати аллома Бобоҷон Ғафуров бобоям Бобоқул Файзуллоев-сарояндаи забардасти сурудҳои «Шашмақом», ҳамроҳи Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва як гурӯҳи мақомхонон ба Тоҷикистон омада, муқимӣ мешаванд.
Падар дар хонавода яккафарзанд буданд. Замони аз Бухоро омадан, аллакай оиладор буда, се фарзанд доштанд. Вақте бобоям дар садои қиблагоҳам нозукии махсусеро эҳсос менамоянд, тавсия медиҳанд, ки ба Консерваторияи Москва ба номи П. И. Чайковский ба таҳсил биравад. Дар аввал, бо сабаби дур шудан аз оилаву фарзандон розӣ намешаванд. Бобоям саробонии оилаву фарзандони падарамро ба зиммаи худ гирифта, барояшон дуои сафар медиҳанд.
Ҳамчун донишҷӯйи аълохони Консерватория стипендияи ленинӣ мегирифтанд. Пас аз хатм ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияташонро дар шаҳри дилорои Душанбе идома медиҳанд. Бештар сирри олами созу овозро аз падари ҳунарварашон омӯхтаанд.
Меҳмондӯстдор
- Аз хурдсолӣ хотираҳои зиёд дар ёд дорам. Бо аҳли адабу санъат бузург шудаам. Устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Зиёдулло Шаҳидӣ, Камол Айнӣ, Шарофиддин Сайфиддинов меҳмонҳои доимии падарам буданд. Падарам як роял (сози мусиқӣ) доштанд. Дар як кунҷи пешайвони барҳаво гузошта шуда буд. То поси шаб бо ҳам шеъру сурудхонӣ мекарданд. Фазои хонадонамон фарҳангӣ буд. Ба маъракаву симпозиумҳои байналмилалӣ низ баъзан якҷоя сафар мекарданд.
Падар меҳмондӯстдор буданд. Наримонакаву Раҳмонака, ки мо онҳоро бо ин тарз садо мекардем, аз дӯстони даврони мактабхониашон маҳсуб меёфтанд. То замони дар қайди ҳаёт буданашон, ба хонаи якдигар равуо доштанд. Наримонака директори мактаб-интернати Ғиждувон ва Раҳмонака ҳамчун кабобпази машҳур мақоми воло доштанд. Падар сихкабобро бағоят дӯст медоштанд. То ҳол бо фарзандони онҳо робита дорем.
Дӯсти дигаре ҳам доштанд бо номи Мулло. Ҳамчун омӯзгор дар яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент фаъолият мебурданд. Аммо дӯстдори санъату мусиқӣ буданд. Ҳар доим ба хонаамон меомаданд. Дар хориҷ аз кишвар низ дӯстони зиёд доштанд. Замони сафар ба Ёқутистон бо оилае паймони дӯстӣ баста буданд. Баробари омадани онҳо дар хонадонамон базму тараб гардон мешуд. Суруд мехонданду мерақсиданд.
Заҳматпеша
- Ҳавлии калон доштем. Дар замини наздиҳавлигӣ сабзавоту маҳсулоти полизӣ мекоштем. Боғи калоне ҳам бунёд ёфта буд, ки дарахтони мевадиҳандаи гуногун дошт. Падар худашон дар замин кор мекарданд. Меваву сабзавот ва маҳсулоти полизиро ҳеҷ гоҳ аз бозор намехаридем.
Ёд дорам, дар вақти киштукор ҳашар мекарданд. Аммо сабзавоту полизиҳоро худашон мекоштанд. Баъди заҳмат дар боғи назди ҳавлӣ ба фароғат мерафтанд. Бо дарахтон, ба мисли фарзандонашон, бо меҳрубонӣ суҳбат мекарданд. Фарзандонро низ ба заҳмат кашидан талқин менамуданд. Модарам низ дар ин мавридҳо ҳамеша ҳамроҳи падар буданд.
Шикаст
- Модарам мактаби олӣ нахондаанд, вале дӯзандаи моҳир буданду зани бениҳоят зираку доно ва дурандеш. Оқибати ҳама корро пеш аз вуқуяш меандешиданд. Падарамро эҳтироми шоиста мекарданд. Ҳар хостаи падарро қабул доштанд. Қиблагоҳам низ фикру дархости модарамро ба дида мебардоштанд. Барои дар амал татбиқ намудани хоҳишҳояш мекӯшиданд. Ду ғунчаи як гулро мемонданд.
Дар тамоми ҳолат ва маврид ғизои падар омода буд. Ҳатто, агар соати 12 – и шаб ҳам падарам меҳмон меоварданд, дастархони модарам густурда буду хӯрок муҳайё. Модарам низ ба мисли падарам меҳмондӯстдор буданд. Бо вуҷуди меҳмондории зиёд, ба тарбияи фарзандону анҷоми корҳои хона вақт меёфтанд. Тамоми нозу нузи падарамро мебардоштанд. Қиблагоҳам низ модарамро бениҳоят зиёд дӯст медоштанд.
Риштаи умри модарам бармаҳал канда шуд. Ҳанӯз 11 сол доштам, ки аз модар ятим мондам. Зиндагӣ барои қиблагоҳам душвор шуд. Чаҳор нафар кӯдаки хурдсол бар зиммаи падар бор шуд. Ба ғам тоб оварда натавонистанду гирифтори бемории қалб шуданд, ки оқибат ӯро аз пой афтонд.
Унвонгирӣ ва ҳунарнамоии охирин
- Раиси Шурои Вазирони Иттиҳоди Шуравӣ Алексей Косигин соли 1971 бо намояндагони ҳукумати марказӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ падарам ду консерти калон медиҳанд, аммо хоҳиш мешавад, ки дар консерти навбатӣ низ ба саҳна барояд. Косигин, ки дар паҳлуи вазири вақти фарҳанг Меҳрубон Назаров нишаста буд, аз ӯ кадом унвон доштани падарамро мепурсад. Вазир мегӯяд, ки Аҳмад Бобоқулов хатмкардаи Консерваторияи Москва асту Ҳунарманди хизматнишондодаи ҷумҳурӣ…
Косигин, ки дар ду консерти қаблӣ сурудхонии падарамро дида буд, мегӯяд: «Ӯро ҳамчун Артисти халқии СССР муаррифӣ намоянд». Баъд аз ин гуна муаррифӣ падар дар ҳайрат мемонанд. Ана ба ҳамин тарз ин унвони баландро мушарраф гардидаанд.
То дами маргашон ҳушу ёдашон ба кор банд буд. Дар баробари ҳунарманди Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ будан, ҳамзамон, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва радиову телевизион низ фаъолият мекарданд.
Бо вуҷуди беморӣ, рӯзҳои охири ҳаёташонро дар саҳна сипарӣ намуданд. Ду маротиба сактаи дил гирифта буданд. Табибон дигар иҷозати ҳунарнамоӣ карданро надоданд. Вале ҳамоно сурудан мехостанд. Дар яке аз консертҳо, ки дар Кохи Борбад доир шуд, бо шогирдонашон Бурҳон Муҳаммадқулов ва Асадулло Атовуллоев ба саҳна боло шуда, сурудхонӣ намуданд. Баъди чанд ҳафта гирифтори сактаи қалб шуда, 24 майи соли 1990 дунёро падруд гуфтанд.
Хотираҳо
- Аз хотирам намеравад, вақте бемор шудам, болои сарам то саҳар нишаста об медоданд. Он вақт модарам дар қайди ҳаёт набуданд. Ман, ки фарзанди хурдӣ будам, ҳамеша дар бораи ояндаам фикр мекарданд.
Ҳамаи шароитро муҳайё сохта, доим таъкид доштанд, ки вақти бештарамонро ба илмомӯзӣ сарф намоем. Аммо ҳеҷ гоҳ имкон намедоданд, ки чун фарзанди шахсияти шинохта худамонро аз дигарон боло гирем. Мисли ҳама будем, либоспӯшиву рафтору гуфторамон одӣ, бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба дарс мерафтем. Гоҳ - гоҳ бо мошини худашон ба дарс мебурданд. Агар дар роҳ нафареро медиданд, ки бидуни чатр зери борон истодааст, савори мошин намуда, то ҷойи зарурӣ мерасонданд.
Азбаски ҳавлиамон калон буд, пайваста таъкид мекарданд, ки ба корҳои модар ёрӣ расонед. Дар хонаамон хидматгор надоштем. Яке хонаро рӯбучин мекарду дигарӣ фарш мешуст. Ҳамин тарз, корҳои хона барои ҳар кадомамон тақсим шуда буд.
Нишастро зиёд дӯст медоштанд. Зодрӯзҳои ҳар кадом аз аҳли хонаводаро бо сурудхонӣ мегузаронданд. Фарзандону набераҳо гирд меомадему бо дутор ва ё роялашон оҳанг навохта, сурудхонӣ мекардем. Зери замзамаи падар ҳама ба рақс медаромаданд.
Ҳар гоҳ, ки хумори падар мегирад, сари гӯрашон рафта, роз мекушоям. Ифтихормандам, ки фарзанди чунин инсони шарифу барумандам.
P.S.:
Нигина Бобоқулова фарзанди хурдии сарояндаи маъруф Аҳмад Бобоқулов соҳиби маълумоти олӣ буда, солиёни зиёд дар Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва мақомоти гумрук ифои вазифа доштанд. Алҳол нафақахӯр, соҳиби 4 фарзанду 5 набера мебошанд.
Шаҳдрези РАҲМОН