05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧОЙКАҲАК – МАЛҲАМИ ДИЛ ВА ФИШОРИ ХУН

 

chaykahak1Рустании бисёрсола буда, дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон мерӯяд. Решаи борик дорад ва аввали баҳор, вақте ки замин бедору нарм мешавад, то 30–50 сантиметр қад мекашад.

Сохти баргаш ҷилодор, нимдоира ва ҳамвор буда, гирдогирди баргҳояш сабз аст. Он аз моддаҳои хлорофил сер буда, миёнаҷойи баргҳояш нисбатан сабзи паст аст. Бо лотинӣ «Hipericum perforatum» мегӯянд. Чойкаҳаки сӯрохдор ба оилаи чойкаҳакгулон мансуб аст.

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ чанд намуди чойкаҳак маълуму машҳур аст, ки дар байни онҳо чойкаҳаки одӣ мавқеи хос дорад. Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ин гиёҳро барои рафъи фишори хун, бемориҳои пӯст ва шамолхӯрӣ тавсия додааст. Ӯ аз ин гиёҳ қиём тайёр карда, барои пешгирию табобати касалиҳои гуногун истифода бурдааст.

Набототшиноси рус С. Ивченко дар тадқиқоти илмиаш хосияти шифобахшии чойкаҳакро баён доштааст. Дар Россия қувваи табобатии ин гиёҳро асрҳо боз медонистаанд.

Дар таркиби гул, баргу пояи чойкаҳак витамини С, провитамин, каротин ва чанде дигар моддаҳои шифобахш мавҷуд мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар байни мардум ин ҳикмат маълум гашт: «Чойкаҳак ба наваду нуҳ касал дармон аст».

Кӯфтаи ин гиёҳи шифобахшро ба ҷойи захм, варам, зарбхӯрда бимолед, нафъ дорад. Онро барои касалиҳои ҷигар ва амрози занона низ истифода мебаранд. Моддаҳои шифобахши гиёҳ дар появу шохчаҳо ва равғанаш зиёданд.

Мувофиқи тадқиқоти олими соҳаи набототшиносӣ С. Ивченко, мутахассисони Украина дар таркиби чойкаҳак «глионин» ном моддаро дарёфт намудаанд, ки барои табобати бемориҳои пӯст ва ҷойҳои сӯхтаи бадан бағоят муфид аст.

Дар шароити Тоҷикистон ҷамъоварии ин гиёҳ аз моҳи июн – июл ва дар кӯҳҳои баланд бошад, дар моҳи август оғоз меёбад. Ҳангоми ҷамъоварии чойкаҳак бояд дарозии шохчаҳояш на кам аз 15 – 20 см бошад. Шоху бандчаҳои гиёҳро дар ҳавои софу кушод ва соя хушкондан ба мақсад мувофиқ аст.

Чойкаҳакро на танҳо дар илми тиб, балки барои омода намудани рангҳои гуногун низ истифода мебаранд. Чойкаҳак то ба охир аз ҷиҳати фармакологӣ ҳамаҷониба таҳқиқ нагаштааст. Таҳқиқу омӯзиш ва ҷиҳатҳои дигари ояндадори судбахшу шифоии он мувофиқи мақсад мебуд. Ниҳолҳои ҷавони ин растании шифобахшро дар маҳалҳои кӯҳию аҳолинишин муҳофизат бояд кард.

Бобохон Бобораҷабов,
Гулистон Мирзоева

:.  Аз ҳар боб 16.05.2022 09:54 506

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz