Санаи 12 майи соли ҷорӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мешавад, таҳти унвони «Масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конференсия муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигорахон Ғафурзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдураҳим Холиқзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Наимзода, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдураҳим Холиқзода аз ҳаёти рӯзмарра ва оиладорӣ ба ҳозирин мисолҳои ҷолиби диққат оварда, ҷавондухтаронро барои ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодан ва оила барпо кардан панду насиҳатҳо намуда, иброз дошт, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Кодекси оила мақоми занро дар ташкили зиндагии оилавӣ ба қадри арзанда муайян ва эътироф кардаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан гуфтанд, ки “такяи асосии ман ба бонувон аст”. Яъне давлат занҳову бонувони тоҷикро эътироф мекунад, дини ислом мақоми занҳоро ба дараҷаи баланд бардоштааст