05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЗ МЕХАНИК - РОНАНДАИ МОШИНИ ЁРИРАСОНИ ТИББӢ ТО МАЛИКАИ АНГЛИЯ

 

2020-09-16T111137Z 449814166_RC2NZI9KMR1A_RTRMADP_3_BARBADOS-QUEEN-pic905-895x505-41900

Маликаи Англия Елизаветаи 2 аз соли 1952,  тӯли 70 сол инҷониб ба тахт нишастааст ва  шахсияти хеле маъруфу шинохта гардидааст. Њукмронии Елизаветаи 2 дар Британияи Кабир тӯлонитарин дар таърихи шоҳони ин кишвар мањсуб меёбад.

Маликаи ояндаи Британияи Кабир 21 апрели соли 1926 аз шоҳзода Алберт ва Елизаветта Боуз-Лайон ба дунё омадааст. Падараш писари шоҳ Георги V буд. Соли 1936 вақте шоҳ аз олам гузашт, тоҷи шоҳӣ насиби писари калонии ӯ Эдуарди VIII (амаки Елизавета) шуд, вале вай ҳамагӣ чанд моҳ ҳукмронӣ намуд. Тибқи қонунҳои мамлакат вай мебоист бо бонуе баробар ба мансубияти худ ва аз хонаводаи асилзодагон издивоҷ мекард. Вале вай бо зани шавҳардидаи берун аз хонаводаи  шоҳон иртибот гирифт. Зан, ки ду маротиба шавҳар дида буд, ҳукуматдоронро хашин сохт ва аз вай дархостанд, ки аз тахт даст кашад. Вай воқеан тоҷи шоҳиро як сӯ гузошту ба ҷойи ӯ бародараш Георги VI бар тахт нишаст. 

Ин рӯйдод Елизаветаи даҳсоларо ба валиаҳди калонтарин ва пурқудраттарин империяи олам табдил дод. Агар Георг соҳиби писар мебуд, ӯ метавонист валиаҳд бошад. Вале чунин нашуд ва Елизавета аз хурдсолӣ чун ҷавонтарин намояндаи сулолаи шоҳӣ, ки эҳтимол ҳам дорад оянда ҳокими ин кишвари бузург шавад, дар маркази диққат буд. 

Вориси тоҷу тахт

Елизаветаи 2 ҳамроҳи волидонаш дар Кенсингтон мезист. Ва яке аз шуғлҳои асосии вай дар наврасиву ҷавонӣ аспсавориву аспдавонӣ буд. Ва тӯли солҳои ҷавонӣ малика ба ҳамин шуғлаш содиқ монд. Дар баробари ин духтарро аз хурдӣ ба омӯзиши илм ҷалб карданд ва ӯ тавонист тамоми илмҳои барояш муҳимро аз худ намояд. Барои сулолаи шоҳ соҳиби маълумот будан ва донистани кулли илмҳои муҳим зарур ва ҳатмӣ буд. Елизавета бештар аз фанҳои дигар ба илмҳои гуманитарӣ, аз қабили диншиносӣ, ҳуқуқ, санъат майл кард. Вай ногаҳон ба омӯзиши забони фаронсавӣ таваҷҷуҳи бештар намуд ва ин аз ҷониби муаллимонаш истиқболи гарм ёфт.   

Баъди се соли валиаҳди Британия эълон шудани Елизавета Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз шуд. Ҳарчанд дар ин амр тасмимҳои асосӣ аз ҷониби ҳукумат ва парлумон гирифта мешуд, вале оилаи шоҳ рамзи якпорчагии миллат дар пасманзараи афзоиши таҳдидҳои миллигароёнаи Олмон буд. Ва Елизаветаи 2 аз овони кӯдакиву наврасӣ ба хатарҳо ва таассуроте рӯ ба рӯ шуд, ки барои олами тифлии ӯ бегона буданд. Ва ин мушкилотро вай мебоист якҷо бо ҳама ҳамсолонаш пушти сар мекард, бо онҳо мебуд.

Ва маликаи ояндаи Британияи Кабир дар ҳамин гуна фазои барои синну солаш ғуборолуд ба воя расид, ба истилоҳе қабл аз муҳлат камол ёфт. Соли 1943 вай бори аввал ба назди неруҳои мусаллаҳ рафт, бо сарбозон мулоқот намуд. Чанд моҳ пештар аз шикасти пурраи Олмони фашистӣ Елизавета ба сафи артиш шомил шуд ва механик-ронандаи мошини ёрирасони тиббӣ дар отряди занонаи муҳофизатӣ буд. Шоҳдухтар тӯли хизмат рутбаи ҳарбии лейтенантро соҳиб шуд ва ҳоло, ки вай шоҳи Британия аст, ҳамон рутбаи ҳарбияш ҳифз шудааст. Ин ба он маъност, ки Елизавета охирин ширкаткунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар олам аст, ки  ба нафақаи ҳарбӣ нарафтааст. 

Арӯсӣ бо Филипп 

Соли 1947 тӯйи арӯсии Елизавета бо  Филипп Маунтбеттен баргузор шуд. Филипп набераи шоҳи Юнон Георги I ва узви хонаводаи шоҳ аз насли маликаи Британия Виктория буд. Онҳо ҳанӯз аз овони тифлӣ, аввали солҳои 30 бо ҳам шинос шуда буданд. Баъди издивоҷ Филипп рутбаи фахрии гертсоги Эденбургро соҳиб гашт. Аз зиндагии якҷоя Филипп ва Елизавета соҳиби чор фарзанд шуданд: Чарлз, Анна, Эндрю ва Эдуард. Онҳо ҳоло соҳиби зану фарзанд ва наберагонанд. Чарлз чун фарзанди бузурги хонадон аз соли 1952 валиаҳди Британия эълон шуд.

Тоҷгузорӣ 

Малика Елизаветаи 2 дар шароити ғайримаъмулӣ ба тахти шоҳӣ нишаст. Соли 1952 ҳамроҳ бо шавҳараш барои истироҳат ба Кения сафар карданд. Маҳз дар ҳамин кишвари афсонавӣ Елизавета хабари марги падараш Георги V-ро, ки кишварро муддати  шонздаҳ соли охир сарварӣ мекард, шунид. Хабари фавти ногаҳонии падар ва шоҳи қудратмандтарин кишвари олам ӯро такон дод. Чанд моҳ лозим шуд, ки маросими тоҷгузориро барпо кунанд, чун марги шоҳ ногаҳонӣ буд ва касе аз қабл ба ин маросим омодагӣ надида буд. Он замон ӯ ҳамагӣ 25 сол дошт ва сари тахти кишваре чун Британияи Кабир омадани духтари биступанҷсола таваҷҷуҳи кулли оламиёнро ба худ ҷалб кард. Ва бори аввал дар ин маросим камераҳои наворбардорӣ, ки барои оламиён ин рӯйдодро намоиш медоданд, истифода шуданд.

Солҳои аввали ҳокимият

Маликаи Британия Елизаветаи 2 дар ҷавонӣ хеле сафарҳо кардааст ва ҳамин одатро дар солҳои аввали ба тахт нишастанаш тарк нанамудааст. Ва дар аввалин рӯзҳои қабули тахту тоҷи Британия малика ба кишварҳое сафар кард, ки аз ҷумлаи мустамликаҳои кишвараш буданд. Аммо солҳои 50 ва 60 раванди истиқлолият бахшидан ба ине кишварҳо оғоз гардид. Талошҳои инқилобӣ бештар дар қитъаи Африқо дида мешуд. Ғайр аз ин, бори аввал маликаи Британия аз Австралия ва Зеландияи Нав дидан намуд.

Ҳамзамон бо ин малика аз корҳои дохили кишвар ҳам ғофил набуд, пайваста бо аъзои ҳукумат, парлумон мулоқот мекард, роҳҳои ҳалли ҳар мушкилро меҷуст. Дар буҳрони сиёсии соли 1957 сарвазир Энтони Иден ба истеъфо рафт ва дар як муҳлати кӯтоҳ ба малика лозим омад умури ҳокимиятро ба даст гирад. Дар қадамҳои аввал Елизаветта бо Уинстон Черчилли машҳур маслиҳату машварат мекард. Ва баъди маслиҳату машварат бо шахсиятҳои сиёсӣ ба қароре омад, ки номзадии Гаролд Макмилланро пешниҳод кунад ва номзадии ӯ пазируфта шуд. Вай 65-умин сарвазири Британияи Кабир шуд, ки солҳои 1957-1964 кишварро идора кард.

Елизавета ва Маргарет Тэтчер

Замоне, ки малика дар мавриди ҷанги ёдшуда тасмиме нагирифт ва дар стратегия ва тактика тағйироте ворид накард, ин масъулияти бузург бар дӯши бонуи дигари сиёсати Британия - Маргарет Тэтчер уфтод. Тэтчер он замон, аниқтараш солҳои 1981-1990 сарвазири Британия аз ҳизби консерваторҳо буд. Аз он ки иродаи қавӣ ва шахси дар сиёсату иқтисод таъсиргузор буд, барояш лақаби «зани оҳанӣ» доданд. Ин ду бонуи ҳоким иртиботҳои хеле наздике бо ҳам доштанд ва малика дар ҳама тасмимҳо ва барномаҳо сарвазирро ҳимоя мекард. Тибқи анъана сарвари ҳукумат ҳафтае як маротиба бо ширкати малика вохӯрии корӣ доир мекард. Аммо бо вуҷуди иртиботҳои наздик ва мададҳои ҳамдигарӣ сари чанд вақт дар матбот оид ба зиддият байни малика Елизаветтаи 2 ва сарвазири Британия Маргарит Тэтчер интишор меёфт. Вале ҳарду ин гуна иттиҳомотро бепоя медонистанд. Аммо солҳои 80 ҷомеаи Британия вазъи мушкилро пушти сар кард, ки ба чанд ислоҳоти иқтисодии Тэтчер иртибот дошт. Малика аз ин ҳам ҳимоя мекард ва бо ин васила гумонњо атрофи мавҷуд будани ихтилофотро барҳам мезад. Зеро медонист, ки бе ин ислоҳот амалан пешрафти кишвар номумкин аст. 

Ҷашни алмосии ҳукмронӣ

Соли 2012 малика шастсолагии сари тахт омадани худро ҷашн гирифт. Хабар ва расмҳои ин чорабинии тантанавор дар сархати беҳтарин нашрияҳои олам қарор гирифт. Баъди малика Виктория Елизаветта дуюмин касе буд, ки барояш муяссар гашт дурудароз ҳокимият кунад. Нуқтаи олии ҷашнвора сафороии чандсад киштӣ дар Темзаи Лондон (дарё дар ҷануби Британияи Кабир) буд. Ва ин калонтарин чорабинии обӣ дар таърихи Британия дониста мешавад. 4 июн дар кохи Букингем барномаи бузурги мусиқӣ доир шуд, ки дар он машҳуртарин сарояндагони британиёӣ ба мисли Пол Маккартни, Элтон Ҷон шахсан маликаро табрик карданд. Соле пеш аз ин ҳодисаи дигари хурсандибахш дар таърихи хонаводаи шоҳи Британия буд. Набераи калонии малика, валиаҳд Уилям издивоҷ кард. Ҳамсари ӯ  Кэтрин Миддлтон соли 2013 сеюмин абераро ба маликаи Британия туҳфа кард.

ElizavettaИмрӯзи малика 

Сарнавишти малика Елизаветаи 2 дар Британияи Кабир саршор аз рӯйдодҳост ва аз сол ба соли дигар бо вуҷуди солмандиву заъфи ҷисмонӣ вай талош мекунад таъсири мушоҳидашаванда дар ҳаёти мамлакаташ дошта бошад. Соле як маротиба дар парлумон суханронӣ мекунад. Ҳамчунин пайваста бо сафирони кишварҳои хориҷии муқими Британия мулоқот анҷом медиҳад. Солҳои пеш сафарҳои зиёди хориҷӣ анҷом медод, вале бо гузашти умр сафарҳо кам шуд. Аммо бо вуҷуди ин, соли 2011 малика ба Ирландия сафар кард ва инро як сафари таърихӣ меноманд. Британияи Кабир ва ҳамсояи ғарбии он садсолаҳо бо ҳам зиддият доштанд ва ин ихтилофҳо дар таърих борҳо муҷиби ҷангу хунрезиҳои шадид шудааст. Дар асри ХХ муборизаи истиқлолхоҳии ирландиҳо, аз ҷумла Ирландияи Шимолӣ шакли террористӣ ба худ гирифт. Ва Елизаветаи 2 шоҳиди ин ҳама бедодиҳо буду ҳаст. Вале тадриҷан Британия ин буҳронро  пушти сар кард ва бо Дублин муносибатҳои дӯстона барқарор намуд.

Тӯли солҳои ҳукмронӣ малика Елизавета шеваи хоси бархӯрд бо ихтилофҳои хориҷии кишварашро дошт ва пайваста мекӯшид худро ҳамеша аз ин гуна ихтилофот дур гирад, камтар ба сиёсат печад. Вай ҳатто аз бархӯрдҳо миёни аҳзоб худро дур мегирифт. Ва ҳамин боис мешуд, ки дар вазъи буҳронӣ дар парлумон ва ҳукумат чун шоҳ қарори қатъӣ содир кунад ва ҳам ихтилоф ва ҳам буҳронҳо ба осонӣ роҳи ҳал пайдо намояд. Ин гуна ҳодисаҳо дар таърихи Британия солҳои 1957 ва 1963 рух дода буданд. Дар ҳарду ҳолат ҳам сарвазирон ба истеъфо рафтаву ҳизбҳо натавониста буданд ҷойнишини сазоворро муаррифӣ кунанд. Он вақт малика худ раиси парлумонро интихоб кард. Ва ҳар бор ин гуна тасмимҳо боис мешуданд, ки вазъ дар  Даунинг-стрит ба эътидол ояд.

Дар Британияи Кабир аз хурд то бузург дар бораи гузашта ва имрӯзи Елизаветаи 2 медонанд ва ҳеч саҳфаи пӯшида дар ҳаёти шахсӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ надорад. Ва муҳаббати хоси мардумро низ сазовор аст. Ӯро ҳоло ҳам дӯст медоранд ва касе намегӯяд, ки замони шоҳӣ кайҳо рафта. Британияи Кабир, ки як қудрати иқтисодиву ҳарбии олам аст ва давлат аз ҷониби ҳукумат ва парлумон идора мешавад, вале эҳтиёҷ ба шоҳ доштанашро инкор намекунад. Шоҳе чун Елизаветаи дурандеш метавонад дар ҳолатҳои буҳронӣ умури мамлакатро ба даст гирад, вале на ки салтанат кунад, балки бо риояи ҳама бахшҳои қонуни асосӣ баъди ҳалли буҳрон умури идориро дубора ба сарвазир супорад.

Бунафшаи Абдурањим

:.  Аз ҳар боб 26.04.2022 11:25 636

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz