05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАМРОЗИ ХОНАНДА

 

Hamrohi-honanda1Оҳиста-оҳиста сӯи мактаб қадам мезанад. То омадани хонандаҳо гармӣ, тозагӣ ва равшании синфхонаҳоро аз назар мегузаронад. Бо хотири ҷамъ вориди ҳуҷраи кориаш мешавад. Пас аз чанде овози бачаҳо як – як ба гӯш мерасад. «Баракат дар кори саҳар аст», - суханони волидон ҳамеша дар гӯшаш садо медиҳанд. Аз овони хурдӣ ҳанӯз чашми рӯз накафида, модар ҳама фарзандонро аз хоб мехезонд, ин хислати модар то кунун дар рӯзгори ӯ ҳамсафар аст.

Зулфия Бобоева соли 1971 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, аз соли 1993 ба омӯзгорӣ шуғл меварзад. Аз соли 2017 директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст.

Роҳбарӣ вазифаи масъулиятнок ва бас душвор аст. Роҳбар бояд сабри зиёд, маҳорати муоширати баланд бо одамони калонсол, волидон, кӯдакон ва коргаронро дошта бошад. Зеро дар ҳайати омӯзгорон муаллимони калонсоли ботаҷриба ва ҷавонони навкор зиёданд. Директор шахсест, ки бо ҳама забон ёбад, мушкилоти муаллимон, хонандагон ва мактабро бинад ва онро ҳал намояд.

- Таълим додан бароям хушоянд аст. Гоҳо ба чашмони кӯдакон нигариста, самимият, дӯстдорӣ ва покизагиро дар қалби онҳо мебинам. Ин бароям неру мебахшад. Омӯзгорон назди хонандагон масъулияти бузург доранд ва ҷиҳати соҳибилм гардондани якояки онҳо муваззафанд. Муаллим мактабро дар назари хонанда бояд тавре инъикос намояд, ки ӯ ҳар субҳ бо хурсандӣ сӯи дабистон шитобад, - иброз медорад Зулфия Бобоева.

Hamrohi-honanda2Дар муассиса 60 нафар устоди ботаҷриба ба 1456 хонанда дарс мегӯяд. Иштироки хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ назаррас аст. Соли гузашта ҷойи дуюмро аз фанни физика дар ҷумҳурӣ Илҳомҷони Илҳом ба даст оварда буд. Имсол 4 нафар хонанда ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

- Дар мактаб ҳар рӯзи шанбе рӯзи дарҳои кушод роҳандозӣ шудааст. Падару модарон дар дарсҳои фарзандон иштирок мекунанд, фаъолияти омӯзгор, дониши фарзандашонро мебинанд. Муносибати муаллимон бо волидон хуб ҷараён дорад. Барои машғул нашудани хонандагон ба корҳои беҳуда, омӯзгорони мактаб бо навбат ба нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ мераванд, то хонандагонро аз ин роҳ боз доранд. Дар муассиса 2 нафар хонандаи душвортарбия дорем, ки дар Маркази наврасони ноҳияи Фирдавсӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон, омӯзгорон бо онҳо зиёдтар кор мебаранд. Хушбахтона, рафтори онҳо тағйир ёфту ба дарсҳо сари вақт ҳозир мешаванд, дар корҳои ободонии мактаб фаъолона иштирок мекунанд, - мегӯяд З. Бобоева.

Зулфия Бобоева иқрор меояд, ки дар гимназияву литсейҳо дар як синфхона то 22 нафар, вале дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 35–40 нафар дар як синф мехонад, табиист, ки муаллим дар муддати 45 дақиқа наметавонад дониши ҳамаи хонандагонро санҷад.

Мактаби мазкур соли 1970 ҳамчун муассисаи таълимии томактабӣ пешбинӣ шуда, баъдан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва таҳсил то синфи 9-ум фаъолияташро идома дод. Хушбахтона, сохтмони мактаби наву замонавии дуошёна рафта истодааст. Ҳамагон хушҳоланд, ки пас аз чанде ба бинои нав мекӯчанд. Ва ин муассисаи калонтарин дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳисоб хоҳад рафт.

Омӯзгор дар баробари таълим додан, дар ташаккули шахсияти кӯдакон саҳм мегирад, ки ин масъулияти баландро талаб мекунад. Чуноне ки Плутарх мегӯяд: «Ақл зарфе нест, ки пур карда шавад, балки машъалест, ки афрӯхта шавад».

- Мо дар баробари дониш ба хонандагон фарҳанги муошират, рафтору кирдор, эҳсоси муҳаббат нисбат ба Ватан – Модарро мепарварем. Пешаи муаллим дар байни наслҳои минбаъд низ идома меёбад. Вале на ҳама майл, истеъдоди омӯзгори воқеӣ буданро дорад, зеро бо кӯдак фаъолият бурдан кори саҳл нест, - мегӯяд Зулфиябону.

Зулфия Бобоева роҳбари кордон, миёни ҳайати омӯзгорон ва хонандагон муҳаббати хосеро соҳиб гардидааст. Барои ҳалли мушкилие бо омӯзгорони ботаҷриба маслиҳату машварат намуда, дар роҳи ҳалли он мекӯшад.

Дар ин баробар, вай бо шавҳари меҳрубонаш се фарзандро тарбият намуда, соҳибмаълумот гардондаанд. Имрӯз натиҷаи заҳматҳои волидон самараи нек оварда, ки ҳар яке аз фарзандон дар самти интихобкардаи пеша муваффақанд. Ӯро метавон модари ғамгусор, роҳбари кордон, хушдомани меҳрубон, бибии хушкалом номид. Ҳамзамон, ӯ ҳамсоядории хубе дорад. Вақтро сарфа намуда мекӯшад, то дар хурсандиву ғами ҳамсояҳо шарик ва аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар бошад.

Азиза Қурбонова

:.  Аз ҳар боб 19.04.2022 03:50 536

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz