Хайринисо Мавлонова зодаи деҳаи Диловарони деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом аст. Соли 1982 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. 26 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад. Дар мактабҳои гуногун дарс додааст. Алҳол омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи касбии саноати кишоварзии Конибодом мебошад.
Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли 2020 дар номинаи хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойи якум, соли 2021 дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз рӯи номинаи эҷоди назму наср ҷойи дуюмро касб кард.
Ӯ яке аз беҳтарин омӯзгорони Конибодом аст. Ҳамзамон, бо рӯзномаи шаҳрӣ ҳамкорӣ дорад. Таронаву ҳикоя ва лавҳаҳои ҷолибаш мунтазам дар рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ба табъ мерасанд. Китоби нахустинашро бо номи «Шукрона» таҳия кардааст.
Баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»- ро беҳтарин иқдом меҳисобад ва шогирдонашро низ талқин месозад, ки бештар китоб хонанд ва дар ин сабқати дониш ширкат варзанд. Чанд намуна аз эҷоди Хайринисоро барои хонандагони «Бонувони Тоҷикистон» пешкаш менамоем.
Ҷӯра ЮСУФӢ
ДАСТИ МОДАР
Модар. Вақте ки кӯдак будам, маро аз рӯйи даст намегузоштӣ, зеро намехостӣ, ки заррае озор бинам. Боре, дар кӯдакӣ, дурӯғ гуфтам, модар бо ангушти ишоратӣ таҳдид кард:
–Агар як бори дигар гапи дурӯғ гӯӣ, забонатро…
Дигар аз гапи дурӯғ ҳазар кардам.
Чӣ қудрате доранд дастонат, модар.
Агар аз хатое бар замин афтам, дастгирам дастони ту буд.
Агар ба сарам беморӣ ояд, дастони ту аз гиребони он мегирифт.
Агар гурусна монам, дастонат дар гармову сармо ризқ меҷуст.
Рӯзе бо ҳамон дастонат мактуб навиштӣ: «Духтарам, биё, туро хеле пазмон шудам».
Ман ҳам туро ёд карда будам, гӯё парида рафтам. «Ана аммаҷонат омад», – гӯён дар даст набераат ба истиқболам баромадӣ.
Оҳ, модар! Дирӯз бо ҳамин дастонат маро мебардоштӣ, имрӯз набераатро. Чӣ қудрате доранд дастонат, модар!
МАРАВ АЗ МАН!
Баҳор. Дар боғ парандаҳо базм ороста, суруд мехонданд, баргони шохаҳо дар мақоми суруд мерақсиданд. Офтоб базми онҳоро метафсонд.
Аз дарахте, ки парандаҳо чуғур-чуғур доштанд, мурғи хушхоне ба шохаи дигаре нишаст. Суруди худро давом дод, ки тараннуми рӯзи офтобӣ буд.
Шоха суруди мурғи хушхонро шунида, қариб ба рақс медаромад, лекин андешид, ки мабодо нороҳат шавад.
Паранда ба шохаи дигар нишаст. Ҳамоно суруд мехонд. Шохае, ки аз он парид, дергоҳ алвонҷ хӯрд ва гӯё сар ҷунбонда мегуфт: «Марав аз ман! Марав аз ман!…».
ОФТОБ
Рӯзи офтобӣ буд. Осмон софу беғубор. Дар шохаҳои дарахтони лаби ҷӯй парандагон нағмасароӣ карда, ҳар яке ба таври худ аз рӯзи неки офтобӣ, аз осмони соф, аз ризқу рӯзии фаровонашон шукр мегуфтанд.
Як даста кӯдакон дар назди ҷӯйча ҷастухез мекарданд. Гурӯҳе аз рег лонаи фароштурук месохт ва қисми дигар бозии рустшавакон дошт.
Офтоб ҳам аз шодию бозии кӯдакон ба шавқ омада, ҳамроҳи онҳо рустшаваконбозӣ мекард: гоҳ зери абре пинҳон мешуд, гоҳ дар паси дарахтон ва гоҳ паси хонае. Кӯдакон ӯро ҷустуҷӯ карда меёфтанд. Боз онҳо механдиданд, боз Офтоб механдид.
Абре, ки ин бозии шавқовари кӯдакон ва Офтобро аз паси кӯҳсорон назора мекард, аз рашк гуфт:
– Эй Офтоб! Ин қадар аз худ нарав, ман ҳам аз ту камӣ надорам. То ман ба сари сабзаҳо об нарезам, онҳо намесабзанд.
– Хеле хуб, – тасдиқ кард Офтоб.
Ҳамин дам абр чодари сиёҳи худро ба рӯйи Офтоб пӯшид, ҳама ҷо торик шуд. Кӯдакон аз бозӣ кардану парандаҳо аз сурудан бозистоданд. Не - не, мо Офтобро дидан мехоҳем. Офтоб, баро, ба деҳаи мо биё!
Офтоб садои кӯдаконро шунида, хост рух намояд.
– Ту акнун дар зери чодари ман мемонӣ, – гуфт абр.
Офтоб хандид, чунон аз таҳти дил хандид, ки абр сабр аз даст дод ва аз рашк об шуда рехт.
Боз Офтоб аз зери чодари абр баромад, аз тиреза кӯдаконро хонд, боз парандаҳо ба шохсорон омаданд. Кӯдакон суруди шодӣ мехонданд.
Бигзор, осмони мо ҳаргиз тира набошад, бигзор ҳамеша хуршеди тобон нур пошад!
ШИКАСТАН ОСОН,ШИНОНДАН МУШКИЛ
Чаҳор дарахт даврон дошт. Рӯзҳои гарм роҳгузарон зери сояи онҳо роҳат мебурданд.
Чашми ҳариси марде ба он дарахтон уфтод. Рӯзи дигар ба бехи дарахтон табар зад. Дарахтон аз ғазаб ларзиданд.
– Эй беинсоф! Моро накуш! Мо зистан мехоҳем.
– Дар зимистон барои ман ҳезум даркор, – ғурид мард.
Дарахти охирин нолаи ҷонхароше бароварда, ба замин уфтод. Мард шохаву навдаи онро шикаст, танаи дарахтро арра карду ба аробааш партофт. Ӯ рафту пас аз худ чор кунда боқӣ гузошт.
Рӯзҳо ноаён мегузаштанд. Боз баҳор омад, боз ҳаво гарм шуд. Як рӯзи тобистон аз ғояти гармӣ аз замин ҳавр мебаромад, ягон паранда пар намезад.
Гузори ҳамон мард аз ҳамин роҳ афтод.
–Оҳ, ташна мондам, гарм шудам. Ақаллан ягон дарахт нест, ки кас дар сояаш дам гирад, – гуфт ӯ ва ногаҳ кирдори худ ба ёдаш омад.
Афсӯс хӯрд, аммо пушаймонӣ суд надошту дар гармӣ месӯхт.
ДУ НАФАР
Дар кӯча ду нафар мерафт. Яке асобадаст, дигаре дасти момо ба даст. Момо ба асо ва кӯдак ба момо такя дошт. Онҳо роҳи санглох мепаймуданд. Ногоҳ пойи набера ба санге бархӯрд. Момо дилсӯзона гуфт:
– Умедҷон, дасти маро сахт дор, мабодо наафтӣ?
Онҳо оҳиста-оҳиста мерафтанд. Пойи момо ба санге бархӯрд. Умедҷон дасти моморо сахт дошта гуфт:
–Момоҷон, дасти маро сахт доред, боз наафтед?
Ман, ки аз қафо меомадам, ба худ андешидам: «Табиат чӣ аҷаб муъҷизакор аст, гоҳ аз кӯдак момо менозаду гоҳ аз момо кӯдак».
Хайринисо МАВЛОНОВА,
шаҳри Конибодом